Раъду барқ. Акс аз бойгонӣ

Раъду барқ дар Суғд: як нафар ҳалоку шаш каси дигар осеб диданд

7
(Таҷдидшуда 15:47 01.06.2015)
Дар пайи зарбаи раъду барқ, як сокини вилояти Суғд ҷон бохта, шаш тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бар асари раъду барқ як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фавтида, шаш каси дигар захм бардоштанд, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста.

Ба қавли сардори хадамоти матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарипов, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи 30-юми май, тахминан соати шаши бегоҳ дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

 "Аз зарбаи барқ Эрмубин Тоҷибоева, сокини 64-солаи деҳаи Сурхчашмаи ноҳияи Ғафуров ба ҳалокат расида, шаш нафар ҳамроҳаш — як марду шаш зан ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд."

Гуфта мешавад, ду нафари дигар аз ин гурӯҳ, ки ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардоштаанд, баъди муоинаи табибон ба манзилашон баргаштаанд. Як нафари онҳо аз шаҳраки Консойи Қайроқум буда ва дигарон истиқоматкунандаи ноҳияи Ғафуров мебошанд.

Дар пайи бориши шадиди соли ҷорӣ шашумин мавриди зарби раъду барқ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки одамон қурбон шуда ва ё осеб мебинанд.

7
Барчаспҳо:
шаш зан ҷароҳат бардоштанд, ҳалокати як нафар дар шимоли кишвар, раъду барқ, Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Акбар Шарипов, Консойи Қайроққум, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Суғд