Зимни ҳамлаи ҷангҷӯён ба Park Palace дар Кобул панҷ нафар кушта шуданд

© wikimedia.orgКобул. Акс аз бойгонӣ
Кобул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амалиёт барои маҳви се нафар ҷангҷӯ ва озодкунии гарвгонон панҷ соат идома дошт. Дар миёни авроди кушташуда ва захмишуда аз сӯйи террористон атбоъи ИМА ва Ҳинд ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Панҷ нафар зимни ҳамлаи ҷангҷӯён ба меҳмонхонаи Park Palace дар Кобул, ки шоми рӯзи чаҳоршанбе рух дод ва ин меҳмонхона миёни атбоъи хориҷӣ маҳбубият дорад, кушта шуданд, менависад Khaama Press.

Дар миёни кушташудагон ва шаш нафар захмиҳо атбоъи Амрико, Ҳинд ва Афғонистон ҳастанд.

Амалиёти маҳви се нафар ҷангҷӯ ва наҷоти гаравгонон панҷ соат идома дошт. Ниҳодҳои интизомӣ ба гуфтаи раиси пулиси Кобул Абдул Раҳмон Раҳимӣ 54 нафарро наҷот додаанд.

То ҳол ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои фаъол дар минтақа масъулияти ин ҳодисаро бар зимма нагирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0