Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ

Собиқ муовини вазири умури дохила дар садама ба ҳалокат расид

20
(Таҷдидшуда 12:04 08.06.2015)
Тайи рӯзҳои истироҳат дар роҳҳои кишвар се нафар ба ҳалокат расидаанд ва муовини собиқи вазири умури дохилаи Тоҷикистон низ миёни қурбониён ҳаст.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Муовири пешини вазири умури дохилии Тоҷикистон Саид Ҷӯрақулов дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд- Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст.

Саид Ҷӯрақӯлов аз соли 2004 то соли 2005 муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон буд. Охирҳои соли 2005 сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВУД таъин гардида, баъдан то замони бознишастагӣ ба ҳайси намояндаи "Интерпол"-и Тоҷикистон кор кард. Мавсуф ҳамагӣ 63 сол дошт.

Ба иттилоъи манбаъ, мошини "Тойота Прадо", ки генерал-майор Саид Ҷӯрақӯлов савори он будааст, рӯзи шанбеи 6 июн ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба як мошини дигар бархӯрдааст.

Ду нафари дигар дар садамаҳои ба ин монанд дар ноҳияи Ваҳдат ва Ҷомӣ ба ҳалокат расидаанд.

 

20
Барчаспҳо:
сонеҳа, садама, ҳалокати собиқ муовини вазир, ВКД, Саид Ҷӯрақулов, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Дар ноҳияи Айнӣ бар асари садама 4 нафар ҷон бохтанд