Министр здравоохранения Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода

Абдуллозода аз беморхонаи Шаҳринав дидан карда, ба масъулон супориш дод

93
(Таҷдидшуда 19:38 28.01.2021)
Аснои боздид, Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ба масъулини беморхона супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ аз беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав озими ин минтақа шуд, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаи номбурда вазири тандурустӣ баҳри бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарият ва кормандони беморхона дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вазири тоҷик: табибони кишвар аз имтиҳони бузург дар самти пешгирӣ аз COVID-19 гузаштанд

Гуфта мешавад, шӯъбаи наҷоти беморхонаи мазкур аз таъмир бароварда шуда, корҳои ободонии назди бинои муассиса ҳамоно идома дорад.

Аснои боздид ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои таъмирию тармимӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулини беморхона вазифаҳои мушаххас дод.

Манбаъ меафзояд, Абдуллозода, бо як қатор беморон ва наздикони онҳо гуфтугӯи озод анҷом дода, доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

93
Барчаспҳо:
Ҷамолиддин Абдуллоев, Шаҳринав
Люди в медицинских масках на автобусной астановке в Душанбе

Вазорати тандурустӣ: вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил аст

19
(Таҷдидшуда 10:02 04.03.2021)
Тибқи таҳлилҳои ситоди вазорат тандурустӣ, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил мебошад

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ахиран вазорати тандурустии кишвар эълон доштааст, новобаста аз он, ки аз 10 январи соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи  нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҳамарӯза дар ду марҳила, субҳ ва шом барои таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа ба тариқи онлайн доир мегардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ дар ин ҷаласа вазир, муовинони вазир,  сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд.

Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаҳои ситоди вазорат пеш аз ҳама масъалаҳои гардоишҳои хонагӣ, назорати шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, вазъи нигоҳубини занони ҳомила, иммунизатсиякунонӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Махсусан, зимни ҷаласаҳои ситоди вазорат роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, вазъи саломатии шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшуда ба роҳбарияти вазорат ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Тавре аз таҳлилҳои ҷаласаҳои ситоди вазорат бармеояд, хушбахтона, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар муътадил мебошад.

19
Барчаспҳо:
муътадил, вазъ, тандурустӣ, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон
Министр здравоохранения Таджикистана посетил больных

Беморхонаҳои Душанбе чӣ ҳол доранд? Абдуллозода шабона ба аёдати беморон рафт

205
(Таҷдидшуда 19:10 03.03.2021)
Раҳбаритяи Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабона ба як қатор бемористонҳои шаҳри Душанбе рафта, бо вазъи кори муассисаҳо ошно шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода шаби 1 марти соли равон ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанб рафта, беморонро аёдат намуданд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ҷумла Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба Маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Душанбе рафта, бо фаъолияти шабонаи онҳо  шинос шудаву бо беморон суҳбат кардаанд.

Аснои мулоқот бо беморон роҳбарияти вазорат иброз доштанд, ки Ҳукумати кишвар, ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, айни замон ҷиҳати  расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам овардааст.

Манбаъ таъкид мекунад, ки маҳз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини солимии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифтааст ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Боздиди Абдуллозода аз маркази саломатие, ки Ӯзбекистон дар Қубодиён месозад

Тибқи иттилои вазорат, ҳадаф аз гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти вазорат, пеш аз ҳама шиносоии бевосита бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аёдати беморон ва гуфтугӯи озод бо онҳо, таҳлилу баррасии вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

205
Барчаспҳо:
Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазорати тандурустии ҶТ, вазир, Душанбе, Тоҷикистон
Площадь Сомони в Душанбе

Обуҳавошиносон: дар кишвар боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

0
(Таҷдидшуда 10:07 04.03.2021)
Обуҳавошиносони Тоҷикистон хабар доданд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоиҷикистон, имрӯз пойтахти кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши сусти борон дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона  4+6  ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо бориши сусти борон пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук  то 2 дараҷа гарм ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят асосан ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 12-17 ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок ва тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона  0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
борон, абрнок, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон