ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Фонди хайриявии “Ситораи Файзбахш” ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 10 нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа кард, хабар дод шаҳрдории Душанбе.
Манбаъ таъкид кард, ки ин мошинҳо бо таҷҳизоти соҳавии хизматрасонии аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, аз ҷониби раёсати тандурустӣ мувофиқи эҳтиёҷот ба муассисаҳои тиббии пойтахт супорида мешаванд.
Ниёзмандиҳо ба мошинҳои ёрии аввалия дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон махсусан дар замони хуруҷи пандемияи коронавирус зиёд шуд. Феълан мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, вазъ муътадил буда, дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ҷой надорад.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии кившар ахиран таъкид кард, ки дар Тоҷикистон феълан ягон маризи коронавирус боқӣ намондааст ва агар ба ин ҳақиқат касе шак дошта бошад, ин назари танҳо ҳамон ҷониб аст ва бигзор дар ақидаи худ устувор монад.
"Омори дармонгоҳҳо ва натиҷаи ташхиси маризон, ҳамчунин гаштҳои хонагии ҳамарӯза собит месозад, ки Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст", - мегӯяд вазири тоҷик.
Ӯ таъкид намуд, ки бигзор аз дилхоҳ кишваре, ки ба омори Тоҷикистон шак доранд, ҳайати корӣ таъсис ёбад, ва озими ҷумҳурӣ шаванд ва бо чашмони худ бубинанд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторшавӣ ба ин вирус боқӣ намондааст.
Вазорати тандурустӣ рӯзи 30 апрели соли гузашат, расман мавҷуд будани вируси СOVID - 19 - ро тасдиқ кард. Аз авохири моҳи апрел то моҳи январ расман дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт гардиданд, ки аз ин миён 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба сирояти коронавирус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қарор қабул намудааст.
Бар асоси қарори ситод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ, барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад.
Вазора уҳдадор шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
"Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба ваксина бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд",- омадааст дар қарор.
Вазорати тандурустӣ вазифадор гаштааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад
Ситод инчунин Вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф гардонидааст, ки бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани пайдоиш, паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва моҳияти ваксинатсия вусъат диҳанд.
Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард ва интизор меравад он мои ҷорӣ вориди кишвар шавад.
"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд
Қаблан Чин низ пешниҳоди ваксинаи ройгон карда буд ва ҷониби Тоҷикистон гуфтанд, нахуст онро меомӯзанд.
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Кадом сабзавот воқеан барои кам кардани вазн кӯмак мекунад? Ба ин суол коршиноси рус, парҳезшинос Екатерина Бурляева дар мусоҳиба бо "Российская Газета" посух гуфт.
Вай қайд кард, ки таррак, бодинҷон, бодиринг, помидор ва кабудӣ ба зуд сер шудан мусоидат мекунанд, дар ҳамин ҳол дар таркибашон об ва клетчатка зиёд асту калориянокиашон кам мебошад.
Пизишк огоҳӣ медиҳад, ки танҳо аз ин анвои маҳсулот барои харобшавӣ истифода кардан, комилан ғалат аст.
"Дар асл, ҳамаи маҳсулоте, ки барои харобшавӣ таъин карда мешаванд, кӯмаки зиёд намерасонанд. Танҳо ба онҳо такя кардан, хатост", - қайд кард Бурляева.
Бо хароб шудан ва зарар нарасонидан ба саломатӣ, диетолог маслиҳат додааст, ки дар парҳез тавозуни сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидратҳо риоя шавад.
Мутахассис грейпфрут ва занбурӯғҳоро намунаи дурусти хӯроки парҳезӣ номид: онҳо миқдори ками калория доранд ва агар дуруст онҳоро истифода кунем, метавонем ба натиҷае расем.
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.
Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.
Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.
Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.