Шокирджон Хакимов, архивное фото

Ба Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ боз як ҳамла сурат гирифтааст

11
(Таҷдидшуда 11:37 12.12.2014)
Сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, ки бо интиқодҳояш алайҳи ҳукумати феълӣ машҳур аст, ба боварӣ мегӯяд, пас аз эъломи омодагиаш барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ ба ҷонаш хатар таҳдид мекунад.

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.  Субҳи рӯзи панҷшанбе гурӯҳи шахсони номаълум талоши боздошти Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСД-ро кардаанд, менависад хабаргузории маҳаллии TojNews.

"Субҳи 11-уми декабр ду нафар барои маълум кардани шахсияти ман талош кардаанд, ки маро боздошт карда, бо худ баранд",-иброз доштааст Ҳакимов.

Шокирҷон Ҳакимов, ки дар мизи гирди КМИР бо аҳзоби сиёсӣ суханронӣ мекард, гуфт, ки ба хотири эълони ширкаташ дар интихоботи парлумонии соли 2015 дар ҳавзаи Конибодом фишор ба аҳли оилааш низ зиёд шудааст.

Қаблан, низ ба Шокирҷон Ҳакимов таҳдиди кӯштан карда буданд. 20-уми феврали соли 2013 шакхони номаълум ӯро бо телефон таҳдид карда буданд, ки "дигар дар маркази ҳуқуқии «Сипар» пайдо нашавад ва дар ғайри он кушта хоҳад шуд".

Шокирҷон Ҳакимов аз ҷумлаи ҳуқуқшиносиони варзидаи Тоҷикистон аст. Ӯ муовини раиси ҲСДТ, ки роҳбариашро Раҳматилло Зоиров ба зимма дорад, мебошад.

11
Барчаспҳо:
ҳамла, хатар, таҳдид, КМИР, парлумон, ҲСДТ, Шокирҷон Ҳакимов, Тоҷикистон
Руки задержаного в наручниках, архивное фото

Ошкор шуд, кӣ аз корхонаи “Дуоб” 40 ҳазор долларро дуздид

520
(Таҷдидшуда 12:15 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки кормандони милитсия марди 43 соларо, ки дар дуздии корхонаи ҶДММ “Дуоб” гумонбар медонанд боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон кард нафаре, ки аз корхонаи ҶДММ “Дуоб”  30 ҳазор доллару 40 ҳазор сомонӣ дуздӣ кард боздошт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия, ҳангоми гузаронидани як амалиёти махсус марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

Гуфта шудааст, ки номбурда, моҳи январи соли 2020, бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Дуоб”, воқеъ дар кӯчаи Машъал, ки ба марди 44-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, ворид шуда, аз он ҷо 30 ҳазор доллари амрикои ва 40 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

520
Барчаспҳо:
корхона, гумонбар, дуздӣ, боздошт, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Авария на трассе Р-22 Тамбов - Волгоград - Астрахань

ВУД: дар ду рӯзи истироҳат дар се садамаи нақлиётӣ панҷ нафар ба ҳалокат расид

1045
(Таҷдидшуда 10:47 01.06.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон доштааст, ки дар садамаҳои нақлиётие, ки санаи 30-31 май, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар роҳҳои ҷумҳурӣ рух додааст, се нафар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохила, санаи 30-уми майи соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Сиело” Мусоев Мамараҷаб, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дустӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Хуросон, ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди деҳаи Тоҷикобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хкдравашро ба ҷуйбори обгузари канори роҳ чаппа намудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷа ронанда Мусоев М.Ҳ ва мусофири худрави мазкур Холиқов Маҳмадбобо, сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамзамон, мусофирони дигари ин худрав Бобоев Рустам ва Қурбоналиев Абдувалӣ, ки ҳарду сокинони ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия мебошанд дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Инчунин ВУД ТОҷикистон хабар медиҳад, ки як садамаи марговар санаи 30-уми май дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон рух додааст.

“Ронандаи худрави “Лексус”, Хусрави Маҳмасаид, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби-киики ноҳияи Хуросон пиёдагардон, Шералиев Убайдулло Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1952, сокини ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи мазкур ва Олимова Гулбаҳор Абдуҷалиловна, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст”, - таъкид дошт ВУД Тоҷикистон.

Дар натиҷа Шералиев У.А. ва Олимова Г.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мутаасифона Шералиев Убайдулло дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми май тахминан соати 16:10-дақиқа, ронандаи худрави “Опел-Астра” Қадамов Озодӣ, сокини ноҳияи Ванҷ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Сангвор-Дарвоз”, воқеъ дар мавзеи “Шаъидон”-и ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300-метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Худоиев Асламшо Ақбердиевич, ва Худоиев Умар, сокиони ноҳияи, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Худи ронанда, Қадамов Озодӣ ва мусофири дигар, Нодулёбов Амруло Аҳёевич, сокини ноҳияи Ванҷ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи кишвар аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.

1045
Барчаспҳо:
истироҳат, ҳалокат, ҷумҳурӣ, роҳҳо, нақлиёт, садама, Тоҷикистон
Сотрудники погранслужбы на контрольно-пропускном пункте на границе Кыргызстана и Казахстана

Таниш дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон: мақомот гуфтушунид мекунанд

0
Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд. Мақомот мегӯянд, вазъият таҳти назари онҳост

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Кубатбек Боронов муовини вазири Қирғизистон ва Абдулло Орипов нахуст вазири Ӯзбекистон ба далели даргирӣ дар манотиқи марзии байни сокинони Боткенти Қирғизистон ва минтақаи Сухи Ӯзбекистон бо якдигар музокара мекунанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" .

Бино бар иттилои манбаъ, баррасии иллати даргирии ахир дар манотиқи марзии Ӯзбекистон ва ва Қирғизистон меҳвари дидори масъулони ду кишвар хоҳад буд.

Илова бир ин, тарафайн бо сокинони манотиқи мазкур дидор ва иттилооте дар бораи вазъияти марзҳои муштарак ва иқдомот барои ҳифзи субот ироа хоҳанд кард. 

Рӯзи гузашта сокинони манотиқи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд.

Бино бар иттилои расмӣ, феълан вазъият таҳти контрол аст ва мақомоти расмӣ дар ҷиҳати оддисозии вазъият иқдом мекунанд.   

Таниш дар марзи ин ду кишвар дар ҳолест, ки чанде пеш, дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон, 24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низ як баҳси шадид ба миён омад. Намояндагони марзбонии ҳарду кишвар гуфтанд, ба сари мизи гуфтушунид менишинанд.

Вазъи сарбози маҷрӯҳшудаи тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хуб арзёбӣ мешавад

 

0