Вакцина против COVID-19 Pfizer-Biontech

СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст

236
(Таҷдидшуда 17:09 23.01.2021)
Қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки ба Созмони милали муттаҳид барои дарёфти ваксина алайҳи коронавирус дархост ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Роҳбари СҶБ Тедрос Гребесесус аз имзо шудани шартнома дар мавриди хариди 40 миллион вояи ваксинаи PFizer-BioNTech’s хабар додааст.

Ба таъкиди ӯ, феълан барои интиқоли маҳсулоти AstraZeneca/Oxford созиш ба даст омадааст.

Раҳбари СҶБ мегӯяд, ин кор имкон медиҳад, ки дар доираи механизми COVAX то охири сол дар саросари ҷаҳон ду миллиард ваксина, аз ҷумла 1,3 миллиард ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ камдаромад тақсим карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки механизми COVAX, ин ташаббуси беназир барои истеҳсол ва хариди мутамаркази ваксинаҳо бар зидди COVID-19 мебошад.

Тибқи он, ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон якҷоя кор бурда, ҳам ба кишварҳои сарватманд ва ҳам ба кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ камдаромад ваксина тақсим карда мешавад.

Қирғизистон бо Русия барои воридоти ваксина алайҳи коронавирус гуфтушунид мекунад

Дақиқ шудааст, ки 150 миллион дозаи дигари ваксинаи таҷрибавии AstraZeneca/Oxford дар семоҳаи аввали соли равон дастрас хоҳад шуд. Феълан СҶБ барои тасдиқи ин дору барои истифода кор бурда истодааст.

Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон низ дар доираи ташаббуси COVAX барои 2 миллион воя ваксина аз коронавирус дархост пешниҳод кардааст.

236
Барчаспҳо:
СММ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (967)

Ҷопон "Спутник V " - ро ваксинаи муассиртарин алайҳи коронавирус номид

137
(Таҷдидшуда 14:20 24.02.2021)
Мутахассисони Ҷопон якбора намуди ваксинаро мавриди омӯзиш қарор дода, муассиртаринҳояшро муайян намуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Таҳлилгари ҷопонӣ Казухико Фудзи ваксинаҳои сершумори коронавирусро, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат мекунанд, муқоиса кард. Мақолаи коршинос дар портали Yahoo News Japan нашр шудааст.

Номбурда, ваксинаҳои беҳтаринро номбар кард, ки миёни онҳо ваксинаи сохти Русия "Спутник V " ҳам ҷой дорад.

Фудзи самаранокии ваксинаи Русияро қайд кард ва аз Ҷопон даъват намуд, ки дар эмгузаронии оммавӣ аз ин намуд ваксина истифода намоянд.

Зимнан, нашри мақолаи Фудзе миёни корбарон баҳси гармеро ба бор овард. Онҳо фаъолона мақолаи ӯро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои шахсии худро дар бораи ин ё он ваксина иброз доштанд. Маълумот дар бораи "Спутник V" бисёр корбаронро ба худ ҷалб кард.

Аз ҷумла, яке аз онҳо таъкид кард, ки Русия бо буҷаи начандон калон тавонист доруи таъсирбахшро омода кунад.

Ваксинаи сеюми Русия "КовиВак" сабти ном шуд

"Русия бо вуҷуди маҳдуд будани буҷа натиҷаҳои беҳтарин ба даст овард" - гуфт яке аз онҳо.

Илова бар ин, баъзе аз корбарон таҷрибаи Русияро дар истеҳсол кардани маводи доруворӣ ишора карданд. Ба ақидаи онҳо, ҳатто дар давраи Ҷанги Сард, Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар соҳаи ҷанги бактериявӣ таҳқиқоти фаъол анҷом додаанд.

"Яке аз вазифаҳои муҳимтарини таҳқиқот таҳияи ваксина барои ҳимояи сарбозонаш мебошад. Аз ин рӯ, Русия дар ин соҳа донишҳои бой дорад", - илова кард корбар.

Зимнан, аксари корбарон аз кишварҳоро даъват карданд, ки бадгумониро канор гузоранд ва бо далелҳои илмӣ ҳидоят кунанд, зеро 92 фисади самараноки ваксинаи Русия собит шудааст.

Ёдовар мешавем, ки "Спутник V " - и Русия нахустин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус шуд. Акнун ин доруро на танҳо дар Федератсияи Русия, балки сокинони кишварҳои дигар низ метавонанд аз он истифода кунанд.

137
Барчаспҳо:
Русия, Ҷопон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (967)

Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, кай пандемияи коронавирус анҷом меёбад

851
(Таҷдидшуда 10:33 24.02.2021)
Феълан дар ҷаҳон теъдоди дармандони коронаиврус ба 111 миллион нафар баробар аст, ки аз ин миён 2,5 миллион бемор ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Роҳбари дафтари минтақавии Аврупо оид ба Созмони ҷаҳони беҳдошт, Ҳанс Клюге ба РИА Новости гуфтааст, ки кай пандемияи коронавирус анҷом меёбад.

"Пандемияи коронавирус авоили соли 2022 хотима меёбад",- изҳор доштааст Клюге.

Ба таъкиди ӯ, вирус минбаъд аз байн намеравад, танҳо зарурати идома додани маҳдудиятҳо намемонад.

Зимнан, Клюге таъкид кардааст, ки ин танҳо пешгӯӣ аст ва ҳоло ҳеҷ кас намедонад, ки вазъияти минбаъда чӣ гуна рушд хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаҳон теъдоди маризони коронавирус ба 111 миллион нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 2,5 миллион бемор фавтиданд.

Олимон ҷаҳонро боз бо вируси Нипаҳ метарсонанд: аз коронавирус гӯё мудҳиштар аст

Дар Тоҷикистон беш аз як моҳ ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон ба коронаиврус сабт нагардидааст. Қаблан вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарии ниҳодаш таъкид намуд, Тоҷикистон бар коронаиврус пирӯз омад.

851
Барчаспҳо:
анҷом, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (967)
День 26 февраля нац

Истеҳсоли "Волксваген" ва шомил шуданиТоҷикистон ба САҲА: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:47 25.02.2021)
Рӯзи бисту шашуми феврал, Рӯзи байналмилалии фориғболӣ мебошад. Дар ин рӯз раҳбари ансамбли фолклории "Помир", фалаксарои маъруф Соҳиба Давлатшоева ба дунё омадааст

Рӯзи 26 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1936 дар Олмон нахустин автомобили "халқӣ"- "Волксваген" истеҳсол карда шуд.

Соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба  тамошо гузошта шуд.

Рӯзи 26 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.

Соли 1992 Тоҷикистон ба САҲА ҳамроҳ шуд.

Соли 2010 дар Душанбе маросими ботантанаи мукофотонидани барандагони стипендияи ба номи Дмитрий Менделеев баргузор гардид.

Соли 2014 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ карда шуд

Соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистону Нидерландия муҳокима карда шуданд.

Соли 2016 дар Ню-Йорк ташаббуси Тоҷикистон дар масъалаи рӯзномаи ҷаҳонии оби тоза муҳокима карда шуд.

Соли 2009 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 22 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Консепсияи пешрафти инноватсионии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Соли 2016 Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи марҳум генерал-майор Рустам Амакиев, собиқ фармондеҳи Воҳиди таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кард.

Ҷашнҳои рӯзи 26 феврал

  • Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.

Рӯзи 26 феврал кӣ ба дунё омадааст

Меҳрӣ Абдуллоева (1931) – раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Карим Абдулов (1939-2011) – доктори илми таърих, профессор, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Зебо Давлатшоева (1969) – рассом.

Соҳиба Давлатшоева (1970)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Наргиси Карим (1975)- шоира.

Усмон Раҷабов (1950)- меъмор.

Раиса Савина (1925) – доктори илми тиб, профессор.

Нозим Сафаров (1939) – доктори илми таърих.

Ҷамшеди Саъдулло (1961)- публисист.

Абдувадуд Файзиев (1942)- актёри театр.

Аҳмад Юсуфов (1928 – 1987) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон