Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон. Акс аз бойгонӣ

Кабирӣ дар раҳпаймоии Чеченистон ширкат мекунад

15
(Таҷдидшуда 11:01 19.01.2015)
Кабирӣ ба ин раҳпаймоии расман аз ҷониби мақомоти Чеченистон даъват шудааст, мегӯяд сухангӯи ин ҳизб Маҳмудҷон Файзраҳмонов.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) имрӯз 19 январ дар раҳпаймоии бузурге алайҳи иҳонат бар пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) дар шаҳри Грознии Ҷумҳурии Чеченистон ширкат мекунад, хабар медиҳад сомонаи расмии ин ҳизб.

Бо ин ҳадаф, Кабирӣ дирӯз, 18 январ вориди Грозний шуд. Дар фурудгоҳи ин шарҳ раиси ҲНИТ-ро афроди баландмақоми Ҷумҳурии Чеченистон пешвоз гирифтанд. Аз ҷумла Ҷамбулат Умаров, раиси Кумитаи равобити байналмиллалии Порлумони Чеченистон ва Магамед Алхазуров, вакил порлумони Чеченистон ба пешвози вай бароманданд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов сухангӯи ҳизби наҳзат мегӯяд, Кабирӣ ба ин раҳпаймоӣ расман аз ҷониби мақомоти Чеченистон даъват шудааст.

"Интизор меравад, ки дар Грозний раҳпаймоии бузурге алайҳи тундгароӣ ва ҳифозат аз пайғамбар Муҳаммад бо ширкати сарварон ва пешвоёни ҷаҳони ислом баргузор шавад", — меафзояд Файзраҳмонов.

Ёдрас мекунем, ки раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров хабар дода буд, ки рӯзи душанбеи 19 январ дар ин ҷумҳурӣ алайҳи "карикатур" бар пайғамбар раҳпаймоӣ доир мешавад.

Рамзан Кадыров. Инстаграм
Страница Рамзана Кадырова в Instagram
Пришло время публично высказать свое отношение к безнравственным поступкам авторов французского журнала, заявил Кадыров

Ба ин тартиб, чечениҳо мехоҳанд "муносибати худро ба бадахлоқӣ"-и муаллифони маҷаллаи танзмомези фаронсавии Charlie Hebdo изҳор доранд.

"Аз ҷониби мо тасмим гирифта шуд, ки раҳпаймоии мардумиро бо маҳкум кардани ин амал ба роҳ бимонем", — навишта буд Рамзан Қодиров дар Instagram-и худ. Вай илова карда буд, ки тибқи маълумоти муқаддимавӣ бештар аз 500 ҳазор нафар дар ин раҳпаймоӣ ширкат хоҳанд кард.

"Мо ба ҳамаи динҳо ва мазоҳиб бо эҳтиром муносибат мекунем. Аммо ба ҳеч кас иҷоза намедиҳем, ки пайғамбари моро таҳқир кунад!" — тазаккур дода буд Қодиров.

15
Барчаспҳо:
пайғамбар, иҳонат, иштирок, раҳпаймоӣ, ҲНИТ, Рамзан Қодиров, Муҳиддин Кабирӣ, Грозний, Чеченистон