ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.
Бино ба гузориши ин ниҳод, дар маҷмӯъ то имрӯз дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин теъдод то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфта, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солона ба парлумони кишвар аз пирӯзии кишвар бар вируси корона хабар дод.
Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?
Раисиҷумҳур таъкид кард, лекин ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мухолифони ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русия кӯшиш мекунанд, ки эътимод ба онро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳост ва онҳо аз ин метарсанд, - гуфт Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия.
"Фикр мекунам, ки мо на танҳо дар бораи эътирофи байналмилалии ваксини "Спутник V", балки дар бораи пешсафии худ дар ҷаҳон низ сӯҳбат карда метавонем... Мо бояд хоксор, вале ростқавл бошем",-гуфт Дмитриев ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳ бахшида ба таърихи роҳбарии Русия дар вирусология дар маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти таърихии Русия.
Ӯ таъкид кард, ки мо яке аз беҳтарин ваксинаҳо дар ҷаҳонро дорем, ин як корнамоии бузурги олимони рус аст, мо бояд аз он фахр кунем.
Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт
"Бисёре аз душманони Русия кӯшиш карданд, ки эътимод ба Русияро коҳиш диҳанд, аммо мо дарк мекунем, ки онҳо барои коҳиш додани эътимод ба ваксини Русия ин қадар кӯшишҳоро сарф мекунанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва онҳо аз ин метарсанд",-гуфт ӯ.
Маҷаллаи илмии Lancet қаблан натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии "Спутник V" -ро нашр карда, самаранокии баланд ва бехатарии онро қайд карда буд.
Дар давоми марҳилаи III озмоишҳои клиникӣ, "Спутник V" сатҳи баланди самаранокӣ, иммуногенӣ ва бехатариро нишон дод, ки самаранокии он ба 91,6% расид.
Ваксина аз ҳолатҳои вазнини сирояти нави коронавирус муҳофизати пурраро фароҳам меорад.
"Спутник V" барои истифода дар зиёда аз 30 кишвар тасдиқ шудааст.
Эрон: хати тавлиди ваксинаи "Спутник V" дар кишвар эҷод мешавад
Шумораи умумии аҳолии кишварҳое, ки ваксинаи Русия сабти ном шудааст, беш аз 1,1 миллиард нафарро ташкил медиҳад.
ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба хориҷиён иҷозаи вурудро бидуни пешниҳоди ташхиси манфии коронавирусро доданд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ, ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ.
"Танҳо шаҳрвандоне, ки ваксинаи коронавирусро як моҳ пеш аз вуруд гирифтаанд, метавонанд бо ин роҳ ворид шаванд", - таъкид кард вай.
Агар шахс ду-се ҳафта пеш эм карда шуда бошад, бояд ӯ аз озмоиши COVID-19 гузарад.
Барои хориҷиёне, ки аз коронавирус эм карда нашудаанд, қоидаҳои вуруд бетағйир мондаанд.
Воридшавандагон бояд шаҳодатномаи набудани сирояти коронавирусро (COVID-19) бо худ дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат (3 рӯз) пеш аз вуруд ба Тоҷикистон таҳия карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки кӯдакони то сесола ба шаҳодатномаи набудани ковид ниёз надоранд.
Аз аввали моҳи январ то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди нави коронавирус сабт нашудааст.
Инчунин, дар ҷумҳурӣ ягон намунаи "Африқои Ҷанубӣ" ё "Бритониёӣ" -и вирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар охири моҳи феврал бояд 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca / Oxford ба Тоҷикистон дар доираи COVAX ворид карда шавад.
Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав
Пеш аз ҳама, ваксина кормандони тиб, муаллимон, шахсони гирифтори бемориҳои музмин, инчунин синнашон аз 50 боло мегиранд.
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.
Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.
Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.
Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.
Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.
"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.
Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" ё худ "Содружество" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир афтода, ҳанӯз баргузор нагардидааст.
Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории "Отшельник" - “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад. Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.
Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони Санкт-Петербург таҳия шудаанд. Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.