Под водой в бассейне. Архивное фото

Се кӯдак ба таври фоҷиавӣ дар ҳавз ғарқ шуданд

10
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 фарзанди як хонавода аз болои дарахт ба ҳавз афтода, ҳалок шудаанд.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Се кӯдак дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз болои дарахт ба ҳавз сарозер шуда, ғарқ гардидаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Оқилҷон Оқилов, ёвари раиси шаҳри Бобоҷон Ғафуров рӯзи 16 июн дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 14 июн дар ҷамоати Унҷии ноҳияи мазкур рух додааст.

"Онҳо дар ҳавзи колхоз ҳангоми бозӣ ғарқ шудаанд. Яке аз онҳо хонандаи синфи як буда, якеи дигар дар синфи ду ва сеюмӣ дар синфи се таҳсил мекарданд. Ҳар се кӯдак ҳалок шудаанд", — гуфтааст Оқилов.

"Ин фоҷиа рӯзи якшанбе дар ҳавзи колхоз рӯй дод. Падару модари ин кӯдакони бечора колхозчии оддианд. Ин як бадбахтии бузург буд, ки ба сари ин хонавода омад", — гуфтааст Абдулатиф Маҷидов, раиси ҷамоати Унҷӣ.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки як писари 7-сола ва ду духтари 9 ва 11-сола дар Бобоҷон Ғафуров дар ҳавзи як ҳавлӣ ғарқ шудаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, кӯдакон болои шохаи дарахт нишаста буданд, вале шохаи дарахт вазни онҳоро бардошта натавониста, шикастааст. Дар натиҷа ҳарсе кӯдак ба ҳавзи чуқуриаш 2 метр афтодаанд.

"Азбаски ҳеҷ кадоми ин кӯдакон шино карда наметавонист ва дар ин ҳангом касе аз калонсолон дар хона набуд, ҳарсе кӯдак, ки фарзандони як хонавода буданд, ҳалок шуданд," — мегӯяд намояндаи ин Кумита.

Ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар кӯлу дарёҳову каналҳо ва ҳавзҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ҳалок мешаванд. Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, дар соли 2014 дар ин кишвар 112 нафар ва дар соле пеш 124 нафар ғарқ шудаанд. 22 нафар аз онҳое, ки дар соли 2014 ғарқ шудаанд, кӯдакони зери синни 10 буда, 15 тани дигар то 17 сол доштаанд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодда риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз як сӯ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ аз сӯи дигар аз сабабҳои умдаи ғарқ шдуни чунин шумори бузурги афрод дар ҳавзу дарёҳои Тоҷикистон ном мебаранд.

10
Барчаспҳо:
ҳавз, хурдсол, як хонавода, 3 кӯдак, ҳалокат, фоҷиа, Абдулатиф Маҷидов, Бобоҷон Ғафуров