Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Садамаҳо дар Қаратоғ ва Панҷакент боиси марги ду нафар гардиданд

10
РБДА мегӯяд, дар пайи ду садамаи нақлиётӣ дар як рӯзи ахир, ду нафар ҷони худро аз даст додаанд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Рӯзи чоршанбеи 8 апрел як зани 43-солаи шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғ, идораи сабукрави "Киа-Гадензе"-ро аз даст дода, ду нафарро зер мекунад, омадааст дар хабари сомонаи ВКД ҶТ.

Манбаъ мегӯяд, пиёдагарди аввал марди 39-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Ҷабрдидаи дуюм, ки 30 сол дошта, сокини шаҳри Турсунзода будааст, ҳоло дар беморхона бистарист.

Ҳамчунин дар ин рӯз як садамаи нақлиётии маргбори дигар низ сар дар шимоли кишвар рух додааст.Ронандаи автомашинаи тамғаи "Дамас", марди 52-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" таҳти идораи ронандаи 26-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст.

"Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи "Дамас" — духтарчаи хурдсол, соли таваллудаш 2013, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дида, дар беморхона ба ҳалокат мерасад",- менависад сарчашма.

Оиди ҳар ду далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.  

10
Барчаспҳо:
ҳалокати одамон, ду нафар ҷон бохтанд, садама, РБДА, ВКД ҶТ, Турсунзода, Қаратоғ, Панҷакент, Тоҷикистон
Маросими дафни Баҳром Гафурӣ

Сипоси падари Баҳром Ғафурӣ ба ғамшарикони хонадонаш

117
Хонаводаи Бахром Ғафурӣ, овозхони марҳуми тоҷик, ба тамоми дӯстону азизоне, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ғамшарикӣ кардаанд, изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Баҳром аввал ба шумо – миллати бошараф ва мухлисони азизаш, сипас ба хонаводаи мо тааллуқ дошт, омадааст дар изҳороти хонаводаи мотамзада.

“Аз замин то осмон аз якояки шумо миннатдорем. Худованд ҳамаи шуморо аз балову офатҳои заминиву осмонӣ нигаҳбон бошад!”, - дуо кардаанд аҳли байти сароянда.

Сипосномаро яке аз дӯстони хонавода, рӯзноманигор Фахриддини Холбек дар саҳифаи фейсбукияш аз номи падари хонадон - амаки Шамсиддин, бародарони Баҳром - Анвар, Музаффар, Вайсиддин, писаронаш – Анӯшервон ва Эҳсон ва бақияи аъзои хонаводаи Баҳром Ғафурӣ нашр кардааст.

Баҳром Ғафурӣ бар асари садамаи маргбор санаи 7-уми августи соли равон, тахминан соати 04:00 ҷон дода буд.

Бино бар иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, Анварзода Ислом Қурбон, соли таваллудаш 1991, муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе суръати автомашинаро баланд карда, ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст. .

Ба иттилои мабаъ, дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки худи ронанда Анварзода ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

117
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, овозхон, Тоҷикистон
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджикенте

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз омадани сел дар ВМКБ

81
(Таҷдидшуда 12:53 12.08.2020)
Давоми чанд рӯзи оянда обшавии пиряхҳо метавонад боиси фаромадани сел дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, давоми се рӯзи оянда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкони омадани сел дар назар аст.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, чунин ҳодисаи табиӣ метавонад  дар минтақаҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим рух диҳад.

Манбаъ мегӯяд, гармии бефосилаи тобистон ва баланшавии ҳарорат сабаби обшавии пиряхҳо ва  омадани селро дар пай дошта бошад.

Хатарнок: КҲФ ҷойҳои мамнӯъ барои оббозӣ ва истироҳатро нишонгузорӣ мекунад

КҲФ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар минтақаҳои кӯҳистон  ҳангоми чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва сайёҳӣ дар кӯҳҳо эҳтиёткор бошанд.

Офатҳои табиӣ ба вилояти Суғд зиёда аз 14 миллион сомонӣ хисорот овардааст

Ёдрас мешавем, ҳарорати баланди то 44 дараҷа сар моҳи май дар Тоҷикистон идома дорад.

 

81