ВАО: Гулрухсор Рофиева, табиби тоҷик аз асорат раҳо шуд

© wikimedia.orgЯман, Маъриб. Акс аз бойгонӣ
Яман, Маъриб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гулрухсор Рофиева, парастори тоҷик, ки аз 29 октябр дар Яман дар асорат қарор дошт, рӯзи 10 феврал раҳо ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Гулрухсор Рофиева, парастори тоҷике, ки аз 29 октябр дар дасти як қабилаи маҳаллӣ дар Яман дар асорат қарор дошт, рӯзи 10 феврал баъди сеюним моҳи асорат озод шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Манучеҳр Абдуев, як намояндаи ширкати Русия дар Яман ба "Озодӣ" хабар додааст, ки Рофиева субҳи 10 феврал озод шудааст ва ҳоло дар маҳалли кораш — бемористони маркази вилояти Маъриб қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст, Рофиева то 2 рӯзи дигар ба пойтахти Яман, шаҳри Санъо бирасад.

Яке аз дигар табибони тоҷике, ки дар бемористони шаҳри Маъриб фаъолият мекунад, низ дар сӯҳбат бо "Озодӣ" тасдиқ кардааст, ки Гулрухсор Рофиеваро раҳо кардаанд ва ин табиб ӯро аз наздик дидааст.

"Чеҳрааш каме азиятдида ба назар меояд, маълум ки хеле азоб кашидааст дар дасти гаравгонгирҳо. Вале ба сурати умум, Гулрухсор хеле хушҳол буд", — мегӯяд ин шоҳи ҳоли Рофиева.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки ӯро дар натиҷаи амалиёти вижае озод кардаанд ва ё, чун дар мавридҳои дигари гаравгонгирии хориҷиён дар Яман бар асоси ягон муомила байни мақомот ва намояндагони гаравгонгирҳо раҳо шудааст.

Гулрухсор Рофиева, сокини 36-солаи шаҳри Панҷакент, ки дар шӯъбаи занонаи шифохонаи низомии шаҳри Маъриби Яман кор мекард, 29 октябри соли 2014 дар яке аз маҳаллаҳои ин шаҳр замоне рабуда шуд, ки нақлиёти бемористонро интизор нашуда, пиёда сӯи коргоҳаш равон шуд.

Дар Яман тақрибан 70 табиб аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бо аҳли хонаводаҳояшон шумори ҷамъияти тоҷикон дар Яман тақрибан ба 200 нафар мерасад. 

Лентаи хабарҳо
0