Қитъаи роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ

Сокини Душанбе зери чархи тепловоз монд

21
(Таҷдидшуда 13:20 17.02.2015)
Ин ҳодиса тахминан соати 17:40 дақиқаи рӯзи 16 феврал ба вуқӯъ пайвастааст.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Сокини 50-солаи пойтахт рӯзи 16 феврал зери чархи тепловоз монда, ба ҳалокат расид, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, Норбиш Менглиқулова, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, дар роҳи оҳан зери чархи тепловоз монда, ҷон додааст,  ин ҳодиса рӯзи 16 феврал, тахминан соати 17:40 иттифоқ уфтодааст.

"Тепловози "ТЭМ-2 УМ" таҳти идораи машинист Худойдод Мирзоев ва ёвари ӯ — Рустам Наҷмиддинов ҳангоми ҳаракат дар километри 4685-уми байни истгоҳҳои роҳи оҳани Душанбе-2 ва Душанбе-1 Норбиш Менглиқуловаро пахш намудааст. Дар натиҷа Менглиқулова ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад",- илова карданд дар ВКД.

Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.  

21
Барчаспҳо:
ҳодиса, зери чархи тепловоз, ВКД ҶТ, Рустам Наҷмиддинов, Худойдод Мирзоев, Норбиш Менглиқулова, Душанбе
Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе

Чаппа шудани мошин дар роҳи Хоруғ - Душанбе: ронанда бо ду мусофир ҷон дод

8407
(Таҷдидшуда 16:03 23.01.2021)
Ронандаи 46 - сола аз шаҳри Хоруғ бо 5 мусофир дар самти Душанбе ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садамаи мудҳиш рӯбарӯ шуд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз рух додани садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар километри 277 - уми роҳи мошингарди Кӯлоб - Хоруғ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш рӯзи 22 январ рух додааст.

"Ронандаи 46 - солаи автомашинаи "Landcruser", аз шаҳри Хоруғ бо панҷ мусофир самти пойтахт ҳаракат мекард, ки дар нимароҳ ба садама дучор шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, аз сабаби барфрезӣ ва шамоли сахт ронанда аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба ҷарии 40 метр сарозер шуд.

Дар натиҷа худи ронанда бо ду мусофири дигар дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.

Тӯйхона мотамхона шуд: мошини домод замони барои арӯс рафтан дучори садама шуд

Гуфта мешавад, мусофирони дигарро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон интиқол доданд. Маълумоти бештар дар мавриди фавтидагону ҷароҳатбардоштагон рӯйи даст нест.

Кумитаи ҳолатҳои фақулода ҳамчунин гуфт, рӯзи гузашта аз сабаби боришоти зиёди барф роҳи Шуғнон - Ишкошими ВМКБ муваққатан масдуд буд.

8407
Барчаспҳо:
садама, Хоруғ, Душанбе, роҳ, мошин
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото

ДОИШ масъулияти ду ҳамлаи мудҳиши Бағдодро бар ӯҳда гирифт

158
(Таҷдидшуда 12:44 23.01.2021)
Ду маргталабе, ки худро назди бозоре дар Бағдод мунфаҷир намуданд, 32 нафарро куштанду 110 каси дигарро захмӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ахиран гурӯҳи террористии ДОИШ ба таври расмӣ масъулияти ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро бар ӯҳда гирифт, хабар медиҳад сомонаи "Аъмоқ", ки вобаста ба ин гурӯҳ аст.

Манбаъ меафзояд, рӯзи панҷшанбе дар Бағдод яке аз аносири ин гурӯҳ ба номи Абуюсуф ал-Ансорӣ камарбанди инфиҷории худро дар майдони Ал-Тайрони Бағдод мунфаҷир кард ва камарбанди дуввумро низ Муҳаммадориф ал-Муҳоҷир, узви дигари ин гурӯҳи террористӣ ба ҳамин равиш мунфаҷир кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ироқӣ ин ду инфиҷор, ки дар бозори пуриздиҳоми майдони Ал-Тайрони Бағдод ба вуқуъ пайваст, 32 куштаву 110 захмӣ барҷой гузоштааст.

Пайёми Оиша аз Бағдод: падару модарамро гум кардам

Ба дунболи ин ду инфиҷори террористӣ, Мустафо Ал-Козимӣ, нахуствазири Ироқ дастури оғози таҳқиқоти фавриро барои равшан шудани иллати он ва пайгарди мағзҳои террористӣ, ки убури террористҳо ва фаъолияти онҳоро осон карданд, содир кард.

Ин ду инфиҷор бо маҳкумияти шадиди кишварҳову созмонҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон рӯ ба рӯ шуд.

158
Барчаспҳо:
ҳамла, масъулият, ДОИШ, Бағдод
Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото

Набарди ҷавобии Макгрегор ва Поре: мусобиқоти UFC 257 дар АМА. Пахши мустақим

0
(Таҷдидшуда 08:04 24.01.2021)
Кадоме аз размикорони кунунӣ дар вазни суб - Конор Макгрегор ё Дастин Пуэре пирӯз хоҳад шуд, ба зудӣ маълум мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб аввалин мусобиқаро имсол дар “Ҷазираи муҳорибаҳо” дар наздикии Абу-Даби баргузор мекунад.

Диққати аксари тамошобинон ба бозии ҷавобии Конор Макгрегор ва Дастин Паре нигаронида шудааст.

Ҳарду варзишгар 32 сол доранд. Ҳарду паҳлавон тақрибан як вазн нишон доданд: Поре 70,7 кило ва Конор бошад 70,3 кило.

Интизор меравад, ки сабқати асосии UFC 257 байни МакГрегор ва Поре тақрибан аз соати 8:00 то 8:30 субҳи 24 январ ба вақти Маскав оғоз шавад.

Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.
Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.

Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.

 

0
Барчаспҳо:
рақиб, рақобат, АМА, муҳориба, Макгрегор