Оқибатҳои офати табиӣ дар Бадахшон. 17 июли соли 2015

Комиссияи вижа оқибатҳои офатро дар Шуғнон бартараф мекунад

10
(Таҷдидшуда 14:44 20.07.2015)
Бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон 56 манзили зист, 4 километр роҳи мошингард ва дигар иншоот хароб гардиданд, ки комиссияи давлатӣ дар пайи баратарфсозии он аст.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Субҳи 18 июл бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон таъсис шуд, менависад АМИТ "Ховар".

Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар комиссияи мазкурро роҳбарӣ мекунад ва вай дар маҳали ҳодиса қарор дорад.

Ба ин комиссия вазири молия, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазири нақлиёт, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ, директори Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва масъулини дигар вазорату идораҳо  шомиланд.

Бо дастури президент комиссия дар маҳали ҳодиса қарор дорад ва ба зарардидагон кумакҳои аввалия мерасонад. Бар асари омадани сел 56 манзили зисти сокинони ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, 4 километр роҳ ва 3 километр хатҳои барқ пурра хароб гардидаанд. Масъулини комиссия дастур гирифтанд, ки ҳарчи зудтар иншооти харобгардида ва зиндагии муқаррарии мардумро барқарор намоянд.

10
Барчаспҳо:
бартарафсозӣ, обхезӣ, сел дар Бадахшон, офати табиӣ, Қоҳир Расулзода, Бадахшон, Шуғнон
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Медицинская каталка в больнице, архивное фото

Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ

323
(Таҷдидшуда 21:18 28.02.2021)
Панҷ донишҷӯ дар шаҳри Тошканд, ки дар як хона зиндагӣ мекарданд, дар пайи заҳролудшавӣ аз моддаи номаълум фавтиданд

ДУШАНБЕ, 28 фев - Sputnik. Маводи номаълум сабаби марги панҷ донишҷӯ дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд шуд, хабар дод дафтари матбуоти Додситонии кулли Ӯзбекистон. 

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, донишҷӯён якҷоя дар хонаи хусусӣ дар кӯчаи Инжободи маҳаллаи Фирдавсӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо дар бино иҷоранишин буданд.

Манбаъ афзуд, ки ташхисгарон то ҳол натавонистаанд моддаеро, ки боиси марги донишҷӯён шудааст, муайян кунанд.

Дар байни кушташудагон, бино ба иттилои Додситонии кул, се донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд, донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва донишҷӯи соли якуми Донишгоҳи Инҳаи Тошканд ҳастанд. Тафсилоти дигари ҳодиса мушаххас карда мешавад.

Маълум аст, ки додситонии ноҳияи Юнусобод тибқи моддаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Рафти тафтишот таҳти назорати Дастгоҳи марказии Додситонии кул қарор дорад.

Қаблан дар вилояти Самарқанд панҷ нафар бо заҳролудшавӣ аз хӯрок дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Яке аз онҳо фавтид. Маълум аст, ки дар Самарқанд консервҳои помидор боиси заҳролудшавӣ шудаанд.

323
Барчаспҳо:
ҳалокат, заҳролудшавӣ, Ӯзбекистон
Старик , архивное фото

Латукӯби пирамард дар кӯча: пулу телефонашро гирифтаанд

829
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати латукӯб ва ғорати марди солхӯрда дар шаҳри Душанбе хабар додааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар шаҳри Ваҳдат пирамарди 73-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки дар кӯча мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифтааст.

Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки  25-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Хуросон шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1 адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”  - ро гирифтааст.

Манбаъ афзуд, ҳамлагар дар баробари телефон инчунин  каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-сола,  сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони латукӯб ва ғорати пирамард боздошт кардаанд.

Маълум шудааст, ки дастгиршуда пеш бо моддаҳои 237 ва 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан чораандешӣ барои оғози парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Назари бевоситаи дастгиршуда дар мавриди иттиҳомоти эълонкардаи мақомот маълум нест.

829
Барчаспҳо:
боздошт, латукӯб, Тоҷикистон
Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 01:06 01.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз аввали ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1507 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6897 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1507 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1510- 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1510 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

0