Скорая помощь в Душанбе

Вазорати тандурустӣ омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

445
(Таҷдидшуда 20:09 29.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, шифо ва марг аз коронавирусро нашр кард

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави КОВД-19 дар Тоҷикистон ҳоло ҳам ба сифр баробар аст.

Тавре манбаъ қайд мекунад, дар шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то имрӯз, 29 январ дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Норасоии ин витамин боиси марг аз коронавирус мегардад

Ёдрас мешавем, 26 январ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии кишварро ба коронавирус эълон кард. Дар ҳамин ҳол, президент таъкид кард, ки мардум бояд ба риояи чораҳои беҳдоштӣ идома диҳанд.

445
Люди в медицинских масках на автобусной астановке в Душанбе

Вазорати тандурустӣ: вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил аст

73
(Таҷдидшуда 12:06 04.03.2021)
Тибқи таҳлилҳои ситоди вазорат тандурустӣ, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар Тоҷикистон муътадил арзёбӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ахиран вазорати тандурустии кишвар эълон кард,  новобаста аз он, ки аз 10 январи соли 2021 дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи  нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, ҷаласаи Ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон доир ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ҳамарӯза дар ду марҳила, субҳ ва шом барои таҳлили вазъи санитарию эпидемиологии кишвар ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа ба тариқи онлайн доир мегардад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ, дар ин ҷаласа вазир, муовинони вазир,  сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок менамоянд.

Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаҳои ситоди вазорат пеш аз ҳама масъалаҳои гардоишҳои хонагӣ, назорати шаҳрвандоне, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мешаванд, вазъи нигоҳубини занони ҳомила, иммунизатсиякунонӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Махсусан, зимни ҷаласаҳои ситоди вазорат роҳбарони КАТС-и шаҳру ноҳияҳои мамлакат доир ба натиҷаи гаштҳои хонагӣ, вазъи саломатии шаҳрвандони аз хориҷи кишвар воридшуда ба роҳбарияти вазорат ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Тавре аз таҳлилҳои ҷаласаҳои ситоди вазорат бармеояд, хушбахтона, айни замон вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар муътадил мебошад.

73
Барчаспҳо:
муътадил, вазъ, тандурустӣ, вазорат, вируси корона, Тоҷикистон
Министр здравоохранения Таджикистана посетил больных

Беморхонаҳои Душанбе чӣ ҳол доранд? Абдуллозода шабона ба аёдати беморон рафт

234
(Таҷдидшуда 19:10 03.03.2021)
Раҳбаритяи Вазорати тандурустии Тоҷикистон шабона ба як қатор бемористонҳои шаҳри Душанбе рафта, бо вазъи кори муассисаҳо ошно шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода шаби 1 марти соли равон ба як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанб рафта, беморонро аёдат намуданд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, аз ҷумла Ҷамолиддин Абдуллозода ба Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов ва муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба Маркази саломатии шаҳрии № 2-и шаҳри Душанбе рафта, бо фаъолияти шабонаи онҳо  шинос шудаву бо беморон суҳбат кардаанд.

Аснои мулоқот бо беморон роҳбарияти вазорат иброз доштанд, ки Ҳукумати кишвар, ба соҳаи тандурустӣ диққати махсус зоҳир намуда, айни замон ҷиҳати  расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам овардааст.

Манбаъ таъкид мекунад, ки маҳз ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини солимии аҳолӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои муҳимро рӯйи кор гирифтааст ва корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Боздиди Абдуллозода аз маркази саломатие, ки Ӯзбекистон дар Қубодиён месозад

Тибқи иттилои вазорат, ҳадаф аз гаштҳои шабона ва рӯзонаи роҳбарияти вазорат, пеш аз ҳама шиносоии бевосита бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, аёдати беморон ва гуфтугӯи озод бо онҳо, таҳлилу баррасии вазъи воқеии муассисаҳои тандурустӣ, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

234
Барчаспҳо:
Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазорати тандурустии ҶТ, вазир, Душанбе, Тоҷикистон
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

333
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

333
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон