COVID-19 дар Суғд нахуст дар кадом ноҳия пайдо шуд? посухи масъулин

1250
Масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд, бо гузашти наздик ба як сол аз хуруҷи бемории каронавирус, иттилоъ доданд, ки ин беморӣ аввалин бор дар кадом шаҳру ноҳияи кишвар дарёфт гардид

ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Фаррух Мақсудзода, сардори Идораи тандурустии Суғд дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар бораи каронавирус посух дод.

Ӯ гуфт, нахустин ҳолати сироятёбӣ ба COVID-19 дар кадом шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудааст.

“Бори аввал дар охири моҳи апрел 7 ҳолат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 3 мавриди дигар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва ноҳияи Б. Ғафуров ба қайд гирифта шуд. Он замон дар Суғд таҳлилгоҳи муайянкунандаи нишонаҳои сирояти каронавирус мавҷуд набуд. Таҳлилҳое, ки мо барои ташхис ба шаҳри Душанбе равон кардем 10 ҳолати беморӣ тасдиқ гардид”, гуфт Мақсудзода.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 30 уми апрели соли 2020 барои нахустин дарёфти бемории каронавирусро эълон кард. Он замон ин ниҳод аз 15 мавриди сироятшавӣ ба COVID-19 дар кишвар иттилоъ дода гуфт, аз ин теъдод 10 маврид дар вилояти Суғд ва 5 ҳолати дигар дар шаҳри Душанбе сабт шудааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ дар вилояти Суғд дар 4392 ҳолати сироятёбӣ сабт шуда, аз ин шумор 30 нафар фавтидаанд.

Коронавирус ва фавт аз ин беморӣ аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Панҷакент ва шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст.

Идораи тандурустӣ феҳристи сироятёбӣ ва фавт аз хуруҷи бемории COVID-19 ро шарҳ дода гуфтанд, ки дар ноҳияи Айнӣ 51 ҳолат ва 1 фавт, ноҳияи Ашт 44 ҳолати сироятёбӣ, ноҳияи Б. Ғафуров аз 521 сироятёбӣ 3 фавт, дар шаҳри Бӯстон 232 маврид, 2 фавт, Гулистон 101 ҳолат ва 1 фавт, Деваштич 53 ҳолати сироятшавӣ ва 1 фавт, Зафаробод 151 ҳолат 1 фавт, Истаравшан 338 маврид ва 3 фавт.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Истиқлол 7 маврид, 1 фавт, Исфара 161 ҳолат ва 1 фавт, Конибодом 225 маврид ва 2 фавт, Мастчоҳ 146 сироятёбӣ ва 1 фавт, Панҷакент 519 сироятёбӣ 4 фавт, Спитамен 99 ҳолат ва 1 фавт, Ҷ. Расулов 173 сироятёбӣ ва 2 фавт, Хуҷанд 1548 сироятшавӣ ва 6 фавт, Шаҳристон 20 ҳолати сироятёбӣ ва дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 3 мавриди сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст.

Донишмандон дар тааҷҷуб: шумори мубталоён ба коронавирус дар Ҳинд якбора коҳиш ёфт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз охирҳои моҳи декабр дар кишвар сирояти бемории каронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Бино ба иттилоъи расмӣ аз авохири моҳи апрел то моҳи январ дар мамлакат, 13 308 маризи коронавирус сабт шуда, ин шумор 90 бемор фавтида, 13 218 нафар комилан шифо ёфтанд.

1250
Барчаспҳо:
вируси корона, Суғд, Тоҷикистон
Пост БДА в Хороге, архивное фото

Табибон вазъи Маҳмадбоқиров, аз лидерони ғайрирасмии Бадахшонро шарҳ доданд

4553
(Таҷдидшуда 22:04 01.03.2021)
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки аз лидерони ғайрирасмӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ном бурда мешавад, феълан дар Маркази тиббии Оқохон дар шаҳри Хоруғ зери назорати табибон қарор дорад

ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Маҳмадбоқиров, ки ҳафтаи дуюм дар шифохонаи Оқохон дар Хоруғ табобат мегирад, феълан мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад ва рӯзҳои наздик мураххас хоҳад шуд.

“Вазъаш хуб аст, ният буд, имрӯз аз беморхона ҷавоб дода шавад, аммо боз тасмим гирифтем, ки чанд муддати дигар зери назорат бимонад. Рӯзҳои наздик аз беморхона ҷавоб дода мешавад”, - изҳор дошт манбаъи Sputnik Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки Маҳмадбоқиров бо таби баланд ба беморхона оварда шуд ва вазъаш баъди табобат беҳбуд ёфт. Коронавирус дар баданаш ошкор нашудааст ва айни ҳол мушкили ҷиддие бо саломатӣ надорад, таъкид кард мусоҳиб.

Дар мавриди сарусадо дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии Маҳмадбоқиров, мусоҳиб таъкид намуд, ки ҳеч чунин нишонаеро дар баданаш ошкор накардаанд. Аммо наздиконаш мегӯянд, бархе осори заҳролудшавии Маҳмадбоқиров дар марҳилаи аввали бадшавии вазъияташ ба назар мерасиданд. 

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз Маҳмадбоқиров Маҳмадбоқир ва 6 нафари дигар “саркардаҳои гуруҳи ҷиноӣ” дар ВМКБ ном бурда, иттилоъ доданд, ки дар алоҳидагӣ нисбати ҳар яки онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд.

4553
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Президент РФ В. Путин встретился с главой ФМБА России В. Скворцовой

Баҳои Путин ба ваксинҳои Русия: алайҳи ҳамаи навъҳои коронавирус муассиранд

75
(Таҷдидшуда 18:14 01.03.2021)
Владимир Птуин мегӯяд, ваксинҳои сохти Русия нисбати навъҳои нави коронавирус, ки Аврупо аз онҳо дар ташвиш шудааст, муассир мебошанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ваксинҳо алайҳи коронавирус, ки олимони рус таҳия намудаанд, нисбати ҳамаи навъҳои коронавирус таъсири хуб доранд.

Дар ин бора кишвардори Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ, Вероника Скворсовский тавзеҳ дод. 

Раисиҷумҳури Русия ҳуҷҷатҳоеро пеш овард, ки муассирияти ваксинаҳои сохти русӣ алайҳи навъҳои нави коронавирусро собит мекунад.

"Тавре ба ман маълумот доданд, ваксинаҳои сохти Русия нисбати ҳамаи навъҳои нави коронавирус, ки дар Аврупо ва берун аз он ҳамаро ба ташвиш овардааст, таъсиргузоранд", - афзудааст Путин.

Ба таъкиди ӯ, муассирияти ваксинаҳо аллакай замони аз озмоиш гузарондани онҳо исбот шуд.

Зимнан, Вероника Сквортсова шарҳ додааст, ки дар Русия феълан 3,5 ҳазор навъҳои нави коронаиврус сабт шудааст. 

Илова бар ин, роҳбари Агентии федеролии тибби-биологӣ аз таҳияи як ваксини нави зидди коронавирус аз ҷониби Русия хабар дод, ки он ба ташаккули мусуният дар сатҳи ҳуҷайра мусоидат мекунад. Чунин масуният метавонад то 13 - 17 сол боқӣ монад.

"Мо ваксинаеро таҳия карда истодаем, ки на ба сафедаи S, балки ба дигар ҷузъҳои сафедаи вирус таъсир мерасонад ва пеш аз ҳама боиси ташаккули масунияти ҳуҷайра мешавад", - гуфт вай.

Инчунин, маълум шуд, ки дар айни замон агентии мазкур тадқиқоти клиникии доруи беназиреро мегузаронад, ки қисматҳои муайяни коронавирусро банд мекунад.

75
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 00:23 02.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки асъори миллӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта каме тақвият ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6174 то 13.8100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1527 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1515 - 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1515 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Пешгӯиҳо дар мавриди қурби рублу доллар дар моҳи март

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

0