Низомиёни Горди миллӣ ва кормандони пулис. Акс аз бойгонӣ

Инфиҷор дар Қоҳира: 8 нафар ҷароҳат бардоштанд

11
(Таҷдидшуда 09:13 20.08.2015)
Субҳи рӯзи панҷшанбе дар наздикии шаҳри Қоҳира маводи мунфаҷира, ки дар дохили худрав насб гардида буд, таркид. Бар асари таркиш чанд тан осеб диданд, ки миёни онҳо кормандони пулис низ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Теъдоди ҷабрдидагон дар амалиёти террористии Қоҳира, пойтахти давлати Миср ба 8 нафар расид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

Қаблан дар мавриди панҷ осебдида хабар дода буданд.

Таркиш субҳи рӯзи панҷшанбе дар наздикии шаҳри Қоҳира, начандон дуртар аз бинои раёсати амнияти Миср ва додгоҳи кишвар рух дод. Тибқи фарзияҳои пешакӣ, маводи мунфаҷира дар дохили як худрав ба кор даромадааст.

Расонаҳои хабарӣ менависанд, куллияи захмбардоштагон ба бемористонҳо интиқол ёфта, таҳти муроқабати пизишкон қарор доранд. Миёни онҳо кормандони пулис низ ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир ҳеч як аз созмонҳои ифротии минтақа масъулияти таркишро ба зимма нагирифтааст, таҳқиқоти қазия бошад аз ҷониби мақомоти интизомӣ идома дорад.  

11
Барчаспҳо:
пулисҳо захм бардоштанд, инфиҷори худрав, 8 нафар осеб диданд, таркиш дар наздикии пойтахти Миср, додгоҳи Миср, раёсати амнияти Қоҳира, пулиси Миср, Қоҳира, Миср
Автомобиль опрокинулся в реку Фондарё

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма": худрав ба дарёи "Ғунд" чаппа шуд

2457
(Таҷдидшуда 15:51 28.10.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садмаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе - Хоруғ - Қулма" хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, садама бегоҳи 27-уми октябррух додааст.

Тибқи иттилои ВКД, ронандаи худрави тамғаи "Чанху", Мардонов Ховар Навбаҳорович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма", аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи "Ғунд" чаппа шудааст.

Марги ду сокини Чорсӯ дар садамаи мудҳиши нақлиётӣ: яке ронанда буду дигараш мусофир

Гуфта мешавад, ки садама дар ҳудуди деҳаи Боғев ба вуқӯъ пайвастааст.

"Дар натиҷа, ронанда Мардонов Х.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Боз садама дар тӯй: мошин бо домоди тоҷику арӯсаш ба истгоҳ бархӯрда, чаппа шуд

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

2457
Барчаспҳо:
ҳалокат, садама, Тоҷикистон
Подростки

Бо корд ҳамла кардани ноболиғ ба хонандагони синфи 10: пулис волидонро ҷарима кард- навор

770
(Таҷдидшуда 16:37 27.10.2020)
Ҷавони 17 - сола бо ҳамроҳии ду дӯсти дигараш барои ҳал кардани нофаҳмиҳо миёни ӯ ва хонандагони синфи 10, мактаби № 92, ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе омада, бо корд ба онҳо таҳдид кард

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Навори муноқишаи ду гурӯҳ ҷавонону ноболиғон дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби раҳгузаре сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. 

Зимнан, кормандони милитсияи пойтахт навори мазкуро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин навор навраси 17 - сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи курси 2 - и Литсеи касбӣ - политехникӣ бо ҳамроҳии ду нафар рафиқони худ, яке ҷавони 19 - сола, дигаре ҷавони 15 - сола ба хотири қасдгирӣ аз хонандагони синфи 10 - и МТМУ № 92 дар ноҳияи Сино, онҳоро ба муноқиша даъват кардаанд.

Вазорати маорифи ҶТ омӯзгореро, ки бо донишомӯз задухӯрд карда буд, танбеҳ дод

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи мазкур рӯзи 25 октябр рух додааст. Чаҳор нафар хонандагони синфи 10 - и муассисаи мазкур ба хотири ба қавле ҳал намудани нофаҳмиҳои ба миён омада, ба макони муайяншуда рафтаанд.

Дар навор ҷавони 17 - сола бо корд ба хонандаҳо таҳдид намудааст, ки дар натиҷа, ҳамаи онҳо пароканда шуданд.

РВУД дар шаҳри Душанбе таъкид мекунад, ки нисбати волидайни ноболиғон бо моддаи 90 - Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои бемасъулиятӣ ва ҳунукназарӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Волидони кӯдакон ҷаримабандӣ ва худи онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

770
Барчаспҳо:
ноболиғ, ҳамла, корд, Душанбе
День 29 октября

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:28 28.10.2020)
Рӯзи 29 октябри соли 2019 рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна, рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст) ва рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон мебошад

Рӯзи 29 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар Русия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон - "Ермак" ба истифода дода шуд.

День 28 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.

Соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото
Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2006 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Тоҷикистон боздид кард.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото

Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

День 27 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, имзо кард.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Роғун бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Роғун" барпо шуд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон
© Sputnik / Амир Исаев
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Соли 2019 беш аз 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ баромаданд.

Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд
акс аз Sputnik Тоҷикистон
Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ кард.

Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова
© Sputnik / Амир Исаев
Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова узви Маркази интихот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Махфират Хидирзода
© Sputnik Махпора Киромова
Махфират Хидирзода

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.
  • Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
  • Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1929-1993 нависанда Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.

Соли 1950 Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ.

Соли 1958 доктори илмҳои иқтисодӣ Ихтиёр Ашуров.

Соли 1963 сароянда Раъно Абдуллоева.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон