Бангкок

Нахуствазири Тайланд: шахсияти тахрибкор шиносоӣ шуд

6
(Таҷдидшуда 11:26 18.08.2015)
Фоҷиа дар маркази сайёҳӣ ва тиҷоратии пойтахти кишвар ба вуқӯъ пайваст. Бар асари инфиҷори рӯзи душанбе дар ин маҳалла чор табааи хориҷӣ: се шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Филиппин низ ба ҳалокат расидаанд.

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Шахси гумонбар, ки эҳтимолан дар инфиҷори маркази тиҷоративу сайёҳии Бангкок даст дорад, шиносоӣ шуд, иброз дошт нахуствазири Тайланд Прают Чан-Оча.

Ба навиштаи хабаргузории Франс Пресс, дар пайи таркиш 21 нафар қурбон шудаанд. Вазорати умури дохила мегӯяд, теъдоди осебдидагон ба 123 тан расидааст.

"Имрӯз дар наворҳо гумонбар пайдо шудааст, аммо ҳоло ин аниқ нест. Мо ин ҷавонро ҷустуҷӯ дорем",- иттилоъ медиҳад оҷонсӣ бо такя ба суханони сарвазир.

Нахуствазир афзуд, шояд ин ҷавон узви "гурӯҳи зиддиҳукуматӣ аст, ки дар шимолу шарқи Тайланд таъсис ёфтааст".

Таркиш дар назди як макони муқаддаси ҳиндуҳо дар Бангкок, пойтахти Таиланд, дастикам 21 кушта ва ҳудуди 123 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҳанӯз касе масъулияти таркиш дар мазори Эраванро, ки дар як маркази Бангкок дар атрофи меҳмонсароҳои пуршукӯҳ воқеъ мебошад, бар дӯш нагирифтааст.

Бар асари инфиҷори рӯзи душанбе дар ин маҳалла чор табааи хориҷӣ: се шаҳрванди Чин ва як шаҳрванди Филиппин низ ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи маълумоти пулиси Тайланд ва вазорати варзишу ҷаҳонгардии ин кишвар миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Русия нестанд.

6
Барчаспҳо:
суханони нахуствазир, ҳалокати 21 нафар, инфиҷор, таркиш дар маркази пойтахти Тайланд, нахуствазири Тайланд, Прают Чан-Оча, Филиппин, вилояти Саратови Русия, Чин, Бангкок, Тайланд
Участие Рустама Эмомали в XIII пленарного заседания Парламентской Ассамблеи Организации Договора о коллективной безопасности (ПА ОДКБ)

Рустами Эмомалӣ бо дигар аъзоёни СААД амнияти минтақаро баррасӣ кард: пешниҳодаш қабул шуд

4
Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаласаи Шӯро ва Ҷаласаи 13-уми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ширкат ва суханронӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО, дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон дар идомаи ҷаласа лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои созмон, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ дар ҷаласа бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод кардаст, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Тоҷикистон доир карда шавад.

“Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон зимни ҷаласа таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террорист аз ҷониби Вячеслав Володин, роҳбари Думаи давлатии Русия садо додааст.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Номбурда гуфтааст, таҳияи феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ имконият медиҳад, ки ба ҷинояткории байналмилалӣ муборизаи самаранок бурда шавад.

“Аз ҳама муҳим, мо холигии ҳуқуқиро бартараф мекунем, вақте созмон, ки дар як кишвари СААД террористӣ эътироф шудааст, метавонист дар қаламрави кишвари дигар озодона фаъолият кунад”, - изҳор дошт Володин.

Ӯ илова намуд, ки ба ҳамин восита хадамоти махсуси кишварҳои узв метавонанд ҳамкориро ба сатҳи нисбатан баланд бардоранд.

4
Барчаспҳо:
қонунгузорӣ, мудофиа, амният, суханронӣ, ширкат, СААД, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Мороз, архивное фото

Пешгӯии сардии шадид дар Русия

130
(Таҷдидшуда 14:24 30.11.2020)
Ҳавошиносон дар бархе аз навоҳии Русия сардии шадидро пешгӯӣ карданд, ки ҳарорати ҳаво то 25 дараҷа сард мешавад

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Сардии шадид ҳафтаи равон дар бархе аз минтақаҳои қисмати аврупоии Русия дар назар аст, изҳор дошт роҳбари илмии Маркази обуҳавошиносии Русия.

"Хунукӣ ҷанубу шарқи қисмати аврупоии Русияро фаро мегирад. Дар вилоятҳои Астрахан, Волгоград, Саратов, Самара, дар ҷумҳуриҳои Бошқирдистону Тотористон сард хоҳад шуд", - изҳор дошт манбаъ.

Ӯ илова намуд, ки ҳавои сард инчунин Екатеринбург, Оренбург, Курган, Новосибирск, Омск ва Томскро фаро хоҳад гирифт.  Ҳароратсанҷ дар ин минтақаҳо то 20-25 дараҷа сардиро нишон хоҳад дод.

Бар асоси мушоҳидаҳои бисёрсола, нишондиҳандаи мазкур дар қиёс бо нишондиҳандаҳои муқаррарӣ 5-10 дараҷа поинтар мебошанд.

Аз ҳама хунук охири ҳафтаи оянда хоҳад шуд. Дар ин марҳила дар қисмати аврупоии Русия ҳарорати ҳаво ба 16 дараҷа ва дар вилоятҳои Свердлову Омск ба 20 дараҷа сардӣ мерасад.

Пешгӯии ҳавошиносон барои зимистони оянда дар Русия

Инчунин зикр шудааст, ки дар Маскав низ ҳарорати ҳаво миёнаи ҳафта каме сардтар хоҳад шуд. Ҳарорат шабона то -12 дараҷа ва рӯзона то -5-7 дараҷа хоҳад шуд.

130
Барчаспҳо:
борони шадид, сардӣ, Русия