Таблетки, архивное фото

Норасоии ин витамин боиси марг аз коронавирус мегардад

650
(Таҷдидшуда 14:08 29.01.2021)
Олимон витаминеро кашф карданд, ки норасоии он дар бадани инсон метавонад боиси марг аз коронавирус гардад

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Олимони Нидерландия ва Белгия витаминеро кашф карданд, ки норасоии он дар ҳолатҳои бемории коронавирус марговар аст.

Тибқи таҳқиқоти онҳо, норасоии витамини К метавонад мушкилотро дар COVID-19 барангезад.

Набудани ин модда ба ҳуҷайраҳои деворҳои рагҳо таъсир мерасонад, ки ин боиси пайдоиши лахташавӣ хун мегардад. Тавре маълум аст, лахташавии хун рагро мебандад ва марги ногаҳониро бармеангезад.

Ба гуфтаи олимон, витамини К лахташавии муқаррарии хунро тазмин мекунад, кори гурдаро беҳтар месозад, бофтаҳои устухонро ба вуҷуд меорад ва кори рагҳои хунро дастгирӣ мекунад, аз ҷумла нахҳои эластикии онҳоро аз нобудшавӣ муҳофизат мекунад.

Пайдо шудани коронавирус дар бадан фавран ба рагҳо таъсир мерасонад. Деворҳои онҳо, ба гуфтаи мутахассисон, нарм шудан мегиранд ва ҳуҷайраҳои масуниятро ба бофтаҳо барои мубориза бо сироят мегузаронанд.

Дар замони пандемия аз кадом ғизоҳо бояд парҳез кард - тавсияи пизишк

Коронавирус шиддатҳои фишорро ба вуҷуд меорад, ки рагҳои хунро ба кори бештар дучор мекунанд.

Витамини К дар истеҳсоли сафедаи муҳим MGP, ки захираҳои он зуд тамом мешаванд, саҳм мегузорад.

Олимон қайд карданд, ки одамони гирифтори бемориҳо, аз қабили диабет, гипертония, бемориҳои дилу раг ва фарбеҳӣ зери хатар мебошанд.

Дар пандемия кадом доруҳоро бояд захира кард: тавсияи пизишк

Барои афзоиши миқдори витамини К дар бадан мутахассисон тавсия медиҳанд, ки бештар сабзавот, маҳсулоти гӯштӣ, равған, шир ва панирҳои чарбдорро истеъмол кунанд.

650
Барчаспҳо:
сабзавот, табобат, вируси корона

Ҷопон "Спутник V " - ро ваксинаи муассиртарин алайҳи коронавирус номид

131
(Таҷдидшуда 14:20 24.02.2021)
Мутахассисони Ҷопон якбора намуди ваксинаро мавриди омӯзиш қарор дода, муассиртаринҳояшро муайян намуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Таҳлилгари ҷопонӣ Казухико Фудзи ваксинаҳои сершумори коронавирусро, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат мекунанд, муқоиса кард. Мақолаи коршинос дар портали Yahoo News Japan нашр шудааст.

Номбурда, ваксинаҳои беҳтаринро номбар кард, ки миёни онҳо ваксинаи сохти Русия "Спутник V " ҳам ҷой дорад.

Фудзи самаранокии ваксинаи Русияро қайд кард ва аз Ҷопон даъват намуд, ки дар эмгузаронии оммавӣ аз ин намуд ваксина истифода намоянд.

Зимнан, нашри мақолаи Фудзе миёни корбарон баҳси гармеро ба бор овард. Онҳо фаъолона мақолаи ӯро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои шахсии худро дар бораи ин ё он ваксина иброз доштанд. Маълумот дар бораи "Спутник V" бисёр корбаронро ба худ ҷалб кард.

Аз ҷумла, яке аз онҳо таъкид кард, ки Русия бо буҷаи начандон калон тавонист доруи таъсирбахшро омода кунад.

Ваксинаи сеюми Русия "КовиВак" сабти ном шуд

"Русия бо вуҷуди маҳдуд будани буҷа натиҷаҳои беҳтарин ба даст овард" - гуфт яке аз онҳо.

Илова бар ин, баъзе аз корбарон таҷрибаи Русияро дар истеҳсол кардани маводи доруворӣ ишора карданд. Ба ақидаи онҳо, ҳатто дар давраи Ҷанги Сард, Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар соҳаи ҷанги бактериявӣ таҳқиқоти фаъол анҷом додаанд.

"Яке аз вазифаҳои муҳимтарини таҳқиқот таҳияи ваксина барои ҳимояи сарбозонаш мебошад. Аз ин рӯ, Русия дар ин соҳа донишҳои бой дорад", - илова кард корбар.

Зимнан, аксари корбарон аз кишварҳоро даъват карданд, ки бадгумониро канор гузоранд ва бо далелҳои илмӣ ҳидоят кунанд, зеро 92 фисади самараноки ваксинаи Русия собит шудааст.

Ёдовар мешавем, ки "Спутник V " - и Русия нахустин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус шуд. Акнун ин доруро на танҳо дар Федератсияи Русия, балки сокинони кишварҳои дигар низ метавонанд аз он истифода кунанд.

131
Барчаспҳо:
Русия, Ҷопон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, кай пандемияи коронавирус анҷом меёбад

821
(Таҷдидшуда 10:33 24.02.2021)
Феълан дар ҷаҳон теъдоди дармандони коронаиврус ба 111 миллион нафар баробар аст, ки аз ин миён 2,5 миллион бемор ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Роҳбари дафтари минтақавии Аврупо оид ба Созмони ҷаҳони беҳдошт, Ҳанс Клюге ба РИА Новости гуфтааст, ки кай пандемияи коронавирус анҷом меёбад.

"Пандемияи коронавирус авоили соли 2022 хотима меёбад",- изҳор доштааст Клюге.

Ба таъкиди ӯ, вирус минбаъд аз байн намеравад, танҳо зарурати идома додани маҳдудиятҳо намемонад.

Зимнан, Клюге таъкид кардааст, ки ин танҳо пешгӯӣ аст ва ҳоло ҳеҷ кас намедонад, ки вазъияти минбаъда чӣ гуна рушд хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаҳон теъдоди маризони коронавирус ба 111 миллион нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 2,5 миллион бемор фавтиданд.

Олимон ҷаҳонро боз бо вируси Нипаҳ метарсонанд: аз коронавирус гӯё мудҳиштар аст

Дар Тоҷикистон беш аз як моҳ ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон ба коронаиврус сабт нагардидааст. Қаблан вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарии ниҳодаш таъкид намуд, Тоҷикистон бар коронаиврус пирӯз омад.

821
Барчаспҳо:
анҷом, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сабти боз як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон

18
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза бо шиддати 4,1 балл ба қайд гирифта шуд, ки субҳи имрӯз рух дод

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Дар Тоҷикистон субҳи барвақт заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Ларзиш соати 07: 11-и вақти Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.

Қувваи заминҷунбӣ 4,1 баллро ташкил дод, он дар умқи 151 километр рӯй додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи заминларзаи навбатӣ ҳоло шарҳ надодааст.

Ҳамзамон дар бораи хисорот ва ё талафот хабаре нест.

Инчунин маълум аст, ки қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон эҳсос нашудааст, масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ 497 километрро ташкил додааст.

35 километр дуртар аз Мурғоб: тафсилоти заминларзаи шоми дирӯз дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин заминларзае нест, ки дар давоми ин моҳ аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар моҳи феврал тақрибан 10 чунин ларзиш рух дод.

18