Одамон дар Ҳиндустон худро аз гармӣ наҷот медиҳанд. 28 майи соли 2015

Гармӣ дар Ҳиндустон боиси марги 2,3 ҳазор нафар шудааст

6
(Таҷдидшуда 09:21 02.06.2015)
Теъдоди қурбониёни гармии ғайриоддӣ дар аёлотҳои Ҳиндустон меафзояд, дар ҳамин ҳол нишондодҳои бардурӯғи сабаби маргу мири одамон низ барои гирифтани ҷубронпулии ваъдагии мақомот бештар ба мушоҳида мерасад.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар ҷануби Ҳиндустон аз гармои ғайриодии ҳаво 2300 нафар ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хабари оҷонсии DPA.

Ба қавли манбаъ, пас аз он ки мақомот тасмими пардохти ҷубронпулиро барои қурбониёни гармӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор рупия (беш аз $1500) эълом кард, шумори фавтидагон дар аёлоати Андхра-Прадеш ду маротиба бештар шуд.

Теъдоди расмии ҳалокшудагон аз гармӣ 600 нафар гуфта мешавад. Ҳоло дар ҳар як ноҳияи минтақа комиссияи махсус барои муайян кардани шумори ҳаққонии фавтидагон фаъолият дорад.

Як ҳафта ба ин сӯ ҳарорат дар соя аз 47 дараҷаи Селсиус поён намеравад. Бемористонҳо пур аз офтобзадаҳост ва рухсатӣ рафтани пизишкон манъ шудааст.

6
Барчаспҳо:
офтобзадаҳо, 47 дараҷаи Селсиус, гармии бесобиқа дар Ҳиндустон, мақомоти Андхра-Прадеш, Андхра-Прадеш, Ҳиндустон
Мавзуъ
Ҳаммом ва ҳавочол барои бабру паланг- чораҳои наҷоти ҳайвонот дар Ҳиндустон
Собака, архивное фото

Наҷоти саг аз чоҳ дар Душанбе

134
(Таҷдидшуда 21:46 22.11.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сагеро наҷот доданд, ки дар чоҳ афтид

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Наҷотдиҳандагон дар шаҳри Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд, хабар дод Раёсати КҲФ дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт иттифоқ афтодааст.

“Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфт, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун орад”, - омадааст дар иттилоия. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, вазъро арзёбӣ кардаанд. Ба иттилои котиботи КҲФ, маълум шуд, ки барои ин кор танҳо метавон аз таҷҳизоти Alpine истифода кард.

“Онҳо ба чоҳ поин шуданд ва сагро беозор боло оварданд. Чун соҳиби саг он ҷо буд, ҳайвон ба наҷотдиҳандагон ҳеч муқовимате ҳам накард”, - таъкид кард манбаъ.

КҲФ илова намуд, ки саги афтода ба чоҳ солим берун оварда шуд ва ба ёрии байторӣ ниёз надошт.

134
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, Тоҷикистон
Бокал вина, архивное фото

Се литр вино ва дашном: Нуриддин фавтиду Шайдуло паси панҷара рафт - навор

885
(Таҷдидшуда 16:21 22.11.2020)
Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ аз боздошти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки ҳамгоми мастӣ даст ба одамкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ, бо гумони одамкушӣ кормандони пулис Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдаровичи 45 соларо боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор санаи 17-уми ноябр дар дохили ошхонаи “Сомғор”-и ноҳияи мазкур дар ҳолати мастӣ сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдарович бо ошпази ҳамин чойхона Идрисов Нуриддин Ахмедовичи 60-сола истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд якҷо майнӯшӣ карда, дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада охиринро то дами марг задааст.

Гуфта мешавад, то лаҳзаи сар задани ҳодиса Шайдуллоев Шайдулло ва Идрисов Нуриддин, ки муносибати дӯстона доштаанд, маслиҳати майнӯшӣ мекунанд. Аз истеъмоли шароби дастӣ омодашуда ҳамқадаҳон ба зудӣ маст мешаванд ва миёнашон мунозираи лафзӣ сар мезанад”,- афзудааст манбаъ.

Шайдуллоев дар бозпурсӣ нишондод додааст, ки дашноми аз ҷониби ошпаз садододаро таҳаммул карда натавониста, бо дасту пой ва мизу курсию ашёҳои дар гирду атроф бударо ба сару рӯи ӯ зада аз пой меафтонад, ки дар натиҷа ҳалок мешавад.

Оқибати майнушӣ: соҳибхона дар ҳолати мастӣ ҳамқадаҳи 50 - солаашро то мурдан куфт

Худи Шайдуллоев мегӯяд, ҳодиса пас аз нӯшидани беш аз се литр вино сар зад.

ВУД мегӯяд, ҳоло нисбат ба Шайдуллоев парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

885
Барчаспҳо:
ошпазӣ, куштор, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон
Молния, архивное фото

Мудири ҳавошиносони Тоҷикистон гуфт, хизматрасониҳо беҳтар мешаванд

0
(Таҷдидшуда 19:55 23.11.2020)
Диловар Дӯстзода, мудири Ожонси обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, хизматрасонии ин ниҳод беҳтар карда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дӯстзода зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, вазъи феълии байналмилалӣ ва тағйироти иқлимии сайёра зарурати ба роҳ мондани хизматрасониҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯйро ба миён овардааст.

“Бо дарназардошти ҳолати пешомада хизматрасониҳои навро таҳия намуда, ба ҷонибҳои ҳавасманд пешниҳод менамоем. Зимнан, Ҳукумати мамлакат ба рушди Агентии обуҳавошиносӣ таваҷҷуҳ намуда, сохторҳои марбутаи онро бо таҷҳизоти наву замонавӣ мунтазам таъмин менамояд. Ин ҷиҳат моро водор месозад, ки вобаста ба пешгӯйӣ ва дастрасии маълумоти обуҳавошиносӣ чорабиниҳои заруриро дар сатҳу сифати баланд амалӣ намоем”, - иттилоъ дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Дӯстзода.

Таъкид шудааст, ки дар ҷумҳурӣ гирифтани ҳосили баланди зироат, рушди чорводорӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ҳамкориҳои дуҷониба бо сохторҳои сайёҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба маълумоти саҳеҳ ва саривақтии обу ҳаво марбут мебошад.

Зикр гардидааст, ки таъмини саривақтии маълумоти дақиқи обуҳавошиносӣ сокинонро  аз хавфу хатар сари вақт огоҳ месозад.

0