ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз, 1 феврал, бо роҳбари тозаинтихоби СҶБ Виктор Олсавски мулоқот кард.
Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, Абдуллозода нахуст Олсавскиро барои ба вазифаи роҳбари СҶБ дар Тоҷикистон интихоб шудан, муборакбод кард.
Зимнан, дар идомаи сӯҳбат вазири тоҷик изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон феълан ягон маризи коронавирус боқӣ намондааст.
"Хушбахтона, аз оғози моҳи январи соли равон то имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи нави бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст", - афзуд Абдулозода.
Қаблан, раҳбари созмони мазкур дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева буд, ки номбурда бинобар гирифтор шудани маризии коронавирус тарки ҷумҳурӣ кард.
Коронавирус дар Тоҷикистон: охирин омори вазорат
Виктор Олсавский 61 сол дорад ва аз соли 1997 намояндаи СҶБ дар Босния ва Ҳерзеговина раҳбарӣ мекунад. Ҳангоми кор дар ин кишвар, ӯ инчунин ба намояндагиҳо дар Того, Ҷумҳурии Молдова ва Ӯзбекистон кумак кардааст.
Дар охири моҳи декабри соли 2020, дар натиҷаи интихоби озмун, ӯ ба ҳайси намоянда дар Тоҷикистон таъин шуд.
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба сирояти коронавирус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қарор қабул намудааст.
Бар асоси қарори ситод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад.
Вазора уҳдадор шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
"Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба ваксина бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд",- омадааст дар қарор.
Вазорати тандурустӣ вазифадор гаштааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад
Ситод инчунин Вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф гардонидааст, ки бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани пайдоиш, паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва моҳияти ваксинатсия вусъат диҳанд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард ва интизор меравад он мои ҷорӣ вориди кишвар шавад.
"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд
Қаблан Чин низ пешниҳоди ваксинаи ройгон карда буд ва ҷониби Тоҷикистон гуфтанд, нахуст онро меомӯзанд.
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Кадом сабзавот воқеан барои кам кардани вазн кӯмак мекунад? Ба ин суол коршиноси рус, парҳезшинос Екатерина Бурляева дар мусоҳиба бо "Российская Газета" посух гуфт.
Вай қайд кард, ки таррак, бодинҷон, бодиринг, помидор ва кабудӣ ба зуд сер шудан мусоидат мекунанд, дар ҳамин ҳол дар таркибашон об ва клетчатка зиёд асту калориянокиашон кам мебошад.
Пизишк огоҳӣ медиҳад, ки танҳо аз ин анвои маҳсулот барои харобшавӣ истифода кардан, комилан ғалат аст.
"Дар асл, ҳамаи маҳсулоте, ки барои харобшавӣ таъин карда мешаванд, кӯмаки зиёд намерасонанд. Танҳо ба онҳо такя кардан, хатост", - қайд кард Бурляева.
Бо хароб шудан ва зарар нарасонидан ба саломатӣ, диетолог маслиҳат додааст, ки дар парҳез тавозуни сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидратҳо риоя шавад.
Мутахассис грейпфрут ва занбурӯғҳоро намунаи дурусти хӯроки парҳезӣ номид: онҳо миқдори ками калория доранд ва агар дуруст онҳоро истифода кунем, метавонем ба натиҷае расем.
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст.
Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд.
Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард.
Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам муттаҳид мекунад.
Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст.
Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.