Тасодум. Акс аз бойгонӣ

Дар ҷоддаҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯз панҷ нафар фавтиданд

4
(Таҷдидшуда 16:34 23.06.2015)
Ноӯҳдабароӣ зимни ҳаракати васоили нақлия боиси фавтидани чанд нафар дар шабонарӯзи гузашта шудааст ва дар ин миён ду кӯдак низ ҷон бохтаанд.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар пайи сонеҳаҳои нақлиётӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон рӯзи душанбе панҷ нафар фавтидаанд, хабар медиҳад сомонаи ВКД ҶТ.

Аз ҷумла, дар минтақаи Навободи вилояти Хатлон аз сӯйи кормандони бозрасии автомобилӣ тасодуме бо ширкати ронандаи 52-солаи мошини тамғаи "Mitsubishi pajero" сабт шудааст. Ин мард зимни ҳаракат аз шаҳраки Ховалинг ба самти шаҳри Кӯлоб идораи нақлиётро аз даст дода ва дар канори ҷодда сарозер шуд ва дар натиҷа ҷароҳатҳо бардошта зимни интиқол ба бемористон фавтид.

Дар ҳамин рӯз, ронандаи 40-солаи мошини тамғаи "Оpel vectra", зодаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷоддаи "Исфара-Ботканд" бо мотороллери тамғаи "Т-200" таҳти идораи сокини ноҳияи Исфара бархӯрдааст. Ронандаи мотороллер дар пайи захмҳои бардоштааш ҷон додааст.

Дар қалмарави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ронандаи 33-солаи мошини тамғаи "BMW-560" аз ӯҳдаи идораи васоили нақлия набаромада ронандаи 32-солаи маҳаллии велосипедро пахш мекунад, ки низ аз ҷароҳатҳои бардоштааш мефавтад.

Рӯзи душанбе дар ҷоддаи шаҳри Душанбе низ дар сонеҳаҳо ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ронандаи мошини тамғаи "Howo" зимни гузар аз ҷоддаи Шерозӣ аз ӯҳдаи ронандагӣ набаромада бо мошинаш сокини 5-солаи ноҳияи Варзобро пахш мекунад ва ин кӯдак зимни интиқол шудан ба бемористон ҷони худро аз даст додааст. Дар ҳамин рӯз ронандаи 24-солаи мошини тамғаи "ВАЗ-2106" кӯдаки 4-соларо пахш мекунад, ки дар мошини "Ёрии таъҷилӣ" мефавтад.

4
Барчаспҳо:
ҳалокати панҷ кас, сонеҳаҳо, фавти 5 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ, ВКД, Тоҷикистон
Мавзуъ
Собиқ муовини вазири умури дохила дар садама ба ҳалокат расид
Дар ноҳияи Айнӣ бар асари садама 4 нафар ҷон бохтанд

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

3
Раёсати умури дохилии дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорӣ хабар медиҳанд, ки зани 62 - соларо бо мошинаш пахш намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Бар хабари РВУД дар шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи номаълум, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 21:20 дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Тоҷ" зани 62 - соларо пахш намуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Водитель совершивший наезд на пешехода
Водитель совершивший наезд на пешехода

Манбаъ меафзояд, ронанда пас аз пахш намудани пиёдагард ӯро фавран ба бемористон интиқол медиҳад ва худат ба самти номаълум ғайб мезанад.

"Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа ронандаи мазкур боздошт ва ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.

“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Худойназаров Азизҷон Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Турсунзода деҳаи Ширкент мебошад, ки номбурда тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир намудааст.

Айни замон ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои садамаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

3
Барчаспҳо:
акс, ронанда, боздошт
Новорожденный

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

144
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

144