Бобби Кристина Браун. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳо иллати эҳтимолии марги духтари Уитни Хюстонро эълом доштанд

1
(Таҷдидшуда 11:40 28.07.2015)
Бобби Кристина Браун- духтари Уитни Хюстон ва иҷрокунандаи оҳангҳои R&B- Бобби Браун рӯзи 27 июл дар синни 22-солагӣ дар Атланта даргузашт.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Ба иттилоъи расида, Бобби Кристина дар пайи маризии омоси мағзи сар беҳуш шуда, аз олам даргузашт, менависад РИА Новости бо истинод ба International Business Times.

Дар ҳамин ҳол, дар маконе, ки духтари Уитни Хюстон беҳуш шуда, ба ҳалокат расид, ҳеч гуна маводи мухаддир ва ҳабҳои псхотропӣ дарёфт нашудааст, менависад нашрияи чопи британии Metro дар такя ба гузориши NBC News.

Бобби Кристина Браун- духтари Уитни Хюстон ва иҷрокунандаи оҳангҳои R&B- Бобби Браун рӯзи 27 июл дар синни 22-солагӣ дар Атланта даргузашт.

Маълум аст, ки Уитни Хюстон куллияи сарваташро ба духтари ягонааш ба мерос ваъда карда буд.

1
Барчаспҳо:
сабаби ҳалокати духтари овозхон, марги духтари Уитни Кристон, International Business Times, телевизиони NBC News, Бобби Браун, Уитни Хюстон, Бобби Кристина Браун, Атланта