Раъду барқ. Акс аз бойгонӣ

Се хоҳар дар пайи раъду барқ дар ноҳияи Рӯдакӣ фавтиданд

6
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, 2 нафар аз ин хоҳарон дар ҷои ҳодиса ва севумӣ дар беморхона фавтидааст.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари раъду барқ се нафар ба ҳалокат расидаанд, хабар додааст хабаргузории "Озодагон".

Ин ҳодиса рӯзи душанбеи 8 июн дар ҳудуди рустои Тоҷикободи ҷамоати Зайнабобод рух додааст, гуфтааст Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба хабаргузорӣ.

Нозимов аз ҳалокшудаҳо хоҳарон Марҳабо, Мавлуда ва Нигина Саидоваҳо ном бурда афзудааст, "Нигинаи 28-сола ва Марҳабои 17-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд, Мавлуда дар беморхона ҷон додааст".

Бори аввал нест, ки дар соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон бар асари раъду барқ кушта мешаванд. Қаблан ҳодисаи ҳалокати сокинони шимоли кишвар бар асари раъду барқ расонаӣ шуда буд.

6
Барчаспҳо:
беморхона, се хоҳар, ҳалокат, офати табиӣ, раъду барқ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Ориф Нозимов, Нигина Садоваҳо, Мавлуда, Марҳабо, Рӯдакӣ