Маскани тахирбшуда дар пайи резиши баҳман дар вилояти Панҷшер. 25 феврали соли 2015

Теъдоди қурбониёни резиши баҳман дар Афғонистон аз 200 кас бештар шуд

7
(Таҷдидшуда 17:35 26.02.2015)
Теъдоди қурбониёни тармафароӣ дар шимолу шарқи Афғонистон бештар аз 200 нафар шуд ва умури наҷот идома дорад.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тибқи иттилоъи ахир дар шимолу шарқи Афғонистон теъдоди қурбониёни тармафароӣ беш аз 200 нафар шудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Қаблан дар бораи кушта шуди 186 нафар хабар шуда буд.

Омори дақиқи кушташудагон ироъа намешавад, вале рӯшан аст, ки дар вилояти Панҷшер 168 нафар кушта шудаанд. Умури наҷот идома дорад ва эҳтимол меравад, ки теъдоди қурбониён боз афзоиш меёбад.

"Ҳоло мо миқдори аз ҳама бештари барф ва миқдори аз ҳама зиёди резиши баҳман дар 30 соли ахирро мушоҳида мекунем", — гуфт волии вилояти Панҷшер Абдул Раҳмон Кабирӣ.

Тоннаҳои зиёди барф рӯзи чаҳоршанбе ба чаҳор вилоят дар шимолу шарқи кишвар рехтанд ва бештар аз ҳама Панҷшер, ки аҳолиаш 144,4 ҳазор нафар аст, осеб дид.

7
Барчаспҳо:
тоннаҳои барф, тармафароӣ, резиши баҳман, гурӯҳҳои наҷот, Абдул Раҳмон Кабирӣ, Кобул, Панҷшер, Афғонистон
Мавзуҳо:
Барфрезӣ дар Панҷшери Афғонистон боис ба марги беш аз 200 нафар гардид (3)
Мавзуъ
Теъдоди қурбониён дар Панҷшери Афғонистон ба 124 нафар расид
Беш аз 50 нафар дар Афғонистон пас аз фаромадани тарма нопадид шудаанд
Сотрудник милиции проверяет салон маршруток в Душанбе

Аз боздошти ронандаҳои маст то афзоиши садамаҳои ҳалокатовар дар Суғд

10
(Таҷдидшуда 17:18 03.08.2020)
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд омори қоидавайронкунии ҳаракати роҳ аз ҷониби ронандаҳои маст ва шумори садамаҳои ҳалокатбор дар роҳ давоми шаш моҳи охирро шарҳ дод

ДУШАНЕБ, 23 авг – Sputnik. Бино ба оморе, ки дафтари матбуоти РВКД вилояти Суғд дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 300 ҳолати рондани воситани нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкор шудааст.

“Аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ аз ҷумла идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 301, идораи воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ 227, идораи воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳ бидуни иҷозат 182, идораи воситаи нақлиёт бо аломати қайди давлатии бегона 47 ҳолат ошкор карда шуда, дар умум ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 9 милиону 17 ҳазору 750 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи РВКД.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дар ин давра аз ҷониби масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ 183 ҳазору 833 ҳолати қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Ин рақам ҳарчанд дар муқоиса ба ин давраи соли қаблӣ ба андозаи 26, 3 ҳазор ё 12, 5 % кам аст, вале рухдоди садамаҳои ҳалокатовар ба 40 маврид ё 5, 3 % ва шумори шахсони ҳалокшуда ба 58 нафар расидааст, ки ин ба андозаи 20, 8 % зиёд шудааст.

Нимашаб маст аз тарабхона баромаданд: ҳабс ва ҷаримаи 4 духтар барои дашному занозанӣ

РВКД дар Суғд мегуяд, садамаҳои ҳалокатовар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Шаҳристон бештар қайд гирифта шудааст.

10

Садамаи мудҳиш дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд": мард бо чор фарзанд ва занаш ба ҷарӣ чаппа шуд

1372
Дар натиҷаи садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи байни пойтахт ва шимоли Тоҷикистон марди 40-сола ва тифли худсоли тақрибан 1-солааш ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дод, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ як худрави ҳомили шаш нафар, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, ба ҷарии ҳудудан 200-метра сарозер шуд.

Дар натиҷа ронандаи автомобил, падари хонавода ва тифли тақрибан яксолааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи 1 август дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, дар ҷамоати деҳоти Айнӣ рух додааст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Ашуров Абдуалим Рустамович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ,  аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 150-200 метр фаромада, чаппа шудааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа ронанда Ашуров А.Р ва фарзанди хурдсолаш, Ашурзода Иброҳим Абдуалим, соли таваллудаш 2019, аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, афзудааст манбаъ.

Фавти ноболиғ дар садама: ронанда ӯро дар роҳи мошингарди кӯча пахш кард

Инчунин, дигар мусофиронаш ҳамсараш, Холматова Саида Шамсидиновна, соли таваллудаш 1985, фарзандони ноболиғаш; Ашуров Исохон Абдуалимович, соли таваллудаш 2005, Ашурова Сумая Абдуалимовна, соли таваллудаш 2007, ва Ашурова Ҳалима Абдуалимовна, соли таваллудаш 2011, истиқоматкунадагони ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

1372