Боздиди вазири тандурустии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии маркази саломатӣ дар Қубодиён

Боздиди Абдуллозода аз маркази саломатие, ки Ӯзбекистон дар Қубодиён месозад

314
(Таҷдидшуда 19:07 03.02.2021)
Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён ва рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатӣ дидан намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас дод

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 3 аз рафти корҳои сохтмонии Маркази саломатӣ дар ноҳияи Қубодиён, ки бо маблағгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта мешавад, дидан намуд.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустии зимни шиносоӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд анҷом додан ва вусъат бахшидани  корҳои сохтмонии маркази саломатии мазкур аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, Ҷамолиддин Абдуллозода, аз рафти фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён низ дидан намуда, баҳри беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба роҳбарияти беморхона супоришҳои мушаххас додааст.

Вазорати тандурустӣ гуфт, воридшавии навъи "бритониёӣ" -и COVID-19 назорат мешавад

Манбаъ афзуда, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, таҳлил ва баррасии вазъи соҳа, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда  гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

314
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, супориш, боздид, вазир, Ҷамолиддин Абдуллоев, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Таҳиягарони нахустин ваксина гуфтанд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд

138
(Таҷдидшуда 20:07 26.02.2021)
Таҳиягарони нахустин ваксина мегӯянд, душманони Русия аз пешсафии "Спутник V" меҳаросанд ва талош доранд бовариро ба он кам кунанд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мухолифони ваксинаи коронавируси "Спутник V"-и Русия кӯшиш мекунанд, ки эътимод ба онро дар ҷаҳон коҳиш диҳанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳост ва онҳо аз ин метарсанд, - гуфт Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия.

"Фикр мекунам, ки мо на танҳо дар бораи эътирофи байналмилалии ваксини "Спутник V", балки дар бораи пешсафии худ дар ҷаҳон низ сӯҳбат карда метавонем... Мо бояд хоксор, вале ростқавл бошем",-гуфт Дмитриев ҳангоми ифтитоҳи намоишгоҳ бахшида ба таърихи роҳбарии Русия дар вирусология дар маҳалли ҷойгиршавии Ҷамъияти таърихии Русия. 

Ӯ таъкид кард, ки мо яке аз беҳтарин ваксинаҳо дар ҷаҳонро дорем, ин як корнамоии бузурги олимони рус аст, мо бояд аз он фахр кунем.

Дар Олмон мегӯянд, ваксинаи "Спутник V" дар воқеъ Ғарбро дар ҳайрат гузошт

"Бисёре аз душманони Русия кӯшиш карданд, ки эътимод ба Русияро коҳиш диҳанд, аммо мо дарк мекунем, ки онҳо барои коҳиш додани эътимод ба ваксини Русия ин қадар кӯшишҳоро сарф мекунанд, зеро ин яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон аст ва онҳо аз ин метарсанд",-гуфт ӯ.

Маҷаллаи илмии Lancet қаблан натиҷаҳои марҳилаи сеюми озмоишҳои клиникии "Спутник V" -ро нашр карда, самаранокии баланд ва бехатарии онро қайд карда буд.

Дар давоми марҳилаи III озмоишҳои клиникӣ, "Спутник V" сатҳи баланди самаранокӣ, иммуногенӣ ва бехатариро нишон дод, ки самаранокии он ба 91,6%  расид.

Ваксина аз ҳолатҳои вазнини сирояти нави коронавирус муҳофизати пурраро фароҳам меорад.

"Спутник V" барои истифода дар зиёда аз 30 кишвар тасдиқ шудааст.

Эрон: хати тавлиди ваксинаи "Спутник V" дар кишвар эҷод мешавад

Шумораи умумии аҳолии кишварҳое, ки ваксинаи Русия сабти ном шудааст, беш аз 1,1 миллиард нафарро ташкил медиҳад.

138
Барчаспҳо:
вируси корона, душманон, ваксина, Русия
Очередь в аэропорту города Худжанда

Тоҷикистон қоидаҳои вуруди хориҷиёнро тағйир дод

962
(Таҷдидшуда 16:12 26.02.2021)
Дар Тоҷикистон як қатор маҳдудиятҳо барои вуруди хориҷиён ба ҷумҳурӣ бекор карда шуданд. Ҳоло шаҳрвандоне, ки ваксинаи коронавирус гирифтаанд, аз ташхиси коронавирус озод карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 фев - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба хориҷиён иҷозаи вурудро бидуни пешниҳоди ташхиси манфии коронавирусро доданд, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ, ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ.

"Танҳо шаҳрвандоне, ки ваксинаи коронавирусро як моҳ пеш аз вуруд гирифтаанд, метавонанд бо ин роҳ ворид шаванд", - таъкид кард вай.

Агар шахс ду-се ҳафта пеш эм карда шуда бошад, бояд ӯ аз озмоиши COVID-19 гузарад.

Барои хориҷиёне, ки аз коронавирус эм карда нашудаанд, қоидаҳои вуруд бетағйир мондаанд.

Воридшавандагон бояд шаҳодатномаи набудани сирояти коронавирусро (COVID-19) бо худ дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат (3 рӯз) пеш аз вуруд ба Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки кӯдакони то сесола ба шаҳодатномаи набудани ковид ниёз надоранд.

Аз аввали моҳи январ то ҳол дар Тоҷикистон ягон мавриди нави коронавирус сабт нашудааст.

Инчунин, дар ҷумҳурӣ ягон намунаи "Африқои Ҷанубӣ" ё "Бритониёӣ" -и вирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар охири моҳи феврал бояд 732 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca / Oxford ба Тоҷикистон дар доираи COVAX ворид карда шавад.

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

Пеш аз ҳама, ваксина кормандони тиб, муаллимон, шахсони гирифтори бемориҳои музмин, инчунин синнашон аз 50 боло мегиранд.

962
Барчаспҳо:
маълумот, вуруд, Тоҷикистон
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

"Юбилей" - и Баҳром бе ӯ: ёди дӯсти Ғафурӣ аз ҷашнҳои зодрӯз, туҳфаи дӯстдошта ва нақшаҳо

0
(Таҷдидшуда 13:48 28.02.2021)
Баҳром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, агар зинда мебуд имрӯз 45-солагияшро таҷлил мекард. Фахриддин Холбек, дӯсти Баҳром ёд овард, ки солҳои гузашта ин рӯзро чӣ гуна мегузаронданду марҳум барои 45-солагияш чӣ нақша дошт ва чӣ туҳфаро меписандид

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Аслан ин рӯз дар тақвим тайи чор сол як бор меояд, аммо Фахриддин Холбек мегӯяд, барои ҳалқаи дӯстону наздикони Баҳром ҳар сол ин рӯз вуҷуд дошт.

Дар нахустин рӯзи мавлуди Баҳром Ғафурӣ, ки бидуни соҳибҷашн мегузарад,  Холбек дар саҳифааш аз шеваи таҷлили ин рӯз дар гузашта ва ниятҳои овозхон барои имсол навиштааст:

Ин субҳ, ки ман дар сари қабраш истодаам, дар гузашта як субҳи хосе буд. Ҳар сол ин субҳ занг мезад ва мегуфт: “Аввалин касе ҳастӣ, ки фарёдат мекунам. Бегоҳ ҷое наравӣ, хонаи поён меравем. Ёдат наравад!”

Ва мо ҳар сол имрӯз ба хонаи поён мерафтем. Хонаи амаки Шамсиддин. Он ҷо ҳама мебуданд: Садриддин, Остон, Зикриоллоҳ, Рустам, марҳум Суҳробу. Ҳама. Рӯшан ба ёд оварда наметавонам, ки тайи 18 соли гузашта он бегоҳҳо боз киҳо ҷамъ мешуданд. Он бегоҳҳо оши бомаззаи холаам буду дастурхони пур, тарона буду шодмонӣ, шавқ буду шӯр, хонданҳову хандаҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир, ки ҳоло дигар моли хотираҳо шудаанд.

Зодрӯзе, ки имсол дар тақвим нест

Ӯ ин субҳ занг назад. Ҳеҷ кас занг назад. Ман ҳам интизор надоштам, ки касе занг мезанад. Касе, ки занг мезад, дигар нест, ба ҷовидона пайвастааст. Ман дигар он садои хоболудашро намешунавам. Оне ҳам, ки исрор кунад, “ҷое наравӣ!”, нест, балки худ рафтааст. Фақат дар хобҳоям пайдо мешавад, хобҳое, ки замину замонро сарам чаппа мекунанд. Дилам танг мешавад.

Солҳои пеш маро ғофилгир мекард, ё аз ёди ман мерафт, ки он рӯз чӣ рӯз аст. Вале имсол хуб медонам, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Ҳатто як моҳ пеш медонистам, се рӯзи пеш ва ин субҳ ҳам аввалин фикрам ин буд, ки имрӯз чӣ рӯз аст. Фақат бо ин фарқ, ки медонам, касе зангам намезанад ва ман ҳам ба ӯ занг намезанам, то бигӯямаш: “Додаракам, боз як соли дигар пир шудӣ!” Фақат ба ин фарқ, ки имрӯз дигар ҳеҷ гоҳ як рӯзи оши бомаззаи холаам, таронаву шавқу шӯр, хонданҳои мастона ва... хотираҳои ширину беохир нахоҳад буд. Чанд рӯз аст, ки дасту дилам ҳам кор намеравад.

Шояд барои ҳамеша як рӯзи дигар хоҳад буд. Ҳанӯз як соли пеш орзу дошт, ки ба шарафи 45 – солагӣ – “юбилей” – е, ки мегуфт, як консерт барпо карда бошад, консерти хайрия ва беҳтарин таронаҳои умри худро бихонад. Чӣ орзуе ғайриоддӣ! Дар ин соли ҳамагирӣ, ки мардум дар фикру ҷону нон буданд ва ин ҳама хушназариву хушбинии як ошиқи зиндагиву тарона. Ҳатто ёдаш рафта буд, ки саҳнаҳо ҳам бастаанд.

Ҳатто зодрӯзаш ҳам ғайриоддӣ буд. Мегуфт, рӯзи мавлудаш 29 феврал аст. Ин рӯз агар дар чор сол як бор такрор шавад, барои мо ҳар сол вуҷуд дошт, чун зодрӯзи ӯ буд.

Зиёрати қабристон ва дуои дигар ба ҷои "100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ"

Солҳое буд, ки аз қабл ба ин рӯз омодагӣ медидам. Медонистам, ки барояш беҳтарин туҳфа таронаи нав аст, як таронаи “коғазпеч”. Соли 2003 ин туҳфа “Абри гирёни ғуруб”, соли 2008 – “Муҳоҷирбача” ва баъд... дар ба дари студияҳо гаштану шабу нимашаб танзим кардану хондану шунидан. Ҳамин тавр, бо зодрӯзи ӯ таронаҳо ҳам ба дунё меомаданд.

Имрӯз на дар фикри туҳфае ҳастам ва ҳам намедонам, ки чӣ кор кунаму бо кӣ аз ӯ гӯям. Шаҳр хеле шуд, ки бо рафтанаш холӣ шудааст. Хонаи поён ҳам. 9-ум километру Мавлоно ҳам. Паймонаҳо шикаста, дилҳо шикаста, орзуву армонҳо шикаста... Додаракам ҳам дигар пир намешавад. Рафт. Ҷояшро ҳам дигар касе гирифта натавонист. Мегуфт, бо ман бошӣ, дилам пур аст. Ҳоло мегӯям, нестӣ, дилам пур нест. Холист. Балки худ як холигоҳи бузург шудаам.

Ин субҳ дилам сахт танг шуд ва рафтам ба мазораш, то бигирям, бигиряму... табрикаш кунам. Як роҳе ҳаст, як мӯъҷизае, фариштае ҳаст, ки садои маро ба ӯ бирасонад:

Зодрӯз муборак, додараки ширинам, 45-солагӣ муборак!

Ва ба ҷои “100 – сола шавиву каму ғамро набинӣ!”, мегӯям, “Ҷоят ҷаннат! Дидорат ба қиёмат!” Дили ман танги ту шуд, кошки пайдо бишавӣ!

Ин ёддошти дӯсти Баҳром Ғафурӣ дар ҳолест, ки овозхони шинохта бар асари як тасодуф дар роҳ 7 августи 2020, тақрибан соатҳои 4:00 дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ҳодиса дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст. Мошине, ки овозхон мусофираш буд,  ба автомашинаи "КаМаз" бархӯрд.  Ӯро ба шъъбаи 5-уми беморхонаи Қарияи Боло интиқол медиҳанд, аммо ӯро наҷот дода наметавонанд. Ҷасади ӯ, худи ҳамон рӯз дар қабристони деҳаашон дар маҳаллаи маъруф ба Мавлоно ба хок супурда шуд.

0
Барчаспҳо:
зодрӯз, фавт, овозхон, Тоҷикистон