Таҷҳизоти тиббӣ. Акс аз бойгонӣ

Озодӣ: сарбоз як моҳ қабл аз мураххас шуданаш латукӯб шудааст

41
(Таҷдидшуда 09:46 11.03.2015)
Як сарбози нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо осеби ҷиддии косахонаи сар чор рӯзи охир дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Қарияи боло бистарӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Рӯзи гузашта Баҳриддин Насриддинови 22-сола, сарбози нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аснои ҷанҷол бо як ҳамхизматаш ҷароҳат бардоштааст, менависад радиои Озодӣ ба истинод пайвандони сарбоз.

"Аз рӯи гуфтаи шоҳидон, дар ошхона рафиқаш задааст. Ҳангоми сар задани ҳодиса касе дар он ҷо набуда, дигарон садои онҳоро шунида давида омадаанд. То ҳол аниқ намедонем чӣ гап гузаштааст. Сару рӯяш хеле варам карда буд. Шикамаш ҳам каме зарб хӯрдааст. Мегӯянд, ки гӯё як мушт зада бошаду тамом. Аммо бо як мушт чӣ тавр метавонад ду ҷой устухони сар кафад?!",- изҳор доштааст модари сарбоз Гулчеҳра Насриддинова аснои мусоҳиба бо радио.

Ба қавли модари аскар, ин ҳодиса ҳамагӣ  як моҳ пеш аз анҷоми хизмати аскарии писараш рух дод. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Феълан дар бораи шахсияти сарбози дигар, ки Насриддиновро латукӯб кардааст, чизе маълум нест.

Баҳриддин Насриддинови 22-сола, наздик ба ду соли пеш аз шаҳри Хуҷанд барои хизмати аскарӣ ба қисми низомии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе даъват шуд. Модараш мегӯяд, ки то ин дам ӯ на аз хизмати низомӣ ва на аз ҳамхизматҳояш ҳеч шикояте надошт.

Насриддинов дар ҳоли беҳушӣ қарор дошта, дар шӯъбаи эҳёгарии касалхона бистарист. Хароҷоти табобати ин сарбозро Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пардохт мекунад.

Масъулини қисми низомӣ дар беморхона ҳузур доштанд, аммо аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, дар додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии шикояти сарбози дигар, Шаҳбол Мирзоев ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ е бо даъвои пардохти 180 ҳазор сомонӣ (муодили 30 ҳазор доллар) ҷуброни зарари сомонӣ зарари маънавӣ идома дорад. Мурофиаи навбатии додгоҳӣ рӯзи 12 март баргузор хоҳад шуд.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли 2013 довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли 2014 аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латту кӯби шадид қарор гирифта, сутунмӯҳрааш мешиканад. Пас аз табобати тӯлонӣ дар хориҷ ва дохили кишвар сарбоз ҳанӯз мустақилона ҳаракат карда наметавонад.

41
Барчаспҳо:
қабл аз мураххасӣ, беморхона, косахонаи сар, латукӯби сарбоз, неруҳои зудамали ВМ, вазорати мудофиа, КДАМ, Шаҳбол Мирзоев, Гулчеҳра Насриддинова, Баҳриддин Насриддинов, Ашт, Душанбе, Тоҷикистон
ДТП, архивное фото

Мошини боркаши “ДОЛУН” ба чуқурии канори роҳ чаппа шуд: ронанда ба ҳалокат расид

40
(Таҷдидшуда 12:07 30.05.2020)
Вазорати умури доохилаи Тоҷикистон дар бораи садамаи маргбор дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” хабар доданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон санаи садамаи маргбор санаи 29-уми майи соли равон тахминан соати 02:30-и шаб дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” рух додааст.

Тавре манбаъ хабар додааст ронандаи мошини боркаши тамғаи “ДОЛУН”, таҳти идораи Зиёхолов Саидбек Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар 84-км аз шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёхсу аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинашро дар чуқурии канори роҳ чаппа кардааст.

ВУД Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар натиҷаи ин садама худи ронанда Зиёхолов Саидбек ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки мусофири дар дохили автомашинаи мазкур буда, Қурбонов Ҷаҳонбек Шарифович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдат ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандни милитсияи ҷумҳурӣ аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

40
Барчаспҳо:
мошин чаппа шудааст, шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, шоҳроҳ, маргбор, Тоҷикистон, садама
Детская игрушка возле дороги

Духтараки ду сола зери чархи мошини боркаш ба ҳалокат расид

148
(Таҷдидшуда 12:38 30.05.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуше, ки дар ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сурат гирифтааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, фавти кӯдаки ду сола зери чархи мошини боркаш санаи 29-уми майи соли равон сурат гирифтаат.

Манбаъ қайд намудааст, ки ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Зил ММЗ-554”, Тошматов Эшонқул Добулович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Қ.Ғиёсови ноҳияи А.Ҷомӣ ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан дар роҳи байнидеҳавии деҳаҳои Б.Ҳилолӣ ва Шерободи ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи мазкур хурдсол Ватаниева Солеҳамоҳ Маҳмадюнусовна, соли таваллудаш 2018, сокини ҷамоати деҳоти Дӯстии ҳамин ноҳияро пахш намудааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса хурдсол, Ватаниева Солеҳамоҳ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир? кормандони милитсия аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабап дода буд, ки  як ронанда дар шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётӣ духтарчаи панҷ соларо дар назди нуқтаи шустушӯи воситаҳои нақлиётӣ ба номи “AUTO SPО” пахш намуд.

Дар натиҷа, хурдсол Хайруллоева Нозия ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

148
Барчаспҳо:
дӯстӣ, ҳодисаи нохуш, ҳодиса, садама, Тоҷикистон
Сотрудники птицефабрики, архивное фото

Соҳибкорони Суғд иқтисоди вилоятро мечархонанд: бунёди ду фермаи нав дар Деваштич

0
(Таҷдидшуда 12:38 30.05.2020)
Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо кумаки соҳибкорони маҳалӣ фермаи мурғпарварӣ ва фермаи чорводорӣ бунёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Дафтари матбуоти мақооти вилояти Суғд, эълон даштааст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати “Ҳоҷирасул” ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати “Нури Дален” идома дорад.

Манбаъ зикр намудааст, ки сохтмони иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд.

Гуфта шудааст, ки дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат- тухми парранда ва гӯшти моли калон таъмин хоҳанд кард.

Ҳамчунин мнабаъ хабар додааст, ки дар ин ҷамоат сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад.

Ин иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст”, - таъкид доштааст мақомоти вилояти Суғд.

Мақомоти вилоят амалӣ шудани чунин иқдомотро дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодӣ ноҳия арзёбӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
бунёд, мурғпарварӣ, Деваштич, Тоҷикистон