Ба Русия мавҷи нави коронавирус таҳдид мекунад

717
Интизор меравад, дар Русия мавҷи нави маризии коронавирус оғозз ёбад. Олимон мавҷи нави бемориро ба гарм шудани ҳаво рабт медиҳанд

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Афзоиши навбатии сироятёбӣ ба коронавирус дар Русия метавонад ба гарм шудани ҳарорати ҳаво алоқаманд бошад, мегӯяд Анча Баранова, профессори Мактаби биологияи системаҳои Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон.

"Дар Русия ин беморӣ коҳиш ёфтааст, вале ман аз он метарсам, ки ин як падидаи муваққатист. Ҳамин ки дамои ҳаво тағйир ёфт, вазъият метавонад боз дигаргун шавад”, - иқтибос меорад РИА Новости аз номи Баранова.

Ба гуфтаи вай, ҳоло сардиҳо сар мезананд, аммо баробари баланд шудани ҳарорат ва мусбат шудани он, шумораи сироятҳо афзоиш хоҳанд ёфт.

Баранова бар ин назар аст, ки ҳарорати аз ҳад зиёд сард ва ё баръакс метавонад суръати паҳншавии вирусро боз дорад.

Таҳқиқот муайян намуд, ки авҷи маризии коронавирус аз тағйир ёфтани дамои ҳаво вобастагӣ дорад.

Мирзиёев ба эмгузаронии сартосарӣ аз коронавирус супориш дод

Бар тибқи маълумоти ахир дар ҷаҳон шумораи дардмандони коронавирус ба 108 173 543 нафар расидааст.

Шабонарӯзи гузашта, дар ҷаҳон 143 500 ҳолати ҷадиди сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид. Шумоари қурбонини ин дард бошад ба 2 миллиону 382 ҳазору 718 нафар баробар шудааст.

717
Барчаспҳо:
таҳдид, маризӣ, мавҷ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (971)
Пост БДА в Хороге, архивное фото

Табибон вазъи Маҳмадбоқиров, аз лидерони ғайрирасмии Бадахшонро шарҳ доданд

3580
(Таҷдидшуда 22:04 01.03.2021)
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ном бурда мешавад, феълан дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ зери назорати табибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Маҳмадбоқиров, ки ҳафтаи дуюм дар шифохонаи Оқохон дар Хоруғ табобат мегирад, феълан мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас хоҳад шуд.

“Вазъаш хуб аст, ният буд, имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шавад, аммо боз тасмим гирифтем, ки чанд муддати дигар зери назорат бимонад. Рӯзҳои наздик аз беморхона ҷавоб дода мешавад”, - изҳор дошт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад, таъкид кард мусоҳиб.

Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид намуд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд. 

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.

3580
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин встретился с главой ФМБА России В. Скворцовой

Баҳои Путин ба ваксинҳои Русия: алайҳи ҳамаи навъҳои коронавирус муассиранд

71
(Таҷдидшуда 18:14 01.03.2021)
Владимир Птуин мегӯяд, ваксинҳои сохти Русия нисбати навъҳои нави коронавирус, ки Аврупо аз онҳо дар ташвиш шудааст, муассир мебошанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ваксинҳо алайҳи коронавирус, ки олимони рус таҳия намудаанд, нисбати ҳамаи навъҳои коронавирус таъсири хуб доранд.

Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ, Вероника Скворсовский тавзеҳ дод. 

Раисиҷумҳури Русия ҳуҷҷатҳоеро пеш овард, ки муассирияти ваксинаҳои сохти русӣ алайҳи навъҳои нави коронавирусро собит мекунад.

"Тавре ба ман маълумот доданд, ваксинаҳои сохти Русия нисбати ҳамаи навъҳои нави коронавирус, ки дар Аврупо ва берун аз он ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъсиргузоранд", - афзудааст Путин.

Ба таъкиди ӯ, муассирияти ваксинаҳо аллакай замони аз озмоиш гузарондани онҳо исбот шуд.

Зимнан, Вероника Сквортсова шарҳ додааст, ки дар Русия феълан 3,5 ҳазор навъҳои нави коронаиврус сабт шудааст. 

Илова бар ин, роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ аз таҳияи як ваксини нави зидди коронавирус аз ҷониби Русия хабар дод, ки он ба ташаккули мусуният дар сатҳи ҳуҷайра мусоидат мекунад. Чунин масуният метавонад то 13 - 17 сол боқӣ монад.

"Мо ваксинаеро таҳия карда истодаем, ки на ба сафедаи S, балки ба дигар ҷузъҳои сафедаи вирус таъсир мерасонад ва пеш аз ҳама боиси ташаккули масунияти ҳуҷайра мешавад", - гуфт вай.

Инчунин, маълум шуд, ки дар айни замон агентии мазкур тадқиқоти клиникии доруи беназиреро мегузаронад, ки қисматҳои муайяни коронавирусро банд мекунад.

71
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (971)
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Фотима Ғуломова, ҳунарманди тоҷик пас аз як моҳи марги шавҳар

519
(Таҷдидшуда 22:08 01.03.2021)
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик, модари коргардони тавонои тоҷик Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов аст

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.

Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик
Акс аз саҳифаи фейсбукии Хуршед Мустафоев
Фотима Ғуломова, ҳунарманди номии тоҷик

Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.

Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.

Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.

Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.

Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.

Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео

Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.

519