Последствия схода сели в селе Бердак. 23 июля 2015 года

Офати табиӣ дар Бедак: агар шаб мебуд...

95
(Таҷдидшуда 20:09 11.02.2016)
Офати табиии Бедак, ки баъд аз нисфирӯзии 20 июл сар зад ва боис ба марги як нафару тахриби беш аз 60 манзили зист гардид, бо вуҷуди бедодгариҳош як паҳлӯи мусбат дошт: ин офат рӯзона сар зад. Вагарна, ба таъкиди сокинон, талафоти ҷонии бештаре дар пай медошт...

"Аввал абри сиёҳ буд, баъд шамол шуд, баъд садои ба ҳам задани сангҳо баромад. Якбора доду фарёди мардум баланд шуд, танҳо он вақт фаҳмидем, ки сел наздик омадаст. Фақат ҷони солимамонро тавонистем, ки аз хона барорем", — нақл мекунад Санчагул Ҷӯраеваи 54-сола, сокини деҳаи Бедаки ноҳияи Рашт, ки ҳамакнун аз хонаву дараш ному нишоне боқӣ намондааст.

Санчагул ва 3 духтари қадрасаш то рӯзи 20 июл дар як хонаи 2-ҳуҷраии фарсуда дар канори рӯдчае, ки боиси сар задани офати табиӣ шуд, истиқомат мекарданд. Се рӯз ин ҷониб шабро дар хонаҳои ҳамсояҳо саҳар мекунанд ва рӯзона наздикии ҷойи манзилашон меоянд, то бегоҳ интизор мешаванд, ки аз куҷо кӯмак мерасад ва бегоҳ, ки бе ҳеч натиҷа анҷом ёфт, дар ҷустуҷӯи ҷои хоби навбатӣ мешаванд.

Офати табиӣ зиндагии сангини мардумро сангинтар кард

"Пеш аз офати табиӣ ҳам зиндагии мо вазнин буд. Бо хайру саховати ҳамсояҳо рӯз мегузарондем. Шавҳарам мурдааст, писар надорам. Ҳоло ҳеч умед надорам, ки дубора бо нерӯи худам хона созам. Худоро шукр, ки зинда мондем, аммо агар кӯмак накунанд, намедонам аҳволи мо чӣ мешавад. Як умр намешавад дар хонаи ҳамсояҳо зиндагӣ кард", — бо оби дида нақл мекунад Санчагул.

Санчагул Ҷураева, сокини деҳаи Бедак, ки бо се духтараш бе сарпаноҳ мондааст
© Sputnik Амир Исаев
Санчагул Ҷураева, сокини деҳаи Бедак, ки бо се духтараш бе сарпаноҳ мондааст

Танҳо манзили Санчагул нест, ки зери хоку лойи сели рӯзи 20 июл мондааст, балки дар рустои Бедаки ноҳияи Рашт, тибқи маълумотҳои қаблӣ, бештар аз 60 манзил хароб ва як нафар кушта шудааст.

Мунавваршоҳ Сироҷов, маъюби дараҷаи аввал, ки ҳамагӣ 27 сол дошт, ҳангоми омадани сел дар хона танҳо монда буд. Модари Мунавваршоҳ Мустақим Ҷалолова мегӯяд, соати омадани сел бо ҳоҷате ба хонаи ҳамсоя рафта будааст. Вақте овозаи сел ба гӯшаш расид, дигар имкон надошт ба хонааш расад ва фарзандашро наҷот диҳад.

"Мурдаи бачама 50 метр поёнтар аз хонаамон ёфтанд. Бечора бачам, 27 сол дар ҷойгаҳ хоб буд. Кошки сел маро ҳам бо бачаам мекушт", — бо андӯҳ нақл мекунад Мустақим.

Аз манзили волидайни Мунавваршоҳ низ танҳо як қисмати девор боқӣ мондаасту аробаи маъюбии вай дар дохили хоку лой. Боқии аҳли хонавода иборат аз 18 нафар, аз он ҷумла 7 нафар кӯдаки хурдсол, шабро дар хонаи ҳамсояҳо рӯз мекунанд ва мунтазири кӯмак ҳастанд…

Занги телефони чӯпони деҳа ним соат қабл аз расидани офат

… Бахтиёр Тоиров, чӯпони деҳаи Бедак рӯзи вуқӯъи ҳодиса дар кӯҳсор чун ҳамеша машғули нигоҳубини чорво буд. Вай нақл мекунад, ки тақрибан соати 4-и нисфирӯзӣ дар 8 — километрии деҳа борони шадид ва жола борид. Дар натиҷа, қисмате аз кӯҳпора лағжида, ним соат дами оби рӯдчаеро, ки аз кӯҳ шорида ба миёнаи деҳ убур мекунад, банд намуд. Оби зиёде ҷамъ шуд ва якбора об аз банд раҳо гардида, сангу хоки сари роҳашро ба поён, ба дохили деҳа овард. Чӯпони деҳа ин манзараро аз баландӣ назорра мекард, аммо ҳич чорае аз дасташ намеомад, ба ҷуз аз занг задан тариқи мобайл ба ҳамдеҳаҳо.

"Ба телефони хонаи худамон занг задам, ки касе ҷавоб надод. Баъд ба телефони ҳамсоя занг задам. Гуфтам, мардумро огоҳ кунанд, ки сел фаромада истодааст", — нақл мекунад Бахтиёр.

Бахтиер Тоиров, житель села Бедак
© Sputnik Амир Исаев
Бахтиёр Тоиров, чӯпони деҳа, ки бо телефон ба ҳамсояҳо аз омадани сел хабар дод

Манзили вай низ ба пуррагӣ зери лой мондааст. Модар ва ҳамсару фарзандаш тавонистанд чанд сония қабл аз ғалтидани деворҳои хона ба берун бароянд

"Зарари моддии ба мо расида тақрибан 40 ҳазор доллари амрикоӣ аст. Ҳам пули нақд буд ҳам ашёи рӯзгору дару девори хона. Ҳама аҳли оиламон дар ҳамин либоси танамон мондем. Дигар ҳеч чизамон намондаст. Агар аз ҷониби давлат кӯмак нашавад, дар 10 соли оянда ҳам наметавонем ба ҳолати қабл аз офат барқарор шавем", — мегӯяд Бахтиёр.

Бедак баъд аз офати табиӣ: қисман хати барқ ва об таъмин шуд

Шумори дақиқи манзилҳои зарардида ҳанӯз аз ҷониби ситоди вижа тасдиқ нашудааст. Тибқи маълумоти сомонаи президент, дар деҳаи Бедак 50 манзил ба пуррагӣ ва 15 манзили дигар қисман зарар дидааст. Аммо сокинон мегӯяд, шумори хонаҳои зарардида дар маҷмӯъ ба 80 адад мерасад. Теъдоди ҳайвонҳои хонагиро, ки талаф ёфтаанд, то кунун дақиқ накардаанд. Шумори дарахтони мевадиҳандаро низ ҳамчунин. Оби ошомиданӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ низ дар қисме аз деҳа хароб гардида аст.

Инвалидная коляска Муноваршоха Сироджева
© Sputnik Амир Исаев
Аробаи маъюбии Мунавваршоҳ Сироҷов, ки дар рӯзи ҳодисаи офати табиӣ кушта шуд

 

Ситоди вижа оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи мазкурро муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Шоев раҳбарӣ мекунад. Замоне ки хабарнигорони Sputnik Тоҷикистон (рӯзи 22.07.2015-шарҳи идора) дар мавзеи ҳодиса буданд, ситод аз маҳалли офатзада дидан мекард ва техника низ кӯчаҳои пур аз сангу хоки Бедакро пок месохт. Ба қисме аз маҳаллаҳо хати барқ ва об гузаронида шуда буд. Онҳое, ки нисбатан зарари кам дида буданд, бо неруи худ сангу хокро аз дохили ҳавлиҳояшон берун меоваранд. Ва аммо онҳое, ки зарари ҷиддӣ дида буданд, ба як қарори қатъӣ наомада буданд, ки чӣ кор кунанд.

Гарчи бархе хабарҳо ҳокӣ аз онанд, ки сокинон ба дохили хаймаҳо интиқол дода шудаанд, аммо то нисфирӯзии 22 июл зарардидагон дар хонаҳои ҳамдеҳагон қарор доштанд ва аз вуҷуди хаймаҳо дарак набуд.

Дар ҳамин ҳол, кӯшишҳои мо барои ҳамсӯҳбат шудан бо масъулини ҳукумати ноҳия ва ашхоси мутасаддӣ бенатиҷа анҷом ёфт ва суолҳои зиёде бе посух боқӣ монданд…

Супориш: то 6 ноябр хонаҳо сохта шаванд

Дар пайи офатҳои табиии охир, ки бештар навоҳии Шуғнону Ванҷ ва Рашт зиён диданд, ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумати Тоҷикистон барпо шуд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба зердастонаш дастур додааст, барои онҳое, ки аз ин офатҳо зарари ҷиддӣ дида ва манзилҳояшон комилан вайрон шудааст, то 6 ноябр хонаҳои нав бисозанд.

"Хонаҳои навсохт бояд бо тамоми ашёи рӯзгор муҷаҳҳаз ва аҳли ин оилаҳо бо сару либос таъмин гарданд", — таъкид кардааст раисҷумҳур.

Вай ҳамчунин дастур додааст, ки тамоми масолеҳи сохтмонӣ ба зарардидагони офатҳои табиӣ аз ҳисоби давлат ройгон таъмин мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин супориш додааст, ки аз ҳисоби президент ба оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра хароб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ ва ба оилаҳое, ки хонаҳояшон қисман вайрон шудаанд, 6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақта дода шавад.

Сели Бедак: агар шаб мебуд…

Бо ҳамаи он зарардидагон, ки хабарнигорони Sputnik Тоҷикистон сӯҳбат карданд, ҳамагӣ як нуктаро ба такрор зикр мекарданд: "агар ин офат дар шаб рух медод, Худо медонад, ки мо зинда мемондем".

Аммо он сокиноне, ки дар канораҳои сел истиқомат доранд ва ба таври мӯъҷизавӣ офат ба онҳо зарар нарасонидааст, нигаронанд. Зеро, аз як сӯ онҳо ба макони дигар ва мутаносибан амнтар кӯчонида нахоҳанд шуд ва аз сӯи дигар таҳдиди такроршавии офат барои хонаҳои кунуниашон боқӣ хоҳад монд.

Полуразрушенный дом в селении Бедак
© Sputnik Амир Исаев
Хонаи нимавайрона дар деҳаи Бедак
95
Барчаспҳо:
тахриби манзилҳо, кумак, селхезӣ, сел дар Бедаки Рашт, хисорот, офати табиӣ, Мунавваршоҳ Сироҷов, Мустақим Ҷалолова, Санчагул Ҷӯраева, Бахтиёр Тоиров, Бедак, Ғарм, Рашт
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати марди солхӯрдае зери чархи “Лексус-450”-и Исфандиёр

49
(Таҷдидшуда 11:09 16.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он марди солхӯрдае ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи гузашта, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа дар роҳи самти Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-450”, Маҳмудзода Исфандиёр Сафарали 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Дар натиҷа, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки як

Ортиқбоева Савриниссо Мухторовнаи 70-сола, сокини ноҳияи Масчо зери чархи  "Мерседес-Спринтер"-и Юсупов Шаҳзод Мавлонович, сокини ҳамин ноҳия ҳалок шуд.

49
Девушки в защитных масках идут по улице в городе Душанбе

Дамои ҳаво: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

51
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе рӯзона ба 18+20 дараҷа мерасад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ кишвар, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11  дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 0-5 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  22-27 ва рӯзона 15-20 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда,  туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук  то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва рӯзона  6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то  2 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2  дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст.  Ҳарорати ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона   18+20 дараҷа гарм  мешавад.

51
тренер Хаким Фузайлов, архивное фото

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

0
Ҳаким Фузайлов, мутахассиси шинохтаи тоҷик сармураббии бошгоҳи футболи Узбакистони “Динамо”-и Самарқанд таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Дар ин бора сомонаи бошгоҳи футболи “Динамо”-и Самарқанд иттилоъ дода, гуфтааст, маросими муаррифии Фузайлов дар тим 15 январ доир шуд.

Ба иттилои манбаъ, бошго бо мутахассиси тоҷик шартномаи яксоларо ба имзо расонидааст.

Гуфта мешавад, барои омода кардани тими “Динамо”-и Самарқанд ба Фузайлов мутахассисони маҳаллӣ Ҷасур Ҳамроев, Дилшод Шарофутдинов ва Шӯҳрат Муродов кӯмак мерасонанд.

Ёдовар мешавем мутахассиси 56-сола тайи ним соли гузашта дар бошгоҳи “Хуҷанд” фаъолият дошт, аммо тим охири соли гузашта эълон кард, ки шартномаро тамдид нахоҳад кард.

Фаъолияти мураббигии Фузайлов охири солҳои 90-ум аз роҳбарии бошгоҳи “Бухоро” ва “Динамо”-и Самарқанд оғоз кардааст. Аз соли 2005 то декабри соли 2011 дар “Ростов” ва “Локомотив”-и Маскав мураббии селексионер буд.

Моҳи январи соли 2012 вай ноиби президенти “Локомотив”  Тошканд оид ба масъалаҳои тарбияи бозигарон таъйин карда шуд. Моҳи майи он сол ба ҳайати мураббиён дохил шуд ва баъдан сармураббии даста шуд.

Раҳматулло Фузайлов сармураббии "Истаравшан" шуд

Ӯ ҳамчунин тими миллии Тоҷикистон, дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” –ро тамрин дода, аввали моҳи июл вазифаи сармураббии бошгоҳи “Каганат”-и Қирғизистонро тарк карду бо дастаи “Хуҷанд” пайваст.  

Ҳаким Фузайлов дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи PRO мебошад.

0