Зима в городе Душанбе

Олимон аз хуруҷи зуком дар зимистони оянда ҳушдор медиҳанд

338
(Таҷдидшуда 19:02 02.02.2021)
Вирусшиносон хавотиранд, ки бинобар аксар чораҳои маҳдудкунандаи вобаста ба боз доштани COVID-19 масунияти дастаҷамъӣ нисбат ба дигар бемориҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком осеб дидааст

ДУШАНБЕ, 2 фев— Sputnik. Олимон аз хуруҷи зуком дар зимистони оянда ҳушдор медиҳанд, гузориш медиҳанд расонаҳо.

Ин метавонад зимистони оянда боиси хуруҷи сирояти ҷиддии зуком шавад.

"Ба паҳншавии зуком, ҳамчунон ба дигар бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, тадбирҳое, ки ба таври васеъ ба муқобили COVID-19 андешида мешаванд:  пӯшидани ниқоб, худмаҳдудкунӣ, нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва ғайра таъсир калон мерасонанд", - менависад "Ховар" дар истинод ба "Известия".

Гуфта мешавад, дар натиҷа соли равон воқеан коҳиши бемории зуком мушоҳида гардид.

Аммо, афзудааст манбаъ, агар чораҳои пешгирии сирояти коронавируси нав сабук карда шаванд, табиатан дигар вирусҳои роҳҳои нафаскашӣ, аз ҷумла вируси зуком зудтар паҳн мешаванд.

Табиби тоҷик гуфт, бо кадом нишонаҳо коронавирусро аз зуком фарқ кардан мумкин аст

Дар натиҷа афзоиши бемориҳоро дар муқоиса бо соли 2020 интизор шудан мумкин аст.

338
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, ҷаҳон

Ҷопон "Спутник V " - ро ваксинаи муассиртарин алайҳи коронавирус номид

135
(Таҷдидшуда 14:20 24.02.2021)
Мутахассисони Ҷопон якбора намуди ваксинаро мавриди омӯзиш қарор дода, муассиртаринҳояшро муайян намуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Таҳлилгари ҷопонӣ Казухико Фудзи ваксинаҳои сершумори коронавирусро, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат мекунанд, муқоиса кард. Мақолаи коршинос дар портали Yahoo News Japan нашр шудааст.

Номбурда, ваксинаҳои беҳтаринро номбар кард, ки миёни онҳо ваксинаи сохти Русия "Спутник V " ҳам ҷой дорад.

Фудзи самаранокии ваксинаи Русияро қайд кард ва аз Ҷопон даъват намуд, ки дар эмгузаронии оммавӣ аз ин намуд ваксина истифода намоянд.

Зимнан, нашри мақолаи Фудзе миёни корбарон баҳси гармеро ба бор овард. Онҳо фаъолона мақолаи ӯро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои шахсии худро дар бораи ин ё он ваксина иброз доштанд. Маълумот дар бораи "Спутник V" бисёр корбаронро ба худ ҷалб кард.

Аз ҷумла, яке аз онҳо таъкид кард, ки Русия бо буҷаи начандон калон тавонист доруи таъсирбахшро омода кунад.

Ваксинаи сеюми Русия "КовиВак" сабти ном шуд

"Русия бо вуҷуди маҳдуд будани буҷа натиҷаҳои беҳтарин ба даст овард" - гуфт яке аз онҳо.

Илова бар ин, баъзе аз корбарон таҷрибаи Русияро дар истеҳсол кардани маводи доруворӣ ишора карданд. Ба ақидаи онҳо, ҳатто дар давраи Ҷанги Сард, Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар соҳаи ҷанги бактериявӣ таҳқиқоти фаъол анҷом додаанд.

"Яке аз вазифаҳои муҳимтарини таҳқиқот таҳияи ваксина барои ҳимояи сарбозонаш мебошад. Аз ин рӯ, Русия дар ин соҳа донишҳои бой дорад", - илова кард корбар.

Зимнан, аксари корбарон аз кишварҳоро даъват карданд, ки бадгумониро канор гузоранд ва бо далелҳои илмӣ ҳидоят кунанд, зеро 92 фисади самараноки ваксинаи Русия собит шудааст.

Ёдовар мешавем, ки "Спутник V " - и Русия нахустин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус шуд. Акнун ин доруро на танҳо дар Федератсияи Русия, балки сокинони кишварҳои дигар низ метавонанд аз он истифода кунанд.

135
Барчаспҳо:
Русия, Ҷопон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, кай пандемияи коронавирус анҷом меёбад

844
(Таҷдидшуда 10:33 24.02.2021)
Феълан дар ҷаҳон теъдоди дармандони коронаиврус ба 111 миллион нафар баробар аст, ки аз ин миён 2,5 миллион бемор ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Роҳбари дафтари минтақавии Аврупо оид ба Созмони ҷаҳони беҳдошт, Ҳанс Клюге ба РИА Новости гуфтааст, ки кай пандемияи коронавирус анҷом меёбад.

"Пандемияи коронавирус авоили соли 2022 хотима меёбад",- изҳор доштааст Клюге.

Ба таъкиди ӯ, вирус минбаъд аз байн намеравад, танҳо зарурати идома додани маҳдудиятҳо намемонад.

Зимнан, Клюге таъкид кардааст, ки ин танҳо пешгӯӣ аст ва ҳоло ҳеҷ кас намедонад, ки вазъияти минбаъда чӣ гуна рушд хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаҳон теъдоди маризони коронавирус ба 111 миллион нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 2,5 миллион бемор фавтиданд.

Олимон ҷаҳонро боз бо вируси Нипаҳ метарсонанд: аз коронавирус гӯё мудҳиштар аст

Дар Тоҷикистон беш аз як моҳ ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон ба коронаиврус сабт нагардидааст. Қаблан вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарии ниҳодаш таъкид намуд, Тоҷикистон бар коронаиврус пирӯз омад.

844
Барчаспҳо:
анҷом, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 18:03 25.02.2021)
Фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ эълон кард, заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар фацат ба манфиати ДОИШ аст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СААД имрӯз зимни як конфронси онлайнӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон қайд кард, ки  ҳоло шумораи ҷангҷӯёни Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) дар Афғонистон наздик 70 ҳазор, тахмин зада мешавад.

Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни ДОИШ ё гуруҳи "Давлати исломӣ" (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистонро ҳузур доранд.

Вай хусусан қайд кард, ки террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери контроли худ гирифтаанд ва дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқи ин кишвар фаъол шудаанд.

Гуфта шудааст, ки шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.

Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муштараки СААД зикр кард, ки заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи саросемавори неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар танҳо ба манфиати ин гуруҳҳо ва афзоиши шумораи ҷонибдоронашон мебошад.

Анатолий Сидоров, қайд кард, ки дар ин марҳила хориҷ шудани нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон боиси ташаннуҷи вазъ ва интиқоли фаъолияти террористон ба қаламрави кишварҳои сиёси Марказӣ мегардад .

Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди муштараки СААД хабар дод, ки бо манзури вазъи нигаронкунандаи Афғонистон ин созмон дар Тоҷикистон 3 машқи низомӣ баргузор хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки бештарини он дар минтақаҳои куҳистонии назораташ мушкил тул кашидааст.

0
Барчаспҳо:
ДОИШ, террористӣ, неруҳо, Тоҷикистон, Афғонистон, СААД, Анатолий Сидоров