Ҷароҳатбардошта дар шаҳри Сураҷ интизори ёрии тиббӣ аст

Инфиҷор дар Туркия мунҷар ба марги 27 нафар гардид

5
(Таҷдидшуда 18:02 20.07.2015)
Як интиҳорӣ дар назди дари қаҳвахонаи шаҳри Суруҷи Туркия худро мунфаҷир кард, ба назари вакили парлумон ин амалиёт алайҳи курдҳое равона гардида буд, ки тасмими рафтан бо Сурия ва муқовимат бо “Давлати исломӣ”-ро гирифта буданд.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бар асари амалиёти террористӣ дар шаҳри Суруҷи Туркия, воқеъ дар наздикии марзи Сурия 27 нафар ҳалоку қариб 100 тани дигар ҷароҳат бардоштанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба хабари шабакаи телевизионии NTV.

Таркиш соати 13:45 (дшб) дар ҷанубу шарқии Туркия ба вуқӯъ пайваст. Тибқи фарзияи пешакӣ террористи худкуш маводи мунфаҷираро дар даромадгоҳи қаҳвахонаи маркази фарҳангии мавсум ба "Амара" ба кор андохтааст. Баъд аз инфиҷор сӯхтор ба вуқӯъ пайваст, ки онро дар муддати кӯтоҳ хомӯш карданд.

Қаблан, аъзои парлумони Туркия Фикрат Била гуфт, ин амалиёт алайҳи курдҳое равона гардида буд, ки тасмими рафтан бо Сурия ва муқовимат бо "Давлати исломӣ"-ро гирифта буданд.

5
Мавзуъ
Табаъайи Туркия ба гумони ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги Туркия боздошт шуд
Сангрезӣ дар Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба болои як деҳа сангпора сарозер шуд

1016
(Таҷдидшуда 18:46 26.11.2020)
Дар деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ аз баландии 250 метр ба болои деҳа сангпора сарозер шуд, ки як сокини маҳаллиро бе хонаву дар гузошт

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз рух додани офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 ноябр тақрибан соати 12:45 дақиқа рух дод.

Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодисаи нохуш, манзили як сокини маҳаллӣ, Бердиев Самариддин сахт зарар дидааст. 

Гуфта мешавад, бо дастрас кардани хабари мазкур наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.

Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар робита ба хароб гардидани манзили истиқоматии Самариддин ва дар ҷойи хавфнок ҷойгир буданаш, оилаи зарардидаро ба бинои мактаби деҳа интиқол доданд.

Феълан, комиссия санад ва маълумотнома тартиб дода, барои чораҷӯи ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пешниҳод намуд.

1016
Барчаспҳо:
сангрезӣ, Айнӣ
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Боздошти ҷавон бо иттиҳоми роҳзанӣ дар Душанбе: “шабона ба занҳо ҳамла мекардааст” - видео

369
(Таҷдидшуда 16:57 26.11.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола хабар дод, ки дар ҳамла ва ғорати занон ба ҳангоми шаб муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 26 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини идораи милиса дар ноҳияи Сино, бо иттиҳоми роҳзанӣ Азимҷон Салихов, сокини 29-солаи шаҳри Ҳисорро боздошт кардаанд.

Манбаъ афзуд, айбдоршаванда бо олоти оҳанин мусаллаҳ шуда, дар вақти торикӣ ба занонро мавриди ҳамлаю ғорат қарор медодааст.

Аз ҷумла Салиховро дар он айбдор мекунанд, бо оҳан дар маҳаллаи Зарафшон бо оҳан ба сари Маҳмдшарифова Фазила зада, ҳангоми беҳушии ҷабрдида телефону маблағаш бо арзиши умумии 4,5 ҳазор сомониро гирифтаст.

Инчунин 13 ноябр дар кӯчаи Айнӣ сокини 21-солаи шаҳри Душанбе ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Аз ҷабрдида, ки феълан дар беморхона бистарӣ мебошад, телефони арзишаш 1,5 ҳазор сомонӣ ситонда шудааст.

ВУД таъкид намуд, ки феълан алайҳи Салихов бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Назари худи айбдоршаванда ва ҷониби ҳимояаш феълан дар бораи ин қазия маълум нест.

369
Барчаспҳо:
боздошт, роҳзанӣ, Тоҷикистон

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

11
(Таҷдидшуда 10:32 27.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 27 ноябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1487  сомонӣ нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300  сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4425 то 13.6000  сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1487 то 0.1510  сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.4425сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1487 сомонӣ.

Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

11
Барчаспҳо:
доллар, сомонӣ, рубл, қурби асъор, Тоҷикистон