Асали худсохти зараровар: барои як кило 10 сомонӣ сарф мегардаду гарон мефурӯшанд

© МВД РТЗадержанный мошенник который продавал поддельный мед
Задержанный мошенник который продавал поддельный мед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани асалсозии сунъӣ хабар дод, ки барои як кило 10 сомонӣ харҷ мешаваду ба мардум чун асали куҳистон ба маротиб қиматтар фурӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Маъмурини милисаи ноҳияи Деваштич муайян кардаанд, ки шаҳрванд Қосимов Шаҳриёр, сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи мазкур асали худсохт омода карда, дар шаҳру навоҳии Суғд чун асали куҳистон мефурӯхтааст.
Индюки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Мурғи марҷону занбӯри асал: кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба занони мӯҳтоҷи деҳот
“Гумонбаршуда наздики як сол инҷониб бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити куҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровард”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ба иттилои тафтишоти пешакӣ, гумонбаршуда барои таҳияи 1 кило асали сунъӣ наздики 10 сомонӣ хароҷот мекард ва онро аз 20 то 30 сомонӣ мефурӯхт.
Манбаъ афзуд, ки Қосимов бо ҳамин мақсад ҳуҷраеро дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба иҷора гирифта, дар шароити ғайрисанитарӣ моеъи зоҳиран ба асал монандро омода месохт.
Ташхис муайян кардааст, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи Қосимов кислотаи лиму ва миқдори зиёди крахмал дорад, ки барои истеъмол ба саломатии инсон зараровар мебошад. Ин моеъи асалмонанд метавонад ҳассосият ё худ аллергия, яъне аксуламали музмини системаи масуунияти организми одам ба маводу маҳсулотеро ба вуҷуд орад, ки маъмулан безарар ҳастанд.
ВУД аз зарари моеъи асалмонанд ҳушдор дода, аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки зимни харид ва истеъмоли ин моддаи ба ном асал эҳтиёткор бошанд.
Манбаъ таъкид намуд, ки феълан алайҳи муттаҳам парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0