Ӯзбекистон ваксинаи Sputnik V -ро барои истифодаи оммавӣ тасдиқ кард

100
Ӯзбекистон барои хариди як миллион вояи Sputnik V чораҳо меандешад ва ният дорад, ки эмгузаронӣ то моҳи марти имсол оғоз карда шавад

ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Ӯзбекистон ваксинаи русии Sputnik V дар ин кишварро тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ.

"Ваксинаи Sputnik V, ки онро Маркази илмии Гамалеяи Русия таҳия кардааст, барои истифодаи оммавӣ дар Ӯзбекистон сертификат ва тасдиқ шуд", - қайд мекунад комиссияи махсус.

Маълум аст, ки ҳоло Ӯзбекистон барои хариди як миллион вояи ваксина чораҳо меандешад.

Дар ҳамин ҳол, Фонди сармоягузории мустақими Русия низ тасдиқ кард, ки ваксинаи Sputnik V дар Ӯзбекистон тасдиқ шудааст.

Ба гуфтаи Кирил Дмитриев, мудири ФСМР, Sputnik V барои истифода дар 28 кишвар тасдиқ шудааст ва интиқоли ваксинаҳо ба Ӯзбекистон як қадами муҳим барои пешгирии коронавирус дар кишвар хоҳад буд.

Қаблан мақомоти ҷумҳурӣ аллакай хабар дода буданд, ки ваксина алайҳи COVID-19 дар Ӯзбекистон аз нимаи аввали моҳи март шурӯъ мешавад, то охири соли 2021 эмкунии 7 миллион нафар ё 20% аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Покистон 22 - юмин давлат аст, ки ваксинаи "Спутник V"-ро сабти ном кард

Ғайр аз он, ҷониби Ӯзбекистон бо 12 истеҳсолкунандаи ваксинаҳо алайҳи коронавируси COVID-19 ҳамчун як қисми механизми COVAX гуфтушунид мекунад ва инчунин марҳилаи сеюми озмоиши ваксинаҳои рекомбинатори аз Чин Anhui Zhifei Longcom Biopharmaceutical -и Чинро дар кишвар анҷом медиҳад.

100
Люди в масках в районе Рудаки, архивное фото

Қарор дар бораи омодагӣ ба эмгузаронӣ ва дастур ба вазоратхонаҳои Тоҷикистон

285
(Таҷдидшуда 16:53 07.03.2021)
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар кишвар ба тамоми ниҳодҳои дахлдор дастур додааст, ки барои эмгузаронӣ пурра омодагӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Бо мақсади минбаъд низ муътадил нигоҳ доштани вазъи беҳдоштӣ дар қаламрави мамлакат вобаста ба сирояти коронавирус Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус қарор қабул намудааст.

Бар асоси қарори ситод, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таъмин намудани ҳифзи солимии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ,  барои гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) чорабиниҳои омодагиро ба роҳ монад.

Вазора уҳдадор шудааст, ки банақшагирии аҳолиро аз рўи синну сол бо дарназардошти марҳалаҳои дуюм ва сеюми иммунизатсия анҷом диҳад ва ҳарчи зудтар лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

"Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани дастрасии васеи аҳолӣ ба ваксина бар зидди сирояти нави коронавирус (COVID-19) ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд",- омадааст дар қарор.

Вазорати тандурустӣ вазифадор гаштааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca - ро тасдиқ кард ва моҳи март онро дастрас мекунад

Ситод инчунин Вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиоро маваззаф гардонидааст, ки бо ҷалби васеи воситаҳои ахбори омма тадбирҳои фаҳмондадиҳиро байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани пайдоиш, паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) ва моҳияти ваксинатсия вусъат диҳанд.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистон ваксинаи AstraZeneca-ро, ки бояд тибқи механизми COVAX қабул намояд, аллакай тасдиқ кард ва интизор меравад он мои ҷорӣ вориди кишвар шавад.

"Спутник V" дуввумин ваксинаи маъмултарини ҷаҳон шуд

Қаблан Чин низ пешниҳоди ваксинаи ройгон карда буд ва ҷониби Тоҷикистон гуфтанд, нахуст онро меомӯзанд.

285
Нарезанные овощи и фрукты в салатниках

Барои хароб шудан, чӣ бояд хӯрд?

287
(Таҷдидшуда 15:31 07.03.2021)
Коршинос таъкид мекунад, ки бояд дуруст хароб шуд ва танҳо маҳсулоти колорияшон паст такя накард

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Кадом сабзавот воқеан барои кам кардани вазн кӯмак мекунад? Ба ин суол коршиноси рус, парҳезшинос Екатерина Бурляева дар мусоҳиба  бо "Российская Газета" посух гуфт.

Вай қайд кард, ки таррак, бодинҷон, бодиринг, помидор ва кабудӣ ба зуд сер шудан мусоидат мекунанд, дар ҳамин ҳол дар таркибашон об ва клетчатка зиёд асту калориянокиашон кам мебошад.

Пизишк огоҳӣ медиҳад, ки танҳо аз ин анвои маҳсулот барои харобшавӣ истифода кардан, комилан ғалат аст.

"Дар асл, ҳамаи маҳсулоте, ки барои харобшавӣ таъин карда мешаванд, кӯмаки зиёд намерасонанд. Танҳо ба онҳо такя кардан, хатост", - қайд кард Бурляева.

Бо хароб шудан ва зарар нарасонидан ба саломатӣ, диетолог маслиҳат додааст, ки дар парҳез тавозуни сафедаҳо, чарбҳо ва карбогидратҳо риоя шавад.

Мутахассис грейпфрут ва занбурӯғҳоро намунаи дурусти хӯроки парҳезӣ номид: онҳо миқдори ками калория доранд ва агар дуруст онҳоро истифода кунем, метавонем ба натиҷае расем.

287
Барчаспҳо:
маҳсулот, табобат, Дар ҷаҳон
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла

Вокуниши мақомоти афғон ба тарҳи сулҳи нави Амрико

0
(Таҷдидшуда 19:13 08.03.2021)
Тарҳи нави давлати Амрико дар бораи ташкили давлати муваққат ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон дар Афғонистон вокуниши шадиди мақомоти ин кишварро дар пай доштаву давлати Афғонистон таъкид кардааст, ки Кобул ҳаргиз таслими хостаҳои ғайриқонунии Амрико намешавад

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik.  Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.

Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.

Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.

Тарҳи нави Амрико барои сулҳ дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.

0
Барчаспҳо:
сулҳ, Кобул, Толибон, вокуниш, Амрико, Афғонистон