По дороге в Душанбе. Архивное фото

Дар ноҳияи Айнӣ бар асари садама 4 нафар ҷон бохтанд

25
(Таҷдидшуда 11:12 05.03.2015)
Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ дод, ки бар асари як садамаи автомобилӣ дар наздикии деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, чаҳор сокини деҳкадаи Рарз бо шумули ду зан, ҷони худро аз даст доданд.

ДУШАНБЕ, 5 март — Sputnik. Бар асари садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Айнӣ, чаҳор нафар аз сокинони деҳаи Рарзи ин ноҳия ба ҳалокат расиданд, навиштааст "Радиои Озодӣ".

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ дод, ки бар асари як садамаи автомобилӣ дар наздикии деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ, чаҳор сокини деҳкадаи Рарз бо шумули ду зан, ҷони худро аз даст доданд.

Манбаъ афзуд, ҳодиса субҳи рӯзи чоршанбе дар километри 44-уми роҳи мошингарди миёни ноҳияи Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ дар наздикии деҳаи Вешаб рух додааст ва ронандаи мошини "ВАЗ 21" Шоҳназар Шоҳназаров аз рӯи беэҳтиётӣ аз баландии 100 метр сарозер мешавад, ки дар натиҷа ронанда ва се мусофир — Саима Мирзоев, Савримо Турсунова ва Мирсиддиқ Исматов ба ҳалокат мерасанд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони Идораи бозрасони вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ сабабҳои сар задани ин садамаро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ин дар ҳолест, ки чанде қабл дар ҳамин масир як мошини мусофирбари Старекс ба садама дучор шуда буд, ки 11 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

25
Барчаспҳо:
4 нафар, нақлиёт, марг, садама, Савримо Турсунова, Саима Мирзоев, Мастчоҳ, Айнӣ
Задержание, архивное фото

Боздошти марди 33-сола барои дуздии 22 ҳазор доллар аз хонаи ҳамдеҳааш

613
(Таҷдидшуда 12:25 26.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкурро дастгир карданд, ки дар дуздии 22 ҳазор долларро муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik.  Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи мазкур шикоят овардааст.

Дар шикояти ин мард гуфта шудааст, ки санаи 25-уми майи соли равон, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили ҷевон 22 ҳазор доллари амрикоӣ ва 26 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

ВУД таъкид доштааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Дар ҳоли ҳозир, гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, нисбати ин ҳодиса тафтишот аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.

613
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, дастгир, милитсия, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

1352
(Таҷдидшуда 12:07 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД Тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли 2019, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

1352
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Похороны в Таджикистане, архивное фото

Тӯраҷонзода дар бораи фавтидагон ва маризони “вируси корона”

0
(Таҷдидшуда 01:46 27.05.2020)
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳадисҳои саҳеҳ аз Паёмбари ислом (с) мавҷуданд, ки фавтидагони замони эпидемияро шаҳид хондааст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода гуфт, дини ислом дар боби қурбониён, гирифторон ва қонуни қавоиди беҳдоштии замони густариши маризиҳои вогир ё эпидемия ҳанӯз 1400 сол пеш бар асоси ҳадисҳои Паёмбар Муҳаммад (с) ҳукмҳои худро ҷорӣ кардааст.

Тураҷонзода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки “вируси корона” ҳам ба қатори вабову тоун маризии фарогир ё вогир буда, дар замонаҳои Паёмбар (с) шуюъ мекарданд.

Вай дар боби фавтидагон ду ҳадисеро мисол овард, ки саҳеҳ буда, аз сӯи Имом Бухориву Имом Муслим ривоят шудаанд: яке, “Шаҳодату уммати фи тоун” – “Шаҳодати уммати ман дар тоун аст” ва дигарӣ, “Дуъия ал-матъуну шаҳидан” - “Касе ки ба маризии тоун мемирад, ӯ дараҷаи шаҳодат мебарад”.

Азоби Худост ё раҳмат? шарҳи Тӯраҷонзода

“Паёмбар (с) мегуфтанд, ин як навъ азоби Худост, барои ҳар уммате, ки Худо хоҳад, мефиристад, аммо барои бандагони муъмин раҳмат аст. Манзур ин буд, ки худро қарантина карда, амали савоб анҷом диҳед, агар Худованд ба мо тақдир карда бошад, ба ҳамин беморӣ ҳалок мешавем, аммо агар тақдир накарда бошад, қазояш нарафта бошад, сад “вируси корона” – ву тоуну ҳар вабои дигар бошад, дар комаш ҳам ки бошем, ҳалок намешавем. Бояд ба ҳамин чӣ эътиқод дошта бошем. Ҳамин эътиқодро дошта бошеду мариз шаведу намиреду зинда ҳам монед, шумо савобу аҷри шаҳидро мегиред. Дар сурати фавтидан аз ин беморӣ, он гоҳ бандаи Худо шаҳид мешавад, фармудаанд Паёмбари ислом (с)”, - гуфт Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода.

Дар боби қарантина руҳонии саршиноси тоҷик мегӯяд, дар асри Паёмбари Ислом (с) дар Мадинаи мунаввара вабо ё табларза, ки ҳуммо мегуфтанд, иттифоқ афтода буд ва аз он айём ин ҳадис аз эшон дар “Саҳеҳайн” – и Имом Бухорӣ ва Имом Муслим нақл шудааст:

“Чун аз маризии вабо дар як сарзамин хабар ёфтед, агар дохил бошед, хориҷ ва агар хориҷ бошед, дохил нашавед”.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода дар такя ба манобеъи таърихӣ ин қиссаро меорад, ки як маризии вогир ё эпидемияи тоун низ дар замони хилофати Умар ибни Хаттоб (634 — 644) дар Шом (Сурияи имрӯз) иттифоқ афтода, мӯҷиби фавти 17 ҳазор нафар, ба шумули саҳобагони Паёмбар (с) шудааст.

Шумо аз қазои Худо мегурезед? Суол аз Умар, ки вориди минтақаи эпидемия нашуд

Бино ба ин манобеъ, он замон нерӯҳои хилофат барои забти Сурия, ки таҳти султаи Императории Византия буд, меҷангиданд ва халифа Умар соли 635 барои ошноӣ бо ҷабҳаи ҷанг аз Мадина озими Шом мешавад, аммо дар марз ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки аз роҳаш баргардад.

“Амирони лашкар ба истиқболи он кас баромаданд ва дар марзи Шом ба он кас хабар доданд, ки дар ин мулк тоун омадаву ҷони хеле аз мардумро рабудааст. Ҳазрат саҳобаҳоро ҷамъ карда, ба маслиҳат нишастанд, ки ворид шаванд, ё на. Ихтилофи назар шуд, чун ҳадиси Паёмбар (с)-ро бархе саҳобаҳо нашунида будаанд. Мегуфтанд, ки чун аз ҳамин қадар роҳ омадед, вориди Шом нашавед, кори хубе намешавад. Бархе гуфтанд, на, ҳаёти Шумо барои ҳифзи хилофат муҳим аст, агар гирифтор ва шаҳид шавед, хилофат нуқсон мебинад. Ба як хулоса намерасанд. Фардои он рӯз яке аз саҳобаҳо Абдураҳмон ибни Авф, ки дар он машварат набуд, ҳозир шуд ва гуфт, ки шахсан аз Расули Акрам (с) ин ҳадисро шунидааст. Ҳазрат гуфтанд, чун Паёмбар (с) гуфта бошанд, мо ҳам аз роҳ гаштем. Яке аз саҳобаҳо гуфт, ё амиралмуъминин, Шумо аз қазои Худо мегурезед? Ҳазрат гуфтанд, ки бале, мо аз қазои Худо ба сӯи қазои Худо мегурезем. Он тараф ҳам қазои Худост. Ҳар чӣ муқаддар карда бошад, ҳамон ба сарамон меояд”, - қисса мекунад руҳонии тоҷик.

Тӯраҷонзода дар бораи қарантина ва фосилаи иҷтимоӣ

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода мегӯяд, азбаски эпидемия ё маризиҳои вогир дар таърихи башар зиёд иттифоқ меуфтоданд ва рушди илми тиб ба дараҷае, ки дар замони муосир аст, набуд, воқеиятҳо собит месозанд, ки асли ҳама гуна тадобири беҳдоштӣ дар он замонҳо вуҷуд дошт.

“Қарантинае, ки ҳоло дар дунё ҳаст, 1400 сол пеш олами ислом ҷорӣ карда буд. Агар мардум аз кишваре, ки “вируси корона” сар зада буд, хориҷ ва ё он ҷо дохил намешуданд, ҳоло мо шоҳиди чунин фоҷиаҳо набудем. Паёмбари ислом (с) як ҳадиси дигар ҳам доранд: “Фирр мин ал-ҷузом, фирорака мин ал – асад” – “Аз касе, ки бемории ҷузом (бодхӯра, ки гӯшти баданро мехӯрад) дорад, мисле ки аз шер бошад, гурезед!” Ин ҳам далели фосилаи иҷтимоӣ! Ҳоло он чӣ дар бораи фосилаи иҷтимоиву қарантинаи хонагӣ аст ё кишварӣ, назофату беҳдоштиву гигиена, дасту биниро шӯеду тозагиро риоят кунед, мегӯянд, ҳама асли исломӣ доранд”, - гуфт руҳонии саршиноси тоҷик.

Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Тӯраҷонзода аз хонаводаи маъруфи Тӯраҷонзодаҳо, руҳониёни маъруфи тоҷик ва устоди улуми динӣ аст. Эшони Нуриддинҷон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, намояндагони дигари маъруфи ин хонавода ҳастанд

0
Барчаспҳо:
Муҳаммад, ҳадис, беморӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, вируси нав, Тоҷикистон