Машина скорой помощи. Архивное фото

Ӯзбакистон: марги дасти кам 15 нафар дар пайи фурӯ рафтани пул

16
(Таҷдидшуда 11:25 10.08.2015)
Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки баъд аз тахриби пул одамони зиёд ба кӯл афтода, ғарқ шудаанд. Мақомот то ҳол чизе нагуфтаанд, вале бино ба хабарҳои дарёфтӣ дар ин ҳодиса 15 нафар ҷон додаанд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ӯзбакистон барои таҳқиқи марги 15 нафар аз сокинони шаҳри Урганҷи вилояти Хоразм, ки дар пайи фурӯ рафтани як пул кушта шуданд, комиссияи ҳукуматӣ таъсис додааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҳарчанд Оҷонсии давлатии хабарии ӮзА мегӯяд, ин пул замоне тахриб шудааст, ки садҳо тан барои тамошои консерт омада буданд, аммо дар бораи теъдоди фавтидагон ҳеч иттилои дақиқе надодааст.

"Комиссияи ҳукуматӣ ба ҷойи ҳодиса рафта, ба хонаводаи қурбониён ва маҷрӯҳон кӯмак хоҳад кард. Инчунин, комиссияи иллатҳои рух додани ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад", — хабар додааст оҷонсӣ.

Тахриби купрӯк дар боғи истироҳатии шаҳри Урганҷ он кишвар шоми 8 август рӯй дод.

Шоми шанбе барои тамошои консерт одамони зиёд болои купрӯк ҷамъ омаданд ва ҳадс зада мешавад, ки маҳз таҷаммӯи афроди зиёд боис ба хароб шудани як тарафи он шудааст. Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар соатҳои аввал ҷасади даҳ нафарро аз об берун кардаанд.

Амалиёти наҷотбахшӣ ва ҷустуҷӯи ҷасадҳо зери нури прожекторҳо то субҳи якшанбе идома доштааст.

То кунун мақомоти расмии Ӯзбакистон дар бораи ин фоҷиа ҳанӯз иттилоеро дар ихтиёри расонаҳо нагузоштаанд.

16
Барчаспҳо:
фурӯрезӣ, 15 нафар, тамошо, тахриб, пул, марг, Урганҷ, Ӯзбакистон
Арест, архивное фото

Боздошти ронандае, ки зани 62 - соларо пас аз пахш кардан ба бемористон бурду гурехт - акс

521
(Таҷдидшуда 18:35 13.07.2020)
Раёсати умури дохилии дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандаи фирорӣ хабар медиҳанд, ки зани 62 - соларо бо мошинаш пахш намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik.  Бар хабари РВУД дар шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи номаълум, рӯзи 11-уми июл, тахминан соатҳои 21:20 дақиқа дар рӯ ба рӯи тарабхонаи "Тоҷ" зани 62 - соларо пахш намуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.

Водитель совершивший наезд на пешехода
Водитель совершивший наезд на пешехода

Манбаъ меафзояд, ронанда пас аз пахш намудани пиёдагард ӯро фавран ба бемористон интиқол медиҳад ва худат ба самти номаълум ғайб мезанад.

"Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, дар натиҷа ронандаи мазкур боздошт ва ба ШБДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд", - таъкид мешавад дар хабар.

“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

Муайян гардид, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Худойназаров Азизҷон Додарович, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи ш. Турсунзода деҳаи Ширкент мебошад, ки номбурда тавассути автомашинаи шахсиаш тамғаи Опел-Астра рақами қайди давлатиаш 7994 АТ 01 ин садамаи нақлиётиро содир намудааст.

Айни замон ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои садамаи мазкур таҳқиқ идома дорад.

521
Барчаспҳо:
акс, ронанда, боздошт
Новорожденный

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

407
Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2540 нафар шаҳрвандон зиёд фавтидаанд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлияи кишвар имрӯз зимни як нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон изҳор дошта гуфт, тайи шаш моҳ дар кишвар 18 ҳазору 777 нафар фавтидаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта ба  16 ҳазору 229 нафар баробар буд.

Музаффар Ашуриён, гуфт шаҳрвандони кишвар ан танҳо аз коронавирус фавтиданд, бал ки аз бемориҳои мисоли қалбу раг ва ғайраҳо.

Тибқи иттилои вазир, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 274 кӯдак кам таваллуд шудааст.

Ба иттилои манбаъ дар нимсолаи  ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 101 ҳазору 141 тифли навзод ба қайд гирифта шуда, ки  ин нишондиҳанда  дар ҳамин давраи соли гузашта - 106 ҳазору 415 нафар баробар буд.

407
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Бек Сабур куҷост? Суоли нобоби нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа

0
Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, боз дар нишасти матбуотии ин ниҳод ширкат накард. Муовинаш ин дафъа дақиқ гуфт, ки ӯ куҷост

 ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ширкат накардани раиси ин ниҳод дар нишасти матбуотиро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфт, мавсуф пайи иҷрои вазифаҳои хидматӣ аст.

“Раиси Хадамоти алоқа дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Кӯлоб қарор дорад. Ӯ бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ ба он ҷо рафтааст”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.

Адами ҳузури Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон яке аз суолҳоест, ки чанд сол ба ин сӯ дар нишастҳои матбуотӣ бо масъулини ин ниҳод матраҳ мешавад. Далели ба миён омадани ин суол ҳам ин аст, ки раиси Хадамоти алоқа дар қиёс бо дигар раҳбарони вазорату кумитаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекунад ва бино ба иттилои расонаҳо, бо тиҷорату корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.

Як манбаъи огоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Бек Сабур тайи солҳои ахир бештар бо тиҷорат ва ҳам истифодаи заминҳои Хадамоти алоқа машғул буда, пешрафтҳое низ дар корҳояш доштааст.

“Ширкати сохтмонии ӯ - “Комил 2010” арзонтарин хонаҳоро барои муштариён ироа мекунад. Дар заминҳои деҳқониаш ӯ маҳсулоти ниёзи аввалро таҳия ва ба бозор мебарорад. Онҳое, ки бо ӯ наздиканд, аз корҳои хуби ӯ хуб огаҳӣ доранд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Бек Сабур соли 2006 муовини аввал ва 28 феврали соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуда, то ба ҳол дар ин симат кор мекунад. Дар оғози фаъолияташ ӯ дар нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа ширкат карда, изҳороти ҷолиберо ироа мекард, ки ӯро дар сархати ахбори расонаҳо қарор медод.

Аз ҷумла соли 2012 ӯ сабаби қатъ шудани алоқаи телефонӣ ва интернет дар Бадахшонро “асобати тири шикорчӣ ба ноқил” арзёбӣ карда буд. Ё соле қабл ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки китобҳои Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти навини тоҷик, аз ҷумла “Марги судхӯр”, намунаи барҷастаи “тиҷорати қавӣ” мебошанд.

Ба эҳтимоли қавӣ, изҳороте аз ин гуна ва он ҳам аз сӯи раҳбари як ниҳоди ҳукуматӣ мӯҷиби ҳузур наёфтанаш дар нишастҳои матбуотӣ шудааст.

0