Селу обхезиҳо дар Бадахшон. 17 июли соли 2015

ВАО: такрори офатҳои табиӣ дар Бадахшон

44
(Таҷдидшуда 14:29 28.07.2015)
Офатҳои табиӣ дар навоҳии Дарвоз, Рӯшон ва Мурғоби ВМКБ такрор ёфтанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар бархе аз манотиқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офатҳои табиӣ такрор ёфта, боиси хисороти ҳангуфт гардиданд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Бино ба навиштаи хабаргузории Озодагон бо такя ба манбаъаш дар ҳукумати ин водӣ, субҳи имрӯз дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон дубора сел фаромадааст.

"Фаромадани селоб аз соати ҳафти субҳи имрӯз оғоз шуда, чанд муддат идома ёфт. Ҳозир сатҳи селоб камтар шуда, хатари ҷиддӣ вуҷуд надорад",- иброз доштааст мусоҳиби оҷонсӣ.

Рӯзи 20 июл июл дар ҳамин мавзеъ дар пайи фаромадани сел беш аз 10 гектар замин ва 7 хона тахриб шудаанд.

Дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об дар рӯди Хингоб дар қаламрави ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 90 метри роҳе, ки ВМКБ-ро бо пойтахти кишвар тариқи ағбаи Хобу Работ пайваст мекунад, тахриб гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ ин селоб хисороти наверо дар пай надорад, чун сели рӯзи 20-уми июл дар ин қаламрав аллакай хонаю заминҳоро хароб карда буд. Ба навиштаи "Азия Плюс" бо истинод ба дафтари матбуотии КҲФ,  дар ҳоли ҳозир 103 метри ҷодаи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, имрӯз дар минтақаи Аличули ноҳияи Мурғоб сел фаромада, як пули мошингузарро комилан аз байн бурдааст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ошноӣ бо вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ВМКБ субҳи имрӯз озими Бадахшон гардида, айни замон дар ноҳияи Ванҷ бо сокинони он мулоқот дорад. Хадамоти матбуотии президент мегӯяд, сафари сарвари давлат дар вилоят чор рӯз идома карда, рӯзи 31 июл ба анҷом мерасад.

Кулли матолиб дар бораи офатҳои табиӣ ва оқибатҳои он дар Тоҷикистонро аз ин ҷо дарёфт карда метавонед>>

44
Барчаспҳо:
сафари президент, сел дар Бадахшон, манозили мардум вайрон шуд, тахриби хонаҳо, оқибати офатҳои табиӣ, селфароӣ, селу обхезӣ дар Ванҷ, КҲФ, Эмомалӣ Раҳмон, Рӯшон, Мурғоб, Дарвоз, Бадахшон, Рашт, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Сел, обхезӣ ва қурбониҳои он дар Тоҷикистон: талафоти ҷонӣ низ ҳаст (29)
Арест, архивное фото

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

504
(Таҷдидшуда 18:35 13.07.2020)
Раёсати умури дохилии дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорӣ хабар медиҳанд, ки зани 62 - соларо бо мошинаш пахш намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Бар хабари РВУД дар шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи номаълум, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 21:20 дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Тоҷ" зани 62 - соларо пахш намуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Водитель совершивший наезд на пешехода
Водитель совершивший наезд на пешехода

Манбаъ меафзояд, ронанда пас аз пахш намудани пиёдагард ӯро фавран ба бемористон интиқол медиҳад ва худат ба самти номаълум ғайб мезанад.

"Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа ронандаи мазкур боздошт ва ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.

“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Худойназаров Азизҷон Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Турсунзода деҳаи Ширкент мебошад, ки номбурда тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир намудааст.

Айни замон ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои садамаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

504
Барчаспҳо:
акс, ронанда, боздошт
Новорожденный

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

394
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

394
День 14 июля

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 23:55 13.07.2020)
Рӯзи чордаҳуми июл дар Осетияи Ҷанубӣ аз Рӯзи сулҳофарон ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар Фаронса Рӯзи ба даст овардани Бастилия қайд мешавад

Рӯзи 14 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва  Иёлоти Муттаҳидаи  Амрико баргузор гардид.

День 13 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1976 дар Канада ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1976 дар Англия барои аз ҳад зиёд истифода кардани об ҷарима муайян карда шуд.

Соли 1952 ширкати америкоии "Ҷенерал моторз" эълон намуд, ки аввалин маротиба дар ҷаҳон дар мошинҳо ҳавополо (кондиционер) насб кард.

Рӯзи 14 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор  гардид.

Соли 2009 дар варзишгоҳи "Металлург" чемпионати  дуюми назоратӣ-нақшавии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олии "Регар-ТадАЗ" бо клуби "Энергетик"- и Душанбе баргузор гардид.

День 12 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2014 китоби нави рўзноманигор ва сиёсатшинос, номзади илми фалсафа, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо номи "Густариши ахлоқи миллӣ — посух ба пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ" аз чоп баромад.

Соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири калони ширкати "Ҷунтай-Шоҳроҳи нави абрешим"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Ян Ҷе ҳамкории дуҷонибаи минбаъдаро муҳокима намуданд.

Соли 2016 дар Қасри миллат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои тадқиқоти асосноккунии иқтисодию техникии барқарорсозии НБО-и "Норак", дарёфт намудани маблағҳои иловагӣ барои Лоиҳаи таҷдиду барқаросозии неругоҳи "Норак", лоиҳаҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳоро баррасӣ карданд

Ҷашнҳои рӯзи 14 июл

  • Дар Осетияи Ҷанубӣ – Рӯзи сулҳофарон.
  • Дар Франсия иди асосии миллӣ– Рӯзи ба даст овардани Бастилия.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон