Взятка, архивное фото

Порагирӣ дар пандемия: табибони дастгиршударо дубора ба кор баргардонданд

1421
(Таҷдидшуда 12:54 24.02.2021)
Мақомоти Хатлон ахиран эълон кардаанд, ки соли гузашта 41 корманди соҳаи тандурустии вилоят, барои амалҳои коррупсионӣ боздошт шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ахиран сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Раҷабзода Мирзоалӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 41 нафар корманди соҳаи тандурустии вилоят барои даст задан ба амалҳои коррупсионӣ дастгир шудаанд.

Вай илова кард, ки ин шумора метавонад зиёд бошад, аммо то ҳол дар даст ҳамин қадар маълумот аст.

"Аз ин кормандоне, ки даст ба амали ғайриқонунӣ задаанд, қисме аз кор ронда шудаанду қисми дигар духтурон буданд, ки бо сабаби нарасидани табиб онҳо ҷарима ва муҷозот шудаву дубора ба корашон баргаштанд", - таъкид дошт Раҷабзода Мирзоалӣ.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи мансабдор дар вилояти Хатлон барои порагирӣ

Ҳамчунин, сардори Раёсати тандурстии вилояти Хатлон афзуд, ки соли гузашта дар вилоят 18 нафар зан ҳангоми таваллуди фарзанд фавтиданд, ки ин шумора нисбат ба соли пешин 3 ҳолат кам аст. Фавти модарон бештар дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Данғара, Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ ба қайд гирифта шудааст.

1421
Барчаспҳо:
коррупсия, тандурустӣ, кор, порагирӣ, Хатлон, Тоҷикистон

Ҷопон "Спутник V " - ро ваксинаи муассиртарин алайҳи коронавирус номид

131
(Таҷдидшуда 14:20 24.02.2021)
Мутахассисони Ҷопон якбора намуди ваксинаро мавриди омӯзиш қарор дода, муассиртаринҳояшро муайян намуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Таҳлилгари ҷопонӣ Казухико Фудзи ваксинаҳои сершумори коронавирусро, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат мекунанд, муқоиса кард. Мақолаи коршинос дар портали Yahoo News Japan нашр шудааст.

Номбурда, ваксинаҳои беҳтаринро номбар кард, ки миёни онҳо ваксинаи сохти Русия "Спутник V " ҳам ҷой дорад.

Фудзи самаранокии ваксинаи Русияро қайд кард ва аз Ҷопон даъват намуд, ки дар эмгузаронии оммавӣ аз ин намуд ваксина истифода намоянд.

Зимнан, нашри мақолаи Фудзе миёни корбарон баҳси гармеро ба бор овард. Онҳо фаъолона мақолаи ӯро мавриди баррасӣ қарор дода, андешаҳои шахсии худро дар бораи ин ё он ваксина иброз доштанд. Маълумот дар бораи "Спутник V" бисёр корбаронро ба худ ҷалб кард.

Аз ҷумла, яке аз онҳо таъкид кард, ки Русия бо буҷаи начандон калон тавонист доруи таъсирбахшро омода кунад.

Ваксинаи сеюми Русия "КовиВак" сабти ном шуд

"Русия бо вуҷуди маҳдуд будани буҷа натиҷаҳои беҳтарин ба даст овард" - гуфт яке аз онҳо.

Илова бар ин, баъзе аз корбарон таҷрибаи Русияро дар истеҳсол кардани маводи доруворӣ ишора карданд. Ба ақидаи онҳо, ҳатто дар давраи Ҷанги Сард, Русия ва Иёлоти Муттаҳида дар соҳаи ҷанги бактериявӣ таҳқиқоти фаъол анҷом додаанд.

"Яке аз вазифаҳои муҳимтарини таҳқиқот таҳияи ваксина барои ҳимояи сарбозонаш мебошад. Аз ин рӯ, Русия дар ин соҳа донишҳои бой дорад", - илова кард корбар.

Зимнан, аксари корбарон аз кишварҳоро даъват карданд, ки бадгумониро канор гузоранд ва бо далелҳои илмӣ ҳидоят кунанд, зеро 92 фисади самараноки ваксинаи Русия собит шудааст.

Ёдовар мешавем, ки "Спутник V " - и Русия нахустин ваксинаи сабтиномшуда дар ҷаҳон алайҳи коронавирус шуд. Акнун ин доруро на танҳо дар Федератсияи Русия, балки сокинони кишварҳои дигар низ метавонанд аз он истифода кунанд.

131
Барчаспҳо:
Русия, Ҷопон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, кай пандемияи коронавирус анҷом меёбад

821
(Таҷдидшуда 10:33 24.02.2021)
Феълан дар ҷаҳон теъдоди дармандони коронаиврус ба 111 миллион нафар баробар аст, ки аз ин миён 2,5 миллион бемор ҷон аз даст доданд

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Роҳбари дафтари минтақавии Аврупо оид ба Созмони ҷаҳони беҳдошт, Ҳанс Клюге ба РИА Новости гуфтааст, ки кай пандемияи коронавирус анҷом меёбад.

"Пандемияи коронавирус авоили соли 2022 хотима меёбад",- изҳор доштааст Клюге.

Ба таъкиди ӯ, вирус минбаъд аз байн намеравад, танҳо зарурати идома додани маҳдудиятҳо намемонад.

Зимнан, Клюге таъкид кардааст, ки ин танҳо пешгӯӣ аст ва ҳоло ҳеҷ кас намедонад, ки вазъияти минбаъда чӣ гуна рушд хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаҳон теъдоди маризони коронавирус ба 111 миллион нафар баробар шудааст, ки аз ин миён 2,5 миллион бемор фавтиданд.

Олимон ҷаҳонро боз бо вируси Нипаҳ метарсонанд: аз коронавирус гӯё мудҳиштар аст

Дар Тоҷикистон беш аз як моҳ ягон ҳолати мариз шудани шаҳрвандон ба коронаиврус сабт нагардидааст. Қаблан вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти хабарии ниҳодаш таъкид намуд, Тоҷикистон бар коронаиврус пирӯз омад.

821
Барчаспҳо:
анҷом, маризӣ, СҶБ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Спортивный директор ФК «Тамбов» Павел Худяков

Худяков дар бораи гузариши Восиев ба "Тамбов": ӯ ҳадаф ва хоҳиши бозӣ карданро дорад

0
(Таҷдидшуда 00:26 25.02.2021)
Павел Худяков, директори варзишии КФ "Тамбов" шарҳ дод, ки .чаро барои футболбози тоҷик Фарҳод Восиев як гардиши куллии вазнин рӯй дод

Шарики кориям, ки қаблан дар "Оренбург" кор карда буд, пешниҳод кард, ки нозадии Восиевро аз дида бароям, гуфт директори варзиши КФ "Тамбов" Павел Худяков дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

"Як бачаи муқаррарӣ, омодааст дар шароити хоксоронаи мо кор кунад", - гуфт намояндаи КФ "Тамбов".

Директори варзиши клуби футболи Русия илова намуд, ки чизи асосӣ он аст, ки варзишгари тоҷик ҳадаф дорад, хоҳиши бозӣ кардан вуҷуд дорад, гарчанде ки ӯ аллакай ба қатори футболбозони ботаҷриба шомил аст.

"Вай мехоҳад ба худ чизе исбот кунад ва ба мо кумак кунад. Ҳоло лаҳзае аст, ки ӯ бояд исбот кунад, ки ҳунари хуб дорад ва ин маҳз сатҳи ӯст. Ҳама чиз танҳо аз ӯ вобаста хоҳад буд", - гуфт Худяков.

Ва чӣ гуна футболбози тоҷик худро нишон хоҳад дод, танҳо бо мурури замон маълум хоҳад шуд, хулоса кард директори варзиши КФ "Тамбов".

Ёдовар мешавем Фарҳод Восиев, футболбози 30-солаи тоҷик чанд рӯз қабл бо тими "Тамбов" шартнома баст ва ҳамакнун ҳунарнамоии варзишии худро дар Премер Лигаи Русия идома медиҳад.

Пас аз 19 даври бозии Премер лигаи Русия, "Тамбов" 13 имтиёз дорад ва дар арафаи хориҷшавӣ аз лига қарор дорад.

0