Оқибатҳои суқути ҳавопаймои низомӣ дар Индонезия. 30 июни соли 2015

Таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Индонезия

8
(Таҷдидшуда 09:56 02.07.2015)
Расонаҳо менависанд, то кунун 140 ҷисми беҷон дар пайи суқути ҳавопаймо пайдо шудааст. Аммо дақиқ нест, ки чанд нафари онҳо мусофиронанд ва чанд нафар сокинони шаҳр.

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар робита ба суқути ҳавопаймои ҳарбӣ дар Индонезия, ки мунҷар ба марги то кунун 140 нафар гардидааст, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти он кишвар Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол кард, менависад сомонаи раисҷумҳур.

"Хабари суқути ҳавопаймои боркаши низомӣ дар маҳаллаи аҳолинишини шаҳри Медани Ҷумҳурии Индонезия ва дар натиҷаи он ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди мусофирон ва сокинони шаҳр моро сахт андӯҳгин намуд", — омадааст дар барқия.

"Ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дӯсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллиёти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун", — зикр шудааст дар барқияи раисҷумҳур.

Ҳавопаймои низомии "Hercules C-130B"-и Индонезия рӯзи 30 июн дар шаҳри Медан суқут кард, менависад РИА Новости.

Зимни суқути ин ҳавопаймо қисме аз сокинони шаҳр кушта шудаанд. РИА Новости менависад, то кунун дақиқ нест, ки чанд нафар аз ҷамъи кушташудаҳо мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо ва чанд нафаре сокинони шаҳр будаанд.

8
Барчаспҳо:
таслият, барқия, 140 нафар, қурбонӣ, борбар, низомӣ, ҳавопаймо, суқут, Ҷоко Видодо, Эмомалӣ Раҳмон, Индонезия