Мошини “Ford”, ки дар пайи қатли Немтсов онро мекобанд, моли ФГУП аст

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкБорис Немтсов дар маркази Москав кушта шуд
Борис Немтсов дар маркази Москав кушта шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази матбуотии вазорати молияи Русия тавзеъ доданд, ки Fordи ҷустуҷӯшаванда мошини идораи таъмини амниятӣ, ниҳоди мустақили ФГУП аст, ки дар хидмати вазорати молия, корхонаи тавлиди пул ва дигар муассисот мебошад.

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Мошине, ки онро дар чорчӯби таҳқиқи қатли мухолиф Борис Немтсов ҷустуҷӯ мекунанд, моли ниҳоди мустақили ФГУП аст ва он дар хидмати вазорати молияи Русия қарор дорад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии вазоратхона.

"Мошини Ford, ки дар борааш сӯҳбат меравад, моли вазорати молия намебошад. Ин мошини идораи таъмини амният, ниҳоди мустақили ФГУП аст, ки ба вазорати молия, корхонаи тавлиди пул ва дигар муассисот хидмат мекунад", — гуфтанд ба РИА Новости дар маркази матбуотии вазоратхона.

Гулдастаҳо дар маҳалли қатли сиёсатмадор Борис Немтсов - Sputnik Тоҷикистон
Маросими ҷаноза ва дафни Борис Немтсов дар Маскав баргузор мешавад

Тибқи шарҳи вазорати молия, ба ҳангоме, ки мошини ФГУП аз пул убур мекард, он ҷо аллакай мошини пулис ва маъмурони интизомӣ қарор доштанд.

Рӯзи чаҳоршанбе шабакаи телевизионии LifeNews хабар дод, ки дар чорчӯби таҳқиқи ин парванда мошини вазорати молия ҷустуҷӯ мешавад.

Хабарнигорон изҳор доштанд, ки бо ронандаи ин мошин дар тамос шуданд ва ӯ гуфтааст, ки аз маҳалли ҳодиса баъд аз вуқӯъи қатл убур кардааст.

Лентаи хабарҳо
0