Маҷммаи сайёри тиббӣ, ки ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад

Тоҷикистон соҳиби 5 маҷмааи тиббии сайёр мешавад - акс

165
(Таҷдидшуда 19:46 08.02.2021)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҷумҳурӣ панҷ маҷмааи тиббии сайёр ё худ мошинҳои калонҳаҷми тиббӣ ворид карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, бо мақсади гузаронидани комиссияи инспектсионӣ барои қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар Туркия қарор дорад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, маҷмааҳои мазкур бо маблағи бебозгашти Барномаи хайриявии Бонки Исломии Рушд харидорӣ шудаанд.

Вазири тандурустии Тоҷикистон аз корхонаи саноатии Сакараяи Туркия дидан намуда, бо маҷмӯи тиббии сайёр,  ки интизор аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, шинос гардид.

Манбаъ афзуд, маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои Аврупо 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

“Бояд гуфт, ки дар доираи Барномаи мазкур тавассути Бонки Исломии Рушд барои панҷ маҷмӯи тиббии сайёр маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти ахсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.

165
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото

Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон

271
(Таҷдидшуда 16:53 07.03.2021)
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар кишвар ба тамоми ниҳодҳои дахлдор дастур додааст, ки барои эмгузаронӣ пурра омодагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба сирояти коронавирус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қарор қабул намудааст.

Бар асоси қарори ситод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ,  барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад.

Вазора уҳдадор шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

"Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба ваксина бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд",- омадааст дар қарор.

Вазорати тандурустӣ вазифадор гаштааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад

Ситод инчунин Вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф гардонидааст, ки бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани пайдоиш, паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва моҳияти ваксинатсия вусъат диҳанд.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард ва интизор меравад он мои ҷорӣ вориди кишвар шавад.

"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд

Қаблан Чин низ пешниҳоди ваксинаи ройгон карда буд ва ҷониби Тоҷикистон гуфтанд, нахуст онро меомӯзанд.

271
Нарезанные овощи и фрукты в салатниках

Барои хароб шудан, чӣ бояд хӯрд?

266
(Таҷдидшуда 15:31 07.03.2021)
Коршинос таъкид мекунад, ки бояд дуруст хароб шуд ва танҳо маҳсулоти колорияшон паст такя накард

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Кадом сабзавот воқеан барои кам кардани вазн кӯмак мекунад? Ба ин суол коршиноси рус, парҳезшинос Екатерина Бурляева дар мусоҳиба  бо "Российская Газета" посух гуфт.

Вай қайд кард, ки таррак, бодинҷон, бодиринг, помидор ва кабудӣ ба зуд сер шудан мусоидат мекунанд, дар ҳамин ҳол дар таркибашон об ва клетчатка зиёд асту калориянокиашон кам мебошад.

Пизишк огоҳӣ медиҳад, ки танҳо аз ин анвои маҳсулот барои харобшавӣ истифода кардан, комилан ғалат аст.

"Дар асл, ҳамаи маҳсулоте, ки барои харобшавӣ таъин карда мешаванд, кӯмаки зиёд намерасонанд. Танҳо ба онҳо такя кардан, хатост", - қайд кард Бурляева.

Бо хароб шудан ва зарар нарасонидан ба саломатӣ, диетолог маслиҳат додааст, ки дар парҳез тавозуни сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидратҳо риоя шавад.

Мутахассис грейпфрут ва занбурӯғҳоро намунаи дурусти хӯроки парҳезӣ номид: онҳо миқдори ками калория доранд ва агар дуруст онҳоро истифода кунем, метавонем ба натиҷае расем.

266
Барчаспҳо:
маҳсулот, табобат, Дар ҷаҳон
В учебной аудитории Кабульского политехнического института

Фаъолияти донишгоҳҳои Афғонистон аз сар гирифта шуд

0
(Таҷдидшуда 00:17 08.03.2021)
Пас аз се моҳ таътилӣ ба хотири маҳдудиятҳои ворид шуда ба хотири паҳншавии вируси корона донишгоҳҳои Афғонистон дубора дарҳои худро барои донишҷӯён боз карданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дарсҳои ҳузурии донишгоҳҳои Афғонистон пас аз се моҳ таътилӣ ба далели маҳдӯдиятҳои коронаӣ, ахиран аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Парстудей”, вазорати омӯзиши олии Афғонистон ахиран эълом кард, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар бояд дар муддати як моҳ, дарсҳои гузаштаи тирамоҳи имсолро ба поён бирасонанд.

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард

Бар асоси мусаввабаи вазорати омӯзиши олии Афғонистон, қарор аст, давраи баҳории донишгоҳҳои ин кишвар 10 майи 2021 оғоз шавад.

Дар замони таътилии донишгоҳҳо ба далели мушкилоти зерсохтӣ дар Афғонистон хабаре аз тадриси маҷозӣ набуд.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Токунӯн ҳудӯди 56 ҳазор нафар дар Афғонистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 450 нафар ҷон бохтанд.

0
Барчаспҳо:
таътил, донишҷӯён, донишгоҳ, вируси корона, вирус, Афғонистон