Опрокинутый знак пешеходного перехода. Архивное фото

Ду нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҳалок шуданд

11
(Таҷдидшуда 14:56 30.03.2015)
Аснои садамаҳои нақлиётӣ ду пиёдагарди солхӯрда, яке дар ноҳияи Рӯшони Бадахшон ва дигаре дар ноҳияи Хуросони Хатлон қурбон шудаанд.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ронандаи 54-солаи "Опел Астра" аз ноҳияи Қубодиён, зимни ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба тарафи Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, шаҳрванд Раҳматов Р, сокини 82-солаи ҷамоати деҳоти Оби-киикро зер намудааст, иттилоъ медиҳад ВКД ҶТ.

 "Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст",-меафзояд сарчашма.

Ҳодисаи маргбори дигар дар ноҳияи Рӯшон рух додааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Чанху", Сарабеков С. соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Рӯшон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи мазкур ба самти деҳаи Дерзуд аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шакархонов Б. соли таваллудаш 1941, сокини деҳаи Дерзудро зер кардааст: "Дар натиҷа охирон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст".

Оиди ин ду далел парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

11
Барчаспҳо:
қурбонӣ, ду нафар кушта шуданд, садама, ВКД ҶТ, Раҳматов.Р, Сарабеков С, Дерзуд, вилояти Хатлон, Рӯшон, Қубодиён, Тоҷикистон