Одамон дар Карочи худро бо ғами исмоилиён шарик медонанд

Шоҳзода Оқохони чаҳор аз куштори исмоилиён такон хӯрдааст

172
(Таҷдидшуда 17:20 15.05.2015)
Ба автобусе, ки 60 нафар пайравони мазҳаби исмоилия дар дохили он буданд, гурӯҳи номаълум ҳамла кард. Дар пайи ин 43 тани онҳо ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон, шоҳзода Оқохони IV аз ҳамла ба автобусе, ки исмоилиёнро интиқол медод ва сабаби ҳалокати 43 нафар шуд, такон хӯрда ва андӯҳгин шудааст, омадааст дар баёнияи хадамоти матбуотии Созмони Оқохон оид ба Рушд дар Тоҷикистон.

"Ин ҳамла як хушунати бемаънӣ зидди ҷомеаи осоишта аст",- иброз доштааст пешвои исмоилиён.

Зимнан,  вай барои қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Карочи ба автобусе, ки исмоилиёнро ба коргоҳашон мебурд, дуо фиристода, афзудааст, исмоилиён як ҷомеаи сулҳдӯсти ҷаҳонанд ва бо гурӯҳҳои дигари маҳзабию қавмӣ дар бисёр кишварҳои дунё ҳамзистии осоишта доранд.

Изҳороти Шоҳзода Оқохони IV пас аз чанд соати ҳамлаи шаш марди мусаллаҳ дар шаҳри бандарии Карочии Покистон дар рӯзи чаҳоршанбе ба як автобус, ки пайравони равияи исмоилияро ба як зиёратгоҳ мебурд,нашр шуд. Он 43 кушта бар ҷой гузоштааст. Дар миёни кушташудагони 16 зан ва 27 мард мебошанд. Ҳамлаварон ҳатто ба кӯдакон  дар ин автобус раҳм накарда ва чандин тани онҳоро маҷрӯҳ кардаанд. Дар ин автобус беш аз 60 мусофир ҳузур доштаанд. Ин мардони мусаллаҳ пас аз анҷоми ин тирпарронӣ савори се мотосикл аз маҳалли ҳодиса фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, "Ҷундуллоҳ" — шохаи ҷудошуда аз Толибони покистонӣ масъулияти ин кушторро ба ӯҳда гирифтааст.  

Шаҳри бандарии Карочӣ бо доштани беш аз 15 миллион аҳолӣ яке аз шаҳрҳои нооромӣ Покистон ба шумор меравад ва гуфта мешавад, ки қатлҳои ҳадафмандона дар ин авохир афзоиш ёфтааст. Танҳо давоми як ҳафтаи ахир ду афсари баландпояи амниятӣ, як донишҷӯ ва як фаъоли ҷомеаи маданӣ дар ин шаҳр кушта шудаанд.

Мақомҳои Покистон, аз ҷумла Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи Карочиро маҳкум намуда ва дастур додааст, ки ин ҳодиса таҳқиқ шавад. Фармондеҳи артиши Покистон Роҳил Шариф низ бинобар ин ҳодиса, сафари худ ба Шри-Ланкаро ба таъхир андохтааст.

172
Барчаспҳо:
такони шоҳзода Оқохони чаҳор, 43 нафар дар Карочӣ ба ҳалокат расид, куштори исмоилиён, Ҷундуллоҳ, Толибон, Роҳил Шариф, Оқохони IV, Навоз Шариф, Шри-Ланка, Карочӣ, Покистон