Баҳман. Акс аз бойгонӣ

Беш аз 50 нафар дар Афғонистон пас аз фаромадани тарма нопадид шудаанд

9
(Таҷдидшуда 17:51 25.02.2015)
Теъдоди дақиқи осебдидагон ҳанӯз рӯшан нест, вале ҳадс зада мешавад, ки беш аз 20 нафар кушта ва ҳудуди 30 нафар зери барф мондаанд. Ҷасади шонздаҳ нафар аз зери қабати барф мунтақил шудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Беш аз 50 нафар дар пайи резиши баҳман (тарма) дар вилояти Панҷшер дар шимолу шарқи Афғонистон нопадид шудаанд, хабар медиҳад Khaama Press бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ.

Омори дақиқи осебдидагон рӯшан нест, вале эҳтимолан беш аз 20 нафар кушта шуда ва ҳудуди 30 нафари дигар зери қабати барф мондаанд.
Шонздаҳ ҷасад аз зери қабати барф берун кашида шудаанд.

Волии вилоят Абдул Раҳмон Кабирӣ гуфт, ки чанд манзили маскунӣ низ осеб дидаанд.

Панҷшер яке аз сиву чаҳор вилояти Афғонистон аст, ки 144,4 ҳазор ҷамъият дорад. Шаҳри Бозорак маркази маъмурии ин вилоят мебошад.

Дар Тоҷикистон низ барфрезии шадид қурбониҳое ба дунбол дошт.

Рӯзи якшанбеи гузашта дар ҷоддаи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар пайи резиши баҳман се нафар кушта шуданд.
Рӯзи сешанбе низ дар ин маҳал тарма болои мошини "Газел" фаромад ва дар натиҷа як нафар кушта шуд.

Барои таъмини амният дар ҷумҳурӣ дар ҳаракати васоили нақлия дар ҷоддаи Душанбе-Хуҷанд маҳдудияти шабона роҳандозӣ шуд.

9
Барчаспҳо:
50 нафар нопадид шуданд, тармафароӣ, резиши баҳман, вилояти Панҷшер, Абдул Раҳмон Кабирӣ, Панҷшер, Бозорак, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Барфрезӣ дар Панҷшери Афғонистон боис ба марги беш аз 200 нафар гардид (3)
Мавзуъ
Тарма дар ҷодаи Душанбе- Хуҷанд мунҷар ба марги боз ду нафар гардид
Ҳушдори ҳавошиносон аз фаромадани тарма дар манотиқи кӯҳистонӣ