Агарчӣ зарардидагон барои аз даст рафатани дору надорашон ғамгинанд, аммо мегӯянд, ҳоло ҳам ба хайр аст, ки ин офат рӯзона сар зад ва онҳо тавонистанд ба ҷои амн фирор кунанд. Гузашта аз ин, чӯпони деҳа Бахтиёр Тоиров, ки лаҳзаи сар задани офат дар болои теппа қарор дошт, тавассути телефон ҳамдеҳагонро қабл аз расидани сел хабар дод.
Дар бораи сар задани ҳодиса ва аҳволи кунунии сокинони деҳаи Бедаки ноҳияи Ғарм даваоми рӯз аз вижагузориши Sputnik Тоҷикистон бохабар шавед.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Сатторов Абдураҳим заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусравро эълон кард.
Ба иттилои котиботи прокуратураи ин вилоят, номбурда аз моҳи майи соли 2015 дар мақоми мазкур ифозаи вазифа мекард.
Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора
Гуфта мешавад, дар давраи фаъолияти кориаш Сатторов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" - ро дағалона вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирифт.
Манбаъ аз ҷумла шаҳрвандонеро, ки ба заминсоз муроҷиат карданду мушкилоти онҳо бе ҳал монд, номбар кард.
"Шаҳрвандон Худойназаров, Хушвахтов, Беков, Норов, Бобомуротов, Дустмуродова, Бобомуродов ва ҳамчунин муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён бидуни таваҷҷӯҳи Сатторов монда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.
Ба ҳамин минвол, додгоҳи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 нисбати Сатторов тибқи моддаи 163 қисми 1-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Бо қарори суд, Сатторов гунаҳгор дониста шуда, ӯро ба пардохти 5 800 сомонӣ ба фоидаи давлат муваззаф намуданд.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Ба нақл аз КҲФ-и Тоҷикистон як сокини хиёбони Рӯдакии пойтахт ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе занг зад ва хабар дод, ки дари манзили истиқоматиаш баста ва ду кӯдаки ноболиғаш дар дохили хона мондааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дастаи махсуси зудамали наҷоти КҲФ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар, ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд.
“Лозим омад бо истифода аз нардбон ва дигар таҷҳизот аз тиреза вориди хона шаванд ва дарро аз дарун боз кунанд. Маълум шуд, ки ду кӯдак, ки яке духтарчаи 7-сола ва дигар писарчаи 8-сола дар дохили хона монда буданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
КҲФ-и Тоҷикистон қайд кардааст, ки кӯдакон солим ба модарашон супурда шуданд ва ба ҳеч ёрии тиббиву равонӣ ниёз надоштанд.
Дар ҳамин ҳол КҲФ зикр кардааст, ки дар зарфи як ҳафтаи охир танҳо дар шаҳри Душанбе ин чорумин ҳолатест, ки модарон саросема аз манзил берун мешаванд ва тифлон дар дохил танҳо мемонанд.
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Имрӯз бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон бинои нави факултаи иқтисод ва молия ва ҳамчунин хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шудааст.
Раҳмон дар Балҷувон аз бинои Хадамоти муҳоҷират то хобгоҳ ва боғчаи кудакон ифтитоҳ кард
Иншооти мазкур аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад.
Таъкид гардидааст, ки бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сохтмонии ватанӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Азизӣ-сохтмон" бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст.
Раҳмон гуфт, дар панҷ сол ҳоҷати воридот намемонад: ифтитоҳи корхонаи санги хорову мармар
Аснои шиносоӣ роҳбари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бино, ки аз ҷониби мутахассисони ватанӣ анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.
Раисҷумҳур пас аз ифтитоҳи иншоот аз устодон ва кормандони соҳаи илму маориф талаб намуд, ки дар самти тарбия намудани ҷавонони худогоҳу худшинос ва мутахассисони варзидаи талаботи бозори меҳнат бештар таваҷҷуҳ намоянд.