Ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ

Халабони озодшудаи тоҷик аз Либия озими Шарҷа шуд

1
(Таҷдидшуда 10:01 10.02.2015)
Халабони тоҷик Акмал Раҳматов, ки ҳафтаи гузашта аз боздоштгоҳ дар Либия озод шуд, фаъолияти ҳирфаии худро дар ширкате идома медиҳад, ки қаблан дар он кор мекард.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон, халабони ширкати ҳавоии Route Aviation Акмал Раҳматов 6 феврал дар Триполи озод ва тавассути Истанбул ба Дубай мунтақил шудааст, хабар медиҳад маркази матбӯъотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

"Баъд аз анҷоми бозрасии пизишкӣ Раҳматов озими Шарҷа шуд, ки дар он ҷо дар ширкате, ки қаблан дар он кор мекард, фаъолияти худро идома медиҳад", — гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ намояндаи расмии ВКХ Тоҷикистон Абдулфайз Атоев.

Ҳавопаймои Airbus-300, ки моли ширкати "Route Aviation" асту дар Шарҷаи АМА сабти ном шудааст, 13 ноябр дар Либия боздошт шуда буд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ҳавопаймо машғули интиқоли ғизо ва доруворӣ аз Дубай ба Либия буд. Ба гуфтаи намояндаи дипломатии Тоҷикистон дар АМА Абдураҳмон Аюбов, мушкил ба далели "иштибоҳ дар асноди марбут ба башардӯстона будани колоҳои ба Либия мунтақилшаванда рух додааст".

16 декабр мақомоти Либия шаҳрвандони Украина С. Предоляк ва А. Каракай, шаҳрванди Русия А. Калашников ва табаъайи қирғиз И. Зиковро озод карда буданд. Ин гурӯҳ қаламрави ин кишвари Африқои Шимолиро танҳо 5 январи соли 2015 тавонистанд тарк кунанд.

1
Барчаспҳо:
озодии халабони тоҷик, "Route Aviation", Акмал Раҳматов, Либия, АМА, Тоҷикистон