Ҳавопаймои ширкати ЮТэйр. Акс аз бойгонӣ

ВАО: халабони тоҷик Акмал Раҳматов дар Либия аз боздошт раҳо шуд

6
(Таҷдидшуда 17:31 04.02.2015)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин хабарро ба манбаъ тасдиқ карда ва гуфтааст, Раҳматов дар наздиктарин фурсат ба ватан бармегардад.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Акмал Раҳматов, халабони тоҷик ки ҳанӯз дар моҳи ноябр аз сӯи мақомоти Либиё боздошт шуда буд, раҳо шудааст, менависад Радиои Озодӣ.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ин хабарро ба манбаъ тасдиқ карда ва гуфтааст, Раҳматов дар наздиктарин фурсат ба ватан бармегардад.

"Масъулони сафорати мо дар Миср ва ҳамчунунин масъулони консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай хабар доданд, ки Акмал Раҳматов аз боздошт раҳо шудаст", — мегӯяд Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷӣ.

Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, Акмал Раҳматов ҳоло дар меҳмонхонае дар Либия қарор дорад.

Ҳавопаймои боркаши "Airbus — 300", марбут ба ширкати "Route Aviation" бо 7 сарнишин, ки аз Дубай ба Либия ҳамчун ёрии башарӣ маводи ғизоӣ ва дорувор оварда буд, рӯзи 13 ноябр дар фурудгоҳи шаҳри Ғадомис, воқеъ дар шимолу ғарби Либия, марзи байни Либияву Тунис ва Алҷазоир боздошт шуд. Ба гуфтаи мақомот, сабаби боздошти ин ҳайат гӯё "вуҷуди ғалатҳое дар асноди ёрии башарие будааст, ки онҳо ба Либия бурдаанд."

 

6
Барчаспҳо:
халабон, раҳоӣ, боздошт, "Route Aviation", Абдулфайз Атоев, Акмал Раҳматов, Либиё, Миср, Дубай