ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Сардухтури шӯъбаи гериатории ( соҳаи назорат ва табобати пиронсонлон) Вазорати тандурустии Русия Олга Ткачева гуфт, ки чигуна метавон умрро ба 10-14 сол метавон дароз кард.
Ба гуфтаи мутахассиси соҳа, нақши асосиро дар ин ҷо тарзи зиндагии одам мебозад. Каме камтар экология, генетика ва дагар махсусиятҳо таъсир мерасонанд.
Ткачева таъкид кард, ки умрро метавон бо даст кашидан аз одатҳои бад, ба монанди арақнӯшиву сигоркашӣ дароз кард.
Афзун бар ин, бояд истеъмоли хӯрокро ҳамарӯза ба танзим даровард, бо варзиш машғул шуд ва фишори худро назорат кард.
"Агар қисмати тарзи солими ҳаёти шумо ҳамон қадар зиёд бошад, натиҷааш ҳамон қадар самараноктар мешавад", - гуфтааст гериатр ба NEWS.ru.
Коршинос таъкид кардааст, ки тарзи ҳаёташонро одамон ҳатто пас аз 90-солагӣ низ тағйир дода метавонанд. Ба гуфтаи вай, нафароне, ки дар пиронсолӣ ба варзиш машғул шуданро оғоз мекунанд, номзад ба умрдарозӣ мебошанд.
Пештар пизишки бритонӣ Тим Лебенс 5 роҳи дароз кардани умрро нишон дода буд. Ба онҳо даст кашидан аз шакар, истеъмоли на зиёдтар аз 1 қошуқча намак дар як рӯз дохил мешуданданд. Ҳамчунин пизишк аз нафъи истеъмоли сабзавот ва намудҳои гуногуни нахӯд гуфта буд. Дар ҳамин ҳол дар як рӯз бояд то 2 литр об нӯшид ва хӯроки зиёд нахӯрд.
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Олимони Иёлоти Муттаҳида маҳсулотеро номбар карданд, ки истифодаи он дар хӯроки ҳамарӯза ба кам кардани хавфи марг то чоряк мусоидат мекунад, менависад Express.
Ҳамин тавр, мутахассисони Ассотсиатсияи қалби амрикоӣ чунин хосиятҳои ғайриоддиро дар қаламфури чили пайдо карданд. Ин сабзавот метавонад хатари мурдан аз бемориҳои дил ва саратонро коҳиш диҳад.
Барои тасдиқи ин далел, олимон таҳқиқоти васеъ анҷом доданд, ки дар ҷараёни он маълумот дар бораи саломатии беш аз 570 ҳазор нафарро санҷиданд.
Ҳангоми таҳлил коршиносон хусусияти аҷиберо муайян карданд: онҳое, ки дар хӯроки ҳамарӯзаи қаламфур истеъмол мекунанд, хавфи марг дар онҳо аз патологияи дилу рагҳо 26% ва аз саратон - 23% коҳиш меёбад.
Тибқи гуфтаи олимон, ин хусусияти сабзаҷотро бо мавҷудияти моддае бо номи капсатсин шарҳ додан мумкин аст. Он як қатор таъсири судманд дорад.
Капсатсин дорои хосиятҳои зидди илтиҳобӣ, антиоксидант ва зидди саратон мебошад. Ғайр аз он, он сатҳи глюкозаи хунро танзим мекунад.
Қаблан, олимон дар бораи хосиятҳои судманди чормағз барои занони аз 50-сола боло маълумот доштанд. Онҳо сафедаи сабзавот доранд, ки метавонанд ба марги бармаҳал аз бемориҳои дилу раг ва бемории заъиф таъсир расонанд.
Топ - 5 ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медоранд
Ва ғизое, ки хавфи маргро аз сабаби бемории девонагӣ то 20% зиёд мекунад, истеъмоли пайвастаи гӯшти сурх номида мешуд.
Қаблан, олимон дар бораи хосиятҳои судманди чормағз барои занони аз 50-сола боло гуфта буданд.
Чормағз дорои сафедаи растанӣ аст, ки метавонанд марги бармаҳалро аз бемориҳои дилу раг пешгирӣ кунад.
Истеъмоли зиёди гӯшти сурх бошад, хатарнок арзёбӣ мешавад.
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мухолифони ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русия кӯшиш мекунанд, ки эътимод ба онро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳост ва онҳо аз ин метарсанд, - гуфт Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия.
"Фикр мекунам, ки мо на танҳо дар бораи эътирофи байналмилалии ваксини "Спутник V", балки дар бораи пешсафии худ дар ҷаҳон низ сӯҳбат карда метавонем... Мо бояд хоксор, вале ростқавл бошем",-гуфт Дмитриев ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳ бахшида ба таърихи роҳбарии Русия дар вирусология дар маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти таърихии Русия.
Ӯ таъкид кард, ки мо яке аз беҳтарин ваксинаҳо дар ҷаҳонро дорем, ин як корнамоии бузурги олимони рус аст, мо бояд аз он фахр кунем.
Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт
"Бисёре аз душманони Русия кӯшиш карданд, ки эътимод ба Русияро коҳиш диҳанд, аммо мо дарк мекунем, ки онҳо барои коҳиш додани эътимод ба ваксини Русия ин қадар кӯшишҳоро сарф мекунанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва онҳо аз ин метарсанд",-гуфт ӯ.
Маҷаллаи илмии Lancet қаблан натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии "Спутник V" -ро нашр карда, самаранокии баланд ва бехатарии онро қайд карда буд.
Дар давоми марҳилаи III озмоишҳои клиникӣ, "Спутник V" сатҳи баланди самаранокӣ, иммуногенӣ ва бехатариро нишон дод, ки самаранокии он ба 91,6% расид.
Ваксина аз ҳолатҳои вазнини сирояти нави коронавирус муҳофизати пурраро фароҳам меорад.
"Спутник V" барои истифода дар зиёда аз 30 кишвар тасдиқ шудааст.
Эрон: хати тавлиди ваксинаи "Спутник V" дар кишвар эҷод мешавад
Шумораи умумии аҳолии кишварҳое, ки ваксинаи Русия сабти ном шудааст, беш аз 1,1 миллиард нафарро ташкил медиҳад.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи номгузориҳои ҷадид зимни Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ қироат карда шуданд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи собиқ сардори фурудгоҳи мазкур, корманди шоистаи авиатсия ва нақлиёти ҷумҳурӣ, Махсутшоев Дилдорбек гузошта шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошимро дар бораи тағйир додани номи қуллаи Комсомоли Украина ҷонибдорӣ намудааст. Номи нави ин қулла Боми Ҷаҳон мебошад.
Инчунин Ҳукумат қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз дар бораи номгузорӣ намудани мактаби №39-и деҳаи Пастироҳи ноҳияи Дарвоз ба номи Сафаров Сафар ва мактаби № 23 –и деҳаи Жаки ноҳияи Дарвоз ба номи Исломов Садриддинро тасдиқ кардааст.
Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар бораи номгузориҳои ҷадид қарорҳои дахлдорро қабул намудааст.