Дар Қазоқистон эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID - 19 оғоз мешавад

65
(Таҷдидшуда 19:47 31.01.2021)
То охири сол эм кардани 6 миллион шаҳрванди Қазоқистон дар нақша аст. Барои ин ваксинаҳои сохти русӣ ва қазоқистонӣ истифода мешаванд

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Аз 1 феврал дар Қазоқистон эмгузаронӣ бо ваксинаи "Спутник V" оғоз мешавад, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Эмгузаронӣ дар ин кишвар ихтиёрӣ мебошад. Моҳи феврал бо 112 воя моҳи март 150 ва аз моҳи апрел то моҳи июн 600 воягӣ гузаронида мешавад.

Ҳамчунин аз моҳи апрел эмгузаронӣ бо ваксинаи сохти қазоқистонӣQazCovid-in оғоз мешавад. Ин ваксина аввал 75 ҳазор воягӣ ва пасон 500 воягӣ ҳар моҳ гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар навбати аввал кормандони тиб, омӯзгорон, низомиён ва кормандони пулис эм карда мешаванд. Ҳар кас пеш аз эм кардан аз ташхиси духтур бояд гузарад.

Пизишк се аломати фарқкунандаи зуком аз коронавирусро гуфт

Дар ҷумҳурӣ омодагии нуқтаҳои эмгузаронӣ санҷида шуда, расмиёти стандартӣ тасдиқ карда шуданд, беш аз 2 ҳазор кормандони тиб омӯзонида шудаанд.

Қарор аст, ки то охири сол тақрибан 6 миллион нафар дар Қазоқистон бо эмгузаронӣ фаро гирифта шаванд.

65
Барчаспҳо:
Қазоқистон, эмгузаронӣ, вируси корона
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (968)

Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд

138
(Таҷдидшуда 20:07 26.02.2021)
Таҳиягарони нахустин ваксина мегӯянд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд ва талош доранд бовариро ба он кам кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мухолифони ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русия кӯшиш мекунанд, ки эътимод ба онро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳост ва онҳо аз ин метарсанд, - гуфт Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия.

"Фикр мекунам, ки мо на танҳо дар бораи эътирофи байналмилалии ваксини "Спутник V", балки дар бораи пешсафии худ дар ҷаҳон низ сӯҳбат карда метавонем... Мо бояд хоксор, вале ростқавл бошем",-гуфт Дмитриев ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳ бахшида ба таърихи роҳбарии Русия дар вирусология дар маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти таърихии Русия. 

Ӯ таъкид кард, ки мо яке аз беҳтарин ваксинаҳо дар ҷаҳонро дорем, ин як корнамоии бузурги олимони рус аст, мо бояд аз он фахр кунем.

Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт

"Бисёре аз душманони Русия кӯшиш карданд, ки эътимод ба Русияро коҳиш диҳанд, аммо мо дарк мекунем, ки онҳо барои коҳиш додани эътимод ба ваксини Русия ин қадар кӯшишҳоро сарф мекунанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва онҳо аз ин метарсанд",-гуфт ӯ.

Маҷаллаи илмии Lancet қаблан натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии "Спутник V" -ро нашр карда, самаранокии баланд ва бехатарии онро қайд карда буд.

Дар давоми марҳилаи III озмоишҳои клиникӣ, "Спутник V" сатҳи баланди самаранокӣ, иммуногенӣ ва бехатариро нишон дод, ки самаранокии он ба 91,6%  расид.

Ваксина аз ҳолатҳои вазнини сирояти нави коронавирус муҳофизати пурраро фароҳам меорад.

"Спутник V" барои истифода дар зиёда аз 30 кишвар тасдиқ шудааст.

Эрон: хати тавлиди ваксинаи "Спутник V" дар кишвар эҷод мешавад

Шумораи умумии аҳолии кишварҳое, ки ваксинаи Русия сабти ном шудааст, беш аз 1,1 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

138
Барчаспҳо:
вируси корона, душманон, ваксина, Русия
Очередь в аэропорту города Худжанда

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

963
(Таҷдидшуда 16:12 26.02.2021)
Дар Тоҷикистон як қатор маҳдудиятҳо барои вуруди хориҷиён ба ҷумҳурӣ бекор карда шуданд. Ҳоло шаҳрвандоне, ки ваксинаи коронавирус гирифтаанд, аз ташхиси коронавирус озод карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба хориҷиён иҷозаи вурудро бидуни пешниҳоди ташхиси манфии коронавирусро доданд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ, ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ.

"Танҳо шаҳрвандоне, ки ваксинаи коронавирусро як моҳ пеш аз вуруд гирифтаанд, метавонанд бо ин роҳ ворид шаванд", - таъкид кард вай.

Агар шахс ду-се ҳафта пеш эм карда шуда бошад, бояд ӯ аз озмоиши COVID-19 гузарад.

Барои хориҷиёне, ки аз коронавирус эм карда нашудаанд, қоидаҳои вуруд бетағйир мондаанд.

Воридшавандагон бояд шаҳодатномаи набудани сирояти коронавирусро (COVID-19) бо худ дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат (3 рӯз) пеш аз вуруд ба Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки кӯдакони то сесола ба шаҳодатномаи набудани ковид ниёз надоранд.

Аз аввали моҳи январ то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди нави коронавирус сабт нашудааст.

Инчунин, дар ҷумҳурӣ ягон намунаи "Африқои Ҷанубӣ" ё "Бритониёӣ" -и вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар охири моҳи феврал бояд 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca / Oxford ба Тоҷикистон дар доираи COVAX ворид карда шавад.

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

Пеш аз ҳама, ваксина кормандони тиб, муаллимон, шахсони гирифтори бемориҳои музмин, инчунин синнашон аз 50 боло мегиранд.

963
Барчаспҳо:
маълумот, вуруд, Тоҷикистон

Нишасти изтирории чархболи низомии Русия дар Сурия - видео

0
(Таҷдидшуда 15:31 28.02.2021)
Чархболи нерӯҳои фазонавардии Русия, Ми-35 дар қаламрави Сурия бо сабабҳои техникӣ нишасти изтирорӣ анҷом дод

Нишасти изтиророӣ  ҳангоми посбонӣ дар қаламрави вилояти Ҳасеке рух додааст. Вазорати мудофиаи Русия қайд кард, ки ҳеҷ яке аз халабонҳо ҳангоми фуруди изтирорӣ осеб надидааст.

Ба иттилои Вазорати дифоъ, халабонҳо феълан дар фурудгоҳ ҳастанд.

"Рӯзи 28 феврали соли 2021, ҳангоми парвози нақшавӣ барои посбонӣ кардани қаламрави вилояти Хасеке дар ҷумҳурии Сурия, чархболи Ми-35 бо сабабҳои техникӣ ба таври изтирорӣ фуруд омад", - иттилоъ дод Вазорат. 

Манбаъ бо такя ба гузориши халабонҳо илова намуд, ки чархбол ҳадафи тирпаронӣ қарор нагирифтааст.

Мавридд ба зикр аст, ки чархболи нақлиётии Ми-8АМТШ ва чархболи ҷангии зарбазани Ми-35 дар Хасеке корвони мошинҳои мулкиро аз ҳаво посбонӣ мекунанд, ки дар шоҳроҳи стратегии M4 ҳаракат мекунанд.

Гурӯҳи низомиён дар чархболи Mi-8AMTSh дар масофаи 5-10 километр пеш аз корвони мошинҳо парвоз мекунанд, то минтақаро посбонӣ намоянду аз пайдоиши эҳтимолии ҷангҷӯён дар наздикии масир ҷилавгирӣ кунанд. Чархболи зарбазани Ми-35 корвонро аз қафо аз таъсири техникаи ҳарбии хориҷӣ муҳофизат мекунад.

0
Барчаспҳо:
чархбол, Сурия