Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Чин

10
(Таҷдидшуда 09:35 04.06.2015)
Киштии мусофирбари “Ситораи Шарқ” ба таври ногаҳонӣ ба қаъри об фурӯ рафт. Дар дохили ин киштӣ наздики 460 нафар мусофиру нохудо (капитан) қарор доштанд.

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ғарқ шудани як киштии мусофирбари Чин унвонии президенти ин кишвар Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол кардааст, менависад сомонаи президент.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, дар ин нома аз ҷумла гуфта мешавад, дар Тоҷикистон хабари ғарқ шудани киштии мусофирбарро дар рӯдхонаи Янтсзи дар музофоти Хубэй, ки сабаби ҳалокати одамон шуд, бо андӯҳ қабул кардааст.

"Аз номи ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба наздикону пайвандони қурбониён изҳори тасаллият амиқ мекунем", — омадааст дар ин нома.

Киштии мусофирбари "Ситораи Шарқ" 1 июн бо наздики 460 мусофираш ғарқ шуд. Тибқи охирин маълумот, шумори ҳалокшудагони ин киштӣ ба 65 нафар расидааст, менависад РИА Новости.

Барои наҷоти мусофирон 4 ҳазор нафар наҷотдиҳанда, 110 кишти ва 180 нафар ғаввос ҷалб шудааст.

10
Барчаспҳо:
ҳалокати 65 нафар, об, 460 нафар, мусофирон, тасаллият, нома, ғарқшавӣ, "Ситораи Шарқ", Си Ҷинпин, Эмомалӣ Раҳмон, Чин, Тоҷикистон
Мавзуъ
Муноқишаи наздикони мусофирҳои киштии ғарқшуда бо мақомоти Шанхай