Нашъа. Акс аз бойгонӣ

Даргирӣ дар марз: ҳалокати як қочоқчӣ ва мусодираи 69 кило нашъа

10
(Таҷдидшуда 16:55 05.06.2015)
Задухӯрди мусаллаҳона миёни сарҳадбонони тоҷик ва нашъаҷаллобони афғон ду маротиба ба вуқӯъ пайваст, аз маҳалли ҳодиса бошад 69 килограмм маводи мухаддир дарёфт шуд.

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Аснои як амалиёти вижа дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддира забту мусодира гардидааст, иттилоъ медиҳад ОИ Авеста бо истинод ба дафтари матбуотии Сарраёсати неруҳои сарҳадбонии КДАМ-и Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, рӯзи чаҳоршанбе миёни марзбонони отряди сарҳадии "Ҳамадонӣ" ва шаҳрвандони Афғонистон, ки қасди убури ғайриқонунии марзро доштанд, задухурди мусаллаҳона сурат гирифт.

"Ҷинояткорон аз торикии шаб истифода карда, ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурданд. Аз ҷои ҳодиса 42 кило бангдона ва 2 килограмм афюн дарёт шуд",- гуфтанд аз дафтари матбуотии ин ниҳод ба оҷонсӣ.

Худи ҳамон шаб, гурӯҳи дигари қочоқчиёни афғон тариқи сарҳад ба хоки Тоҷикистон ворид шудан хостанд, аммо мавриди тирборони марзбонҳои отряди "Панҷ" қарор гирифтанд. Дар натиҷаи задухӯрд як нашъаҷаллоб ба ҳалокат расида, дигарон ба қаламрави кишварашон фирор карданд.

"Аз маҳалли ҳодиса 25 кило ҳашиш, автомати Калашников бо се тирдон дарёфт шуд",- менависад манбаъ.

Аз рӯйи ин далоил парвандаҳои ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

 

10
Барчаспҳо:
ҳашиш, нашъа мусодира шуд, қочоқчиёни афғон, ҳалокати як қочоқчӣ, сарҳадшикании шаҳрвандони Афғонистон, Сарраёсати марзбонии КДАМ, КДАМ, Афғонистон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Кашфу мусодираи 32 кило ҳероин дар Бадахшони Афғонистон
Барои тақвияти неруҳои амниятии Афғонистон НАТО $60 млн ҷудо мекунад
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона

8
(Таҷдидшуда 11:43 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ҷавони мазкур дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст. 

Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

8
Барчаспҳо:
ҷавон, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошт, фоҳишахона, Тоҷикистон
Пожарная машина в Душанбе

Тафсилоти сӯхтори бозори "Султони Кабир": сабаб ва ҳаҷми хисорот маълум шуд

551
(Таҷдидшуда 11:34 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, оташнишонон ба маблағи 2 миллион сомонӣ молу маҳсулоти мардумро аз сӯхтор наҷот доданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Омили асосии сӯхтор дар бозори "Султони Кабир", ки субҳи рӯзи 25 январ рух дод, расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифта буд.

ВКД сабаби зиёд шудани сӯхтор дар Тоҷикистонро гуфт

Гуфта мешавад, алангаи сӯхтор бо гузашти 2 соат ва бо заҳмати 348 нафар кормандони оташнишонӣ пурра хомӯш гардид. Дар хомӯш шудани сӯхтор ҳамчунин 16 автомашинаи оташнишонӣ ва 200 корманди дастаи таъиноти махсус, РВКД дар шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расонида шуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

"Аз оташ молу маҳсулоти мардум ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ эмин дошта шуд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи сӯхтор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Бояд қайд кард, ки ин бори дувум аст, ки давоми се соли ахир дар бозори "Султони Кабир" оташсӯзӣ сар мезанад. Дар оташсӯзии моҳи июни соли 2018 бистуяк мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.

"Султони Кабир" яке аз бозорҳои аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ соли 2000 бунёд шуда, дар он 1700 соҳибкор кор мекунанд.

551
Барчаспҳо:
сабаб, сӯхтор, Султони Кабир